JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Муҳтаво. Нақши соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат шарҳ ва таҳлил карда шудааст. Асосан ба паҳлӯҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамчун омили асосии пешрафти он ба ҳисоб меравад, диққати махсус дода шудааст. Инчунин соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ё бозори сайёҳӣ ва даромад аз ин соҳа бо дигар давлатҳои пешрафта муқоиса ва баррасӣ карда шудааст. Вобаста ба пешбурд ва дурнамои соҳибкории сайёҳӣ дар мамлакатамон пешниҳодҳои муфид тавсия дода шудааст.
Душанбе, 18 Апрели 2022 11:30

Дар ҷустуҷӯи омилҳои рушд

Муаллиф:
(Мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи китоби Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд:решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр”) Рушду шукуфоии мамлакат ва дар заминаи он баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум, орзуи ҳамешагии ҳар як давлатмард ва пажуҳишгар мебошад. Ин мавзуъ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиши бештар қарор гирифт ва то имрӯз китобу мақолаҳои илмии зиёде дар бораи ин ки чаро баъзе кишварҳо дар пайраҳаи рушд қарор гирифта, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони муосир пайдо мекунанд, вале кишварҳои зиёди дигар шикаст мехӯранд, таълиф шудаанд. Китоби олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд: решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр” аз ҷумлаи онҳост (муфассал таваҷҷуҳ шавад: Daron Acemoglu and James A. Robinson, “Why Nations Fail: The Origins of Power, Prosperity, and Poverty”, Crown Publishers, USA, 2012, 544 p)..
Ҳангоми омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои пешрафта, ҷиҳати истифода аз он дар амалисозии ҳадафҳои рушди худ, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онҳо маълумоти зиёдеро дода метавонанд. Дар воқеъ, ҳама назару гипотезаҳо дар омӯзиши рушди иқтисоди як кишвар ба далелу рақамҳо ниёз доранд. Агар як кишварро пешрафта меномем, ҳатман нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем, то барои иддаои худ далели рақамӣ дошта бошем. Пеш аз омӯзиши моделҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба баррасии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зарурат дорем. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи мазкур чӣ тағйироте доштанд ва ба кадом самт ҳаракат мекарданд? Суръати рушди иқтисодии ин кишварҳоро аз рӯйи додаҳои таърихӣ дида, муайян карда метавонем, ки модели иқтисодии кадом кишвари ин минтақа бояд омӯхта кадоме аз онҳо сарфи назар шавад.