JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Марти 2018 03:56

Эълони маҳфили «ҶАҲОНИ АНДЕША»: Мавзӯи баҳс: «Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагароӣ»

Муаллиф:

 ЭЪЛОНИ «ҶАҲОНИ АНДЕША»

 Ба диққати донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Ҷаҳони андеша» фаъолияти худро идома медиҳад.

Мавзўи баҳс: «Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагароӣ»

Гузоришгар: Бобохонов Раҳимбек Сарҳадбекович –ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти тамаддунӣ ва минтақавии Институти Африқои Академияи илмҳои Федератсияи Россия, мушовири пешбари илмии Институти шарқшиносии АИФР, муаррих, мардумшинос, исломшинос ва шарқшинос, доктори илмҳои таърих, профессор.

 Таърих: 13-уми марти соли 2018, соати 1400 (рӯзи сешанбе)

 Макон: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори АИ ҶТ, ошёнаи 2.

 Иштирок дар маҳфил озод аст.

Хондан 1471 маротиба