JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:37

Аз равғангирии ҷигар эҳтиёт шавед!

Муаллиф:

   Равғангирии ҷигар дар натиҷаи камҳаракатӣ, реҷаи ғизоии номуносиб, истеъмоли машруб ва мухаддирот, истифода аз фастфуд ба вуҷуд меояд ва рушди афзояндаи падидаи фарбеҳӣ дар дунёст.

   Равған гирифтани ҷигар оризаест, ки ба далели шеваи зиндагии камтаҳаррук, масрафи ғизоҳои равғанӣ, ширин ва серғизо ба вуҷуд меояд ва муҳаққиқон пешбинӣ мекунанд, ки ин ориза то чанд соли оянда ба як таҳдиди ҷиддӣ барои саломатии ҷигар табдил мешавад. Вуҷуди чарбӣ дар ҷигар табиӣ аст, вале замоне ки ин мизон афзоиш ёбад, яъне беш аз 5 то 10 дарсад аз вазни ҷигар ба вуҷуд меояд.

 

   Ин беморӣ дар марҳилаҳои аввалия ҳеч аломати хосе надорад ва бо гузашти замону пешрафти беморӣ аломатҳое монанди эҳсоси хастагӣ, коҳиши вазну иштиҳо, зард шудани пӯст, заъф, сардаргумӣ ва ихтилоли ҳофиза дар бемор дида мешавад. Бузург шудани ҷигар, эҳсоси дард дар марказу қисмати рости шикам ва тира шудани пӯсти гардану зери бағал ё мушоҳидаи лаккаҳои тира бархе аз аломатҳои дигари ҷигари равғангирифта мебошанд.

    Ҷигар яке аз узвҳои бузурги самти рости шикам аст, ки ҳудуди 1.36 килограмм вазн дорад. Муҳимтарин вазифаи ҷигар филтер кардани хуне аст, ки аз дастгоҳи ҳозима вориди он мешавад ва қарор аст, дар саросари бадан ҷараён ёбад. Тамоми маводи заҳролуд ва зараровари хун дар ҷигар ҷудо мешавад ва қарор аст, дар саросари бадан ҷараён ёбад. Тамоми маводи заҳролуд ва зараровари хун дар ҷигар ҷудо мешавад. Ҷигар бо тавлид сафро (зардоб) чарбии ғизоро ҷудо карда, онро табдил ба энержӣ медиҳад. Захира қанди бадан, тавлиду синтези унсурҳои муҳими плазмаии хун, захираи бархе аз маводи мағзӣ, аз ҷумлаи витамину оҳан, аз заҳр пок кардан, танзими ҳормонҳо, синтези протеин, ҳазми ғизо ва таҷзияи селлулҳоии сурхи хун низ аз муҳимтарин вазифаҳои ҷигар ба шумор меравад. 

Газетаи Миллат №17(552) 4.05.2016

Хондан 4336 маротиба