JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Душанбе, 07 Майи 2018 13:39

Айнӣ ва мунавварфикрӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нозим Нуров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Айнӣ ва мунавварфикрӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.

  Шеър, қабл аз ҳама, ба ангезиш додани зеҳн, эҳсосу авотиф, такон додани ҷомеа ва бад-ин васила бедор кардани равони хоболуди инсонӣ сари кор мегирад. Шоир ҳама умр талош мекунад, ки ба воситаи шеър ҷомеаро бедору ҳушёр намояд ва ба роҳи худҷӯшӣ ва худсозӣ ҳидоят кунад. Дар ин масири мушкилписанд шоир чашми худро мебандад, то чашми дигарон боз шавад.

 

 Аз бозе ки инсон худро дар баробари ҳастӣ ва мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ шинохт, бо фарҳанг сари кор гирифт ва онро ба сифати ҳастаи муносибатҳо ва меъёри шинохти табиат, ҷамъият ва кайҳон пазируфт. Зимнан, агар инсон дар муҳити биологӣ ба арсаи вуҷуд қадам ниҳода бошад, бо фарҳанг ба фазои сохтану офариш ворид гардид ва олами пешорӯйи худро аз нав тавлиду бозсозӣ кард. Бар ин мазмун, фарҳанг маҷмӯаи дастовардҳои моддию маънавии инсон дар тӯли таърих аст ва раванди таъсироти мақсаднок ва ҳадафманди инсон ва ҷомеаи инсониро ба табиат дар идомати ҳастӣ талаққӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки комплекси илму донишҳо, бинишу ҷаҳонфаҳмиҳо, фаросату фазилатҳо, ибтикороту ташаббусҳо ва иқдомоту роҳкорҳои инсонӣ, ки бар таҳаввулоту тараққиёт сабаб мегарданд, фарҳанг номида мешаванд.