JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Душанбе, 17 Июни 2019 10:02

Масъулияти муҳимми мудирият

Муаллиф:
 Яке аз душвортарин вазифаҳои мудирият роҳбарӣ ба шумор меравад. Вақте дар ин боб суҳбат меравад, ҳунари мудириятро аз мушкилтарин бахшҳои вазифаӣ муаррифӣ менамоянд. Мудирият дар асл ду вазифаи масъулиятро бар дӯш дорад: Аввалан, тайёр ва ҷобаҷогузории масъулон дар лоиҳаи мушаххаси илмӣ, воҳидҳои идорӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ; Дувум, муайян намудани вазифаҳои масъул ва мушаххас сохтани меъёрҳо ба он, дастуруламалҳо ва эҷоди робита байни воҳидҳои идорӣ, ки дар ҷараёни фаъолият матлуб ва муҳим дониста мешавад.
Дар мақола қонуниятҳои рушди инноватсия дар ҷомеа ва иқтисодиёт, муҳит ва шароитҳои пайдоиши ғояҳои иноватсионӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Ҳодисоту равандҳои иқтисодӣ аз нигоҳи илми когнитивӣ тавсиф дода шуда ва онҳоро ҳамчун ҳаракати ғоя, ки дар «воқеият» табдил ёфтааст, барасӣ гардидааст. Нақши ниҳодҳои иҷтимоиву иқтисодро дар ҷоригардии инноватсия, ҳамзамон дар ташаккули низоми краетивии иқтисодиёт ва ҷомеа, ки итилоъро тавлид менамояд, табдил медиҳад ва нигоҳ медорад, асоснок карда шудааст. Механизми таъсири итиҳодияҳои касбӣ ва нақши менеҷерҳо ба равандҳои инноватсиионӣ низ таҳқиқ гардидааст.
Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи иқтисоди сабз вирди забони олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва ҳоказо мечархад. Консепсияи иқтисоди сабз ғояҳои мухталифи улуми иқтисод ва фалсафа, аз ҷумла иқтисоди феминистӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист, постмодернистӣ, зиддиистеъмолот, муқобил ба ҷаҳонишавӣ, анархияи сабз, сиёсати сабз ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро дарбар мегирад. Ҳамин аст, ки барои амиқан ифода кардани иқтисоди сабз то ҳанӯз фаҳмиши ягонаю умумӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, назарияи иқтисоди сабз аз се аксиома - 1) васеъ намудани майдони таъсир дар фазои маҳдуд ғайриимкон аст; 2) афзоиши бемеъёри талаботҳои қонеъкунанда дар шароити маҳдуди захиравӣ ногузир аст ва 3) ҳам чизҳо дар сатҳи Замин бо ҳам алоқаманданд, асос ёфтааст.