JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 08 Июни 2018 04:55

Ислоҳоти Мейҷӣ дар Ҷопон-намуна барои кишварҳои рӯ ба рушд

Муаллиф:

 Пешгуфтор

  Аз замоне ки инсоният низоми давлатдориро ба роҳ монд, миллатҳои соҳибдавлат таҷрибаи кишварҳои хориҷиро барои ба роҳ мондан ва такмил додани умури сиёсиву муносибатҳои тиҷоративу фарҳангии худ мавриди омӯзиш қарор медоданд. Дар ин росто, аксаран кишварҳои аз ҷиҳати ҳарбиву иқтисодӣ қавӣ кишварҳои дигарро меомӯхтанд ва дар асоси донишҳои андухтаашон тасмим мегирифтанд. Дертар ин ҳама омӯзишҳо барои мустамлика сохтани кишварҳои Шарқу Африқо низ гузаронида мешуд. Барои аз худ кардани сарватҳои табиии дигар кишварҳо ва дарёфти бозор ҷиҳати фурӯши маҳсулоти саноатии худ кишварҳои пешрафта сараввал кишварҳои мавриди назари худро меомӯхтанд ва баъд ҳадафҳои худро амалӣ мекарданд.

  Дар замони муосир муҳимияти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар беш аз пеш афзудааст. Имрӯз муносибатҳои мутақобилаи фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ миёни кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда шудааст ва ин омӯзишҳо роҳҳои мувофиқро барои такомул додани муносибат дар байни давлатҳо ва миллатҳои гуногун фароҳам меоварад. Кишварҳои қавӣ ва тараққикарда кишварҳои дигарро барои бозорёбӣ, захираҳои табиии онҳо ва барои рушди туризм меомӯзанд. Кишварҳои рӯ ба инкишоф, дар баробари ин масъалаҳо, моделҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои пешрафтаро меомӯзанд, то аз таҷрибаи онҳо истифода карда, давлату миллати худро ба роҳи рушду шукуфоии устувор дароваранд. Ин мавзӯъ барои кишварҳои рӯ ба рушд, ки мехоҳанд кишвари худро дар баробари ҷаҳони мутараққӣ бубинанд, аҳамияти махсус дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи ин кишварҳост, ки омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва истифодаи он дар рушду пешрафти мамлакат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила судманд бо ин кишварҳо дар шароити имрӯза барои мо шарт ва зарур аст.

  Омӯзиши давраи Мейҷии Ҷопон (1868-1912) аз он ҷиҳат барои мо муҳим аст, ки маҳз дар ин давра Ҷопон аз низоми феодалӣ ва иқтисоди кишоварзии ақибмонда ба низоми сармоядорӣ ва иқтисоди саноатӣ гузашт. Дар ин замон ин кишвар аз давлатҳои мутараққии Ғарб ақиб монда, мавриди фишори онҳо қарор мегирифт ва таҳти таҳдиду фишорҳо шартномаҳои барои худ зиёноварро бо ин кишварҳо баста буд. Ҷангҳои дохилӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ зиёд ба назар мерасид. Ислоҳоте, ки ҳукумати Мейҷӣ ба роҳ монд, на танҳо ба ҷангҳои дохилӣ хотима дода, баробарии иҷтимоиро таъмин кард, балки Ҷопонро аз иқтисоди кишоварзӣ ба саноатӣ расонида, дар баробари кишварҳои тараққикардаи замонаш қарор дод. “Дар давоми умри як насл, Ҷопон ба аҳдофи худ расида, дар раванди он кулли ҷомеаи худро тағйир дод. Дигаргуншавии дохилии Ҷопон бо суръату энерҷии зиёд ва ҳамдастии мардумаш сурат гирифт. Муваффақияти Ҷопон дар модернизатсия таваҷҷуҳи зиёди дигаронро ба худ ҷалб кард, ки чаро ва чӣ гуна ин кишвар имкон ёфт, то дар ин муддати кӯтоҳ институтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ғарбиро дар худ ҷорӣ кунад?”[1].Таъсиру фишоре, ки ба Ҷопони асри XIX аз тарафи кишварҳои мустамликадор мерасид, имрӯз ба Тоҷикистон ҳам тариқи мавҷи глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ расида истодааст. Ҷопон тавонист аз ин мавҷи таъсирҳои беруна истифодаи дуруст кунад ва Тоҷикистон ҳам, ҷуз ин, роҳи дигар надорад. Ҷомеаи мо ниёз ба боздиди арзишҳои худро дорад ва таҷрибаи Ҷопон, ки бо аз худ кардани арзишҳои нав ҳувияти худро аз даст надод, метавонад намунаи хубе барои аксари кишварҳои рӯ ба инкишоф бошад.

  Сабаби интихоби ин мавзӯъ он аст, ки тақдири Тоҷикистони мустақил низ то дараҷае бо Ҷопони Мейҷӣ ҳамгун аст. Кишвари мо ҳам мавриди фишорҳои хориҷӣ қарор дошт ва дорад, ҷанги дохилӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ вуҷуд дошт, ки гурӯҳҳои ҷинояткор сарвати миллиро ғайриқонунӣ аз худ мекарданд. Ҳамчунин ба монанди давраҳои аввали ҳукумати Мейҷӣ иқтисоди мо ҳам кишоварзӣ аст. Имрӯз мақсади асосии Ҳукумат ва тими иқтисодии он саноатикунонии иқтисодиёт мебошад ва ин ҳамон ҳадафест, ки Ҳукумати Мейҷӣ дар Ҷопон дунбол мекард. Муваффақияти Ҷопони Мейҷӣ дар ҷодаи ислоҳот, ки решаи иқтисоди пешрафтаи Ҷопони имрӯза аст, ҳар як кишвари дигари  рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистонро водор мекунад, то таърихи онро омӯзад ва аз таҷрибаи онҳо баҳри тақвияти иқтисодии худ истифода кунад.

  Омӯзиши роҳу усулҳои ислоҳоти муваффақонаи Ҳукумати Мейҷӣ ва муайян кардани ҷанбаҳое, ки дар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон онҳоро истифода бурдан имконпазир аст, аз ҷумлаи ҳадафҳои мақолаи мазкур мебошад.

 Вазъияти сиёсиву иқтисодии Ҷопон дар остонаи ба вуҷуд омадани Ҳукумати Мейҷӣ

  Дар ҳоле ки ҳанӯз аз асри XVII кишварҳои Аврупо ислоҳоти амиқи сиёсӣ, эътиқодӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро оғоз карданд ва онро “Асри равшангарӣ” унвон ниҳодаанд, Ҷопон гирифтори низоми феодалие буд, ки дар он самурайҳо раҳбарӣ мекарданд. Ин давра дар таърихи Ҷопон давраи Эдо ном дорад. Пойтахти давлати Эдо Токио буд ва онро Иэюсу Токугава асос гузошта буд. Шоҳ дар идораи давлат иштирок надошт ва танҳо мақоми расмиро дошт. Ҳукумати Эдо аз солҳои 1603 то 1867 идома дошт ва дар натиҷа Ҷопон аз кишварҳои дигари пешсафи ҷаҳонӣ ақиб монда, на аз ҷиҳати ҳарбӣ ва на иқтисодӣ бо онҳо рақобат карда наметавонист. Барои гурехтан аз таъсири кишварҳои мустамликадори Ғарб Ҳукумати Эдо дарҳои кишварашро ба рӯйи онҳо баста ва Ҷопон ба як кишвари ақибмондаи пӯшида табдил ёфта буд. Албатта, ақибмондагии он нисбат ба кишварҳои рушдкардаи Ғарб буд, на нисбат ба кишварҳои ақибмондаи Шарқ ва Африқо. Давраи Эдо рушди иқтисодии нисбӣ дошт, ки дар натиҷаи садсолаҳои инкишоф ба даст омада буд. Соҳаи кишоварзӣ, савдо ва косибӣ мунтазам рушд мекард, вале суръати рушд кам буд ва бо кишварҳои Ғарб баробар шуда наметавонист. Ниёз барои ислоҳоти ҷиддӣ ба вуҷуд омада буд.

  Моҳи июли соли 1853 ду киштии ҳарбии ИМА бо сарварии капитан Метю С. Перрӣ ба соҳили Ҷопон омада, аз Ҳукумати Эдои Ҷопон талаб мекунад, то дарҳои бозори Ҷопонро барои тиҷорат бо ИМА кушояд. Баъди муқоисаи қувваҳои худ бо рақиб ҳукумати Ҷопон ба хулосае меояд, ки қувваҳо нобаробаранд ва саранҷом соли 1854 бо ИМА шартномаи тиҷоратӣ баста, бозори худро ба рӯйи тоҷирони амрикоӣ мекушояд. Ин шартномаи нангин боиси он шуд, ки дигар кишварҳои мутараққии Ғарб ҳам Ҷопонро маҷбур карданд, то бо онҳо ҳам чунин шартномаҳо имзо кунад. Тибқи ин шартномаҳо,  на танҳо дарҳои бозорҳо ба рӯйи хориҷиён кушода мешуд, балки ба онҳо имкон медод, то аз ҷавобгарӣ дар назди додгоҳи Ҷопон озод бошанд ва ҳатто тарифҳои гумрукии Ҷопонро хориҷиён муайян кунанд.

  Ин фишори аҷнабиён ва шартномаҳои нобаробари таҳқиромез мардумро ба ғазаб оварда буд ва онҳо аз ҳукумат талаб мекарданд, то хориҷиёнро бадарға кунад. Аммо Ҳукумати Эдо дар баробари қувваи ҳарбии хориҷиён нотавон буд. Гурӯҳҳои алоҳида бо хориҷиён бархӯрд мекарданд ва онҳоро мекуштанд, аммо ин вазъиятро дигар карда наметавонист. Саранҷом давраи ҳукумати самурайҳо ба анҷом расид ва дар охири соли 1867 ҳукумати Эдо аз байн рафт. Дар оғози соли 1868 императори 16 -солаи Ҷопон Мутсуҳито (Mutsuhito) ҳукуматро ба даст гирифта, номи ҳукумати худро Мейҷӣ (Meiji) ниҳод, ки маънои он “идораи хирадмандона” ё “идораи равшанфикрона” мебошад. 

Ҳукумати Мейҷӣ: сохтори идорӣ ва аҳдофи он

  Ҳангоме ки императори 16 -сола дар соли 1868 қудратро ба дасти худ гирифт, Ҷопон як кишвари феодалӣ ва кишоварзии ақибмондае буд, ки зери фишори абарқудратҳои давр қисме аз мухторияти худро аз даст дода буд. Аз ҷумла тарифҳои гумрукиашро хориҷиён муайян мекарданд ва додгоҳ наметавонист ҷинояткорони аҷнабиро ба ҷавобгарӣ кашад. Императори ҷавон бо ҳалқаи мушовирони ватандӯсташ бо ҳадафи баровардани Ҷопон аз ин вазъияти нангин ва баробар кардани кишвар бо абарқудратҳо ба фаъолият оғоз кард. Аз худ кардани дониш ва технологияи Аврупо, маорифи ҳатмии саросарӣ, низоми бонкдорӣ ва андозбандии нав, сохтори нави низомӣ ва иштирок дар тасмимгириҳо дар масъалаҳои умумиҷаҳонӣ аз аҳдофи аслии ҳукумати нав ба ҳисоб мерафт. Азхудгузаштагии император ва дар маҷмӯъ, ҳама мушовирон, низомиён, кишоварзон ва умуман, аксари мардуми Ҷопон баҳри сохтани кишвари бузург омили аслӣ ва ҳалкунандае буд, ки кафолати расидан ба ин ҳадафҳоро медод.

  “Собиқ самурайҳое, ки дар ҳукумати нав фаъолият мекарданд, ба роҳ мондани ҳукумати конститутсиониро барои расидан ба ин аҳдоф бисёр зарурӣ мешумориданд. Агар Ҷопон мехоҳад ба таври кофӣ кишвари қавӣ ва сарватманд бошад, ки тавонад бо абарқудратҳои Ғарб рақобат кунад, ҳатман бояд ба ҳамин роҳ равад. Ҳамин буд, ки онҳо ҳама қувваи худро барои сохтани чунин давлат сафарбар карда буданд”.[2]

  Аз рӯзи аввали ташкили Ҳукумати Мейҷӣ императори ҷавон ба мушовирони таҷаддудгарои худ озодии васеи фаъолият дод. Таҳти раҳбарии ин мушовирони ватандӯст ва хирадпеша, олимон ва сиёсатмадорони ҷавон ба кишварҳои Ғарб барои омӯзиши низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин қитъаи пешрафта равон карда мешуданд. Онҳо дар навбати худ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медоданд, то ҳарчи Ғарб медонад, бидонанд ва онро баргашта дар ватани худ амалӣ кунанд. Ҳукумати Мейҷӣ дар навбати худ, ҳар як пешниҳод ё ташаббуси онҳоро дастгирӣ ва амалӣ мекард. “Император 6 апрели соли 1868 “Савганди маншур”-и худро нашр кард, ки дар он ба мардум ваъда медод, анҷуманҳо барои муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои умумидавлатӣ ташкил карда мешаванд ва расму оини зиёновар ва пӯсидаи феодалии гузашта мамнуъ хоҳад шуд”.[3]

  Албатта, дар ин миён норозиёни суннатгаро ҳам буданд, ки барои ислоҳоти куллӣ монеа эҷод мекарданд. Аз як ҷониб, қисме аз самурайҳо омода набуданд аз баҳри манфиатҳои худ гузаранд ва манфиатҳои ватану обрӯйи миллати хешро дар мадди аввал гузоранд. Аз ҷониби дигар, мардуми оддӣ ҳам то дараҷае суннатгаро буд ва намехост фарзандони худро ба мактабҳои нав равон кунад. Онҳо фикр мекарданд дар ин мактабҳои нав, ки сохти аврупоӣ доштанд, фарзандонашон беҳувият мегарданд ва гузашта аз ин, онҳо фарзандонашонро дар корҳои хоҷагӣ истифода мебурданд ва намехостанд аз ин қувваи корӣ маҳрум шаванд. Аммо ҳукумати нав дар роҳи ислоҳоти куллӣ ҷиддӣ буд. Ҳамин тариқ, самурайҳои норозиро, ки дар соли 1877 даври ҳам омада исён карданд, шикаст дод ва ин монеаро бартараф кард. Маорифи сартосариро маҷбуран ба роҳ монд ва мардум, аз ҷумла кишоварзон, ки аксарият буданд, маҷбур буданд фарзандонашонро ба мактабҳо фиристанд.

  Ислоҳоти сиёсӣ ва идорие, ки дар ин давра анҷом дода шуд, муваффақона ва заминасози рушди иқтисодиву фарҳангии минбаъдаи Ҷопон буд. Таҷрибаи Аврупоро омӯхта, ҷопониҳо дар соли 1889 сарқонуни худро қабул карданд ва Ҷопонро ба давлати парлумонӣ табдил доданд. Нақши император дар он рамзӣ шуд, ки то кунун ҳамчунон боқӣ мондааст. Албатта, таҷрибаи супоридани ҳукумати иҷроия ба дигар қувваҳо дар низоми шоҳигарии Ҷопон вуҷуд дошт ва ин нав набуд. Аммо омодагии императори ҷавон барои ислоҳоти куллие, ки оқибат қудрати воқеиро бо ихтиёри худ ба дасти дигарон (парлумон) медиҳад, падидаи нодирест дар кишварҳои Шарқ. Шоҳи Чин, ҳамсояи наздики онҳо, чунин омодагиро надошт. Дар он шабу рӯз ӯ ба бозичаи дасти манфиатҷӯёни дарборӣ табдил ёфта, рӯз то рӯз кишвараш пора шудан мегирифт, аммо Ҷопон бо саривақт ислоҳот гузаронидан аз кишвари ақибмонда ба кишвари бузурги колониалӣ табдил ёфт. Камбудӣ дар он буд, ки дар ин сол танҳо як дар сади сарватманди аҳолӣ ҳуқуқи овоздиҳиро дошт, баъдан дар соли 1925 ҳама мардон ин ҳуқуқро ба даст оварданд. Ба занҳо дар соли 1945 ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

  “Сарқонуни 1889 кори дасти Ито Ҳиробумӣ буд, ки дар Аврупо таҳсил карда буд”.[4] Қишри зиёӣ ва гурӯҳҳои сиёсӣ аз аввал талаби ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани сарқонуни навро мекарданд. Вале раҳбарон шитоб намекарданд ва бар ин андеша буданд, ки нахуст бояд аҳолӣ омода бошад ва баъдан интихоб сари низоми демократияи Бритониёӣ ва монархияи конститутсионии Олмон осон набуд. Зиёиён ва сиёсатмадорони прогрессив ҷонибдори низоми Британия буданд, вале ҳукумат модели Олмониро мехост. “Онҳо бар ин буданд, ки озодиҳои зиёд додан ба мардуме, ки омода нест,  боиси хушунат ва бесарусомониҳо мегардад”.[5] Онҳо инқилоби Фаронсаро барои ин иддаояшон мисол меоварданд. “Омура Масаҷиро - сардори Департаменти ҷанг дар он замон бар ин бовар буд, ки ҳукумат, пеш аз ҳама, бояд тартиботи дохилиро таъмин кунад ва вақте ин ба даст омад, қудратҳои Ғарб маҷбур мешаванд Ҷопонро ҳамчун қудрат бишносанд ва ҳамин тариқ, шартномаҳои таҳқиромез ва нобаробари худро бо Ҷопон бознигарӣ кунанд”.[6] Равшанфикрони ҷопонии он давра ислоҳоти фикрии ҷомеаи худро аз ҳама муҳимтар мешумориданд. Нахуст тафаккури аҳолиро ислоҳ бояд кард ва баъдан ислоҳоти дигар имконпазир хоҳад шуд. Ин назарҳои онҳо ҳоло ҳам кӯҳна нашудаанд ва ҳоло ҳам барои кишварҳои рӯ ба инкишоф  муҳиманд.

 Рушди илму маориф ва аз худ кардани технологияҳои Ғарб

  “Ҳукумати Мейҷӣ низоми маорифи худро аввал дар асоси низоми маорифи Фаронса ва баъдтар дар асоси низоми маорифи Олмон ба роҳ монд. Дар миёни ислоҳотҳои онҳо аз ҳама назаррас ва давомнок ба роҳ мондани маорифи ҳатмӣ буд”.[7] Дар раванди омӯзиши наврасон ва ҷавонон донишомӯзони болаёқат муайян карда шуда, ҳавасманд карда мешуданд ва аз донишу маҳорати онҳо дар раванди ислоҳотгузаронӣ истифодаи зиёд мешуд. Дар воқеъ муваффақияти Ҷопон бештар натиҷаи тақвияти зеҳнии аҳолияш буд, ки ҳукумати Мейҷӣ аз аввали мавҷудияти худ, новобаста аз монеаҳои молиявӣ низоми маорифи ҳатмиро ҷорӣ карда буд.

  Барои бо суръати баланд боло бурдани дониши аҳолӣ ва аз худ кардани технологияҳои пешрафтаи Ғарб ҳукумати Мейҷӣ аз кишварҳои хориҷӣ мутахассисони барҷастаро бар ивази маоши баланд барои мушовирӣ дар вазоратҳо ва омӯзондани донишҷӯён даъват кард. Ба баъзе аз ин мутахассисони хориҷӣ маоши баландтар аз Нахуствазири онвақтаи Ҷопонро медоданд. Ин як бори гарон бар буҷети Ҷопон буд, аммо бидуни ин расидан ба ҳадаф номумкин буд. Донишманди ҷопонӣ Мамичӣ Тсуда (1829-1903), ки дар Ғарб таҳсил карда буд, навишт, ки “Ҷопон донишҷӯест, ки илму технологияи Ғарбро меомӯзад. Барои зиёдтар ва тезтар омӯхтан мо маҷбурем ин пардохтҳои баландро кунем”.[8] Ҳатто ширкатҳои хусусӣ омӯзгорони хориҷиро даъват мекарданд, то ба кормандонашон дарс гӯянд. Дар баробари ин донишҷӯёни болаёқат аз тарафи давлат ба хориҷа равон карда мешуданд ва дар он ҷо таҳсил карда ба ватан меомаданд. Ин мутахассисон таҷҳизоти хориҷиро ворид карда меомӯхтанд ва дар асоси он худ таҷҳизоти нав месохтанд. Ин амал дар замони муосир ғайриқонунӣ аст, аммо дар он давра қонунҳои байналмилалии пешгирикунандаи он вуҷуд надошт ва Ҷопон аз ин ҳолат истифода карда буд. “Ба хотири табдил додани кишвар аз кишоварзӣ ба давлати тараққикардаи саноатӣ, донишомӯзон ва муҳаққиқони ҷопонӣ ба хориҷа, мерафтанд то забон ва илми Ғарбро омӯзанд. Ҳамзамон донишмандони хориҷиро ба Ҷопон даъват карда буданд ва онҳо ба мардуми кишвар дар дохил дарс медоданд. Ҳамчунин давлат ба соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия сармоягузории зиёд мекард. Дар баробари ин ҳукумат корхонаҳои муваффақро бевосита дастгирӣ мекард, махсусан, корхонаҳоеро, ки моликонашон хонадонҳои қудратманд буданд, ки онҳоро Зайбатсу (Zaibatsu) меномиданд”. Ин ҳама, дар маҷмӯъ, раванди аз худ кардани илму технологияҳои пешрафтаро суръат бахшид ва Ҷопон тавонист баробарвазни кишварҳои мутараққӣ шавад.

 Ислоҳоти иқтисодӣ, ҳарбӣ ва тағйиротҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар давраи Мейҷӣ (1868-1912)

  Бо мақсади сиёсӣ ва идеологӣ ислоҳотгарон дар Ҳукумати Мейҷӣ дини қадимаи худ Шинторо бар Будизми омада аз Чин тарҷеҳ медоданд. Ин ба он хотир буд, ки онҳо императорро қувваи азими муттаҳидкунандаи миллат медонистанд ва дини миллии онҳо шоҳони Ҷопонро баргузида меҳисобид. Дар макотиб дар баробари фанҳои хониш ва ҳисоб, дарси ахлоқро ба роҳ монда, ба хонандагон уҳдадорӣ дар назди императорро таъкидан меомӯзонданд. Яке аз вижагиҳои ҷомеаи онвақтаи Ҷопон он буд, ки онҳо ба фарқ аз бештари ҷомеаҳои дигар синфи рӯҳониёнро надоштанд. Баъдан масъулони давлатӣ соҳиби замини кишоварзӣ набуданд ва дар соҳаи кишоварзӣ танҳо деҳқонони воқеӣ кор мекарданд. Ислоҳоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар баробари ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Раванди гузаштан аз ҷомеаҳои пӯшидаи деҳотнишин ба ҷомеаҳои кушодаи шаҳрнишин ба вуҷуд омад, ки барои ба роҳ мондани иқтисоди саноатӣ шароит фароҳам овард. Дар баробари ин, низоми нави илму маориф андешаи илмӣ ва ратсионалиро ҷойгузини бовару одатҳои хурофотӣ ва ирратсионалӣ кард, ки бе ин тағйиротҳо саноатикунонии Ҷопон ғайриимкон буд.

  Ба роҳ мондани ислоҳоти боровар масъулияти аввалиндараҷаи ҳукумат буд ва Ҳукумати Мейҷӣ дар он нақши муассир дошт. Дар баробари ин, нақши ширкатҳои хусусӣ ҳам, ки дар шароити нав имконоти зиёд доштанд, аҳамияти бузург дошт. Ҳамкориҳои давлат бо сектори хусусӣ яке аз вижагиҳои Ҷопони Мейҷӣ буд, ки то кунун дар ин кишвар ба мушоҳида мерасад ва ин ҳамкориҳо нақши ҳалкунандае дар рушди иқтисодии ин кишвар дошт. Бо вуҷуди ин, давлат ягона сармоягузори бузург дар иқтисоди Ҷопон буд. Дар солҳои аввали Ҳукумати Мейҷӣ ҳамаи соҳаҳои сармояталаб тариқи сармоягузории бевоситаи давлат маблағгузорӣ мешуданд. Давлат маблағҳои буҷавии зиёдеро барои дохил кардан ва аз худ кардани технологияҳои пешрафтаи замонаш равона мекард ва корхонаҳои истеҳсолии нав месохт. Коршиносон ба ин андешаанд, ки бе чунин маблағгузориҳои давлатӣ суръати рушди иқтисодии Ҷопон ба маротиб пасттар мешуд.

  Дар ду даҳсолаи аввали Ҳукумати Мейҷӣ аксари даромади буҷаи давлатиро соҳаи кишоварзӣ таъмин мекард. Тибқи Санади ислоҳоти замин, ки дар соли 1873 мавриди амал қарор гирифт, кишоварзон ба ҷойи биринҷ андози заминро бо пули нақд мепардохтанд, ки он ба 3 дар сади арзиши замин баробар буд. Ин қоидаҳои нав пеши роҳи ришвахорӣ дар соҳаро гирифта, боиси ба роҳ мондани даромади муътадил ба буҷет гардид.

  То соли 1900 маҳсулоти содиротии асосии Ҷопон ба хориҷ абрешим буд. Маҳсулоти саноатӣ бо маҳсулоти аврупоӣ ва амрикоӣ рақобат карда наметавонист. Баъд аз абрешими ҷопонӣ чой ҳам содирот мешуд. Даромад аз содироти ин маҳсулотро асосан барои хариди таҷҳизот масраф мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ ин сиёсат ба он расонд, ки воридоти маҳсулоти пахта қатъ гардида, ҷойи онро маҳсулоти пахтаи дохилӣ гирифт. “Дар охири даҳаи якуми Ҳукумати Мейҷӣ дар Ҷопон камтар аз 10 ҳазор таҷҳизоти нахресӣ вуҷуд дошт, вале то охири давра ин адад ба 100 ҳазор расид. Ҳамин тариқ то охири давраи Мейҷӣ Ҷопон ба кишвари пешсаф дар саноати нассоҷӣ табдил ёфт. Ҷопон тавонист технологияи хориҷиро ворид карда, онро аз худ намуда такмил диҳад ва саноати худро бисозад, то дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир гардад”.

  Дар даҳаи якуми ҳокимияти Мейҷӣ корхонаҳои зиёди давлатӣ сохта шуданд, ки муваффақ нашуданд. Аксари онҳо бар зиён кор мекарданд ва давлат онҳоро ба соҳибкорон фурӯхт. Ҳарчанд ин корхонаҳо бо нархи нисбатан паст фурӯхта шуданд ва ин норозигиҳои зиёдро ба вуҷуд овард, аммо соҳибони нави ин корхонаҳо бо ҷорӣ кардани идораи дуруст ва сармоягузориҳои иловагӣ ин корхонаҳоро судовар гардониданд. Аз ин ҷост, ки  дар давраҳои баъдӣ ҳеҷ кас он соҳибкоронро барои бо нархи ночиз аз худ кардани моликияти давлат муттаҳам намекард. Бо ҳадафи танг кардани мавқеи истеҳсолкунандагони хориҷӣ давлат дар навбати худ ин корхонаҳои хусусиро то ҳадди имкон дастгирӣ мекард. Ин сиёсатро онҳо “ҷойивазкунии воридот” меномиданд ва сиёсати “импортозамещение”, ки Россия дар соли 2014 баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб пеш гирифт, бо он шабоҳати комил дорад.

  “Яке аз вижагиҳои Ҳукумати Мейҷӣ саноатикунонии босуръат буд. Дар баробари сиёсати давлатӣ, ки институтҳои ғарбиро ҷорӣ карда, инфрасохтори нав сохт, мушовирони бодонишу таҷрибадори хориҷиро даъват кард, омӯзишу парвариш ва такмили ихтисоси густардаро ба роҳ монд, ширкатҳои истеҳсолии давлатӣ ва марказҳои тадқиқотиро сохт ва дигар амалҳои лозимаро иҷро кард, бояд эътироф кард, ки динамизми сектори хусусӣ аз ҳамаи ин фаъолиятҳои давлат муҳимтар буд. Дар табақаҳои поёнӣ тоҷирони нав ва тоҷирони собиқадор, муҳандисони соҳибихтисос, ҳунармандони сарфароз ва деҳқонони сарватманд дар саросари кишвар қувваи пешбарандае буданд, ки имкони босуръат аз худ кардани донишу технологияи пешрафтаи хориҷиро ба вуҷуд оварданд. Бе мавҷудияти ин имкониятҳои сектори хусусӣ, ҳатто сиёсати дурусти давлатӣ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонист”.

  Кеничӣ Оҳно дар китоби худ “Рушди иқтисодии Ҷопон” ду шахсиятро мисол меорад, ки нақши онҳо дар рушди соҳаи нассоҷии Ҷопон ҳалкунанда буд. Соли 1877 як соҳибкор бо номи Эйичӣ Шибусава ба як донишҷӯи ҷопонӣ дар Лондон бо номи Такео Яманобэ бо чунин мазмун нома менависад: “Яманобэи азиз, як дӯстам номи шуморо ба ман гуфт. Ҷопон имрӯзҳо аз ҳад зиёд нахи пахтаро аз хориҷ ворид мекунад. Моро зарур аст, ки соҳаи ресандагии дохилии худро ташкил кунем. Мо ба одамоне ниёз дорем, ки ҳам мудирият ва ҳам технологияро донанд. Лутфан, шумо метавонед соҳаи ресандагиро омӯзед? Ман корхона хоҳам сохт”. Яманобэ, риштаи иқтисод ва суғуртаро тарк карда, ба ваъдаи ҳамватани худ, ки боре надида буд бовар мекунад ва ба омӯзиши соҳаи коркарди пахта мепардозад. Эйичӣ дар навбати худ ба донишҷӯе, ки боре вонахӯрдааст, маблағ равон мекунад, то ӯ омӯзишро давом диҳад. Дар солҳои баъдӣ ин ду чеҳра ҳамкориро ба роҳ монда яке аз муҳимтарин чеҳраҳо дар сохтмони соҳаи нассоҷии Ҷопон мегарданд. Ин ҳам яке аз вижагиҳои мардуми Ҷопон буд, ки соҳибкору донишҷӯ ҳам дар лоиҳаҳои бузурги миллӣ худро масъул дониста, ҷону моли худро дар ин роҳ ба гарав мегузоранд. Ин вижагиест, ки то кунун барои ҳар кишваре дар ҷаҳон зарур мебошад, то ба рушду пешрафти назаррас ноил гардад.

  “Бо таъмин кардани шароити нави амниятии сиёсӣ ва молиявӣ, ҳукумат имконияти сармоягузории дохилиро ба саноат ва технологияҳои нав фароҳам овард”. Дар раванди бозсозӣ ва гузаштан ба низоми капиталистӣ ташкили бонкҳо зарур буд. Ҷопон дар соли 1873 низоми бонкии худро аз руйи низоми бонкии ИМА ташкил кард. Дертар барои такмил додани ин низом бонки марказии Ҷопон созмон дода шуд ва онро Бонки Ҷопон (Bank of Japan) номиданд. Баъдтар бонкҳои соҳавӣ барои кишоварзӣ ва саноат кушода шуданд. Низоми бонкдории Ҷопон давраҳои рушд ва афтишро дошт, ки омӯзиши алоҳидаро талаб мекунад ва дар доираи ин матлаб намеғунҷад. Вале нақши он дар рушди иқтисодии Ҷопони Мейҷӣ бузург аст ва яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар гузариш аз сатҳи кишоварзӣ ба саноатӣ кумак карда буд.

  Яке аз аҳдофи муҳими Ҳукумати Мейҷӣ сохтани артиш ва неруи баҳрии қавӣ ва марказонидашудае буд, ки дар асоси он Ҷопон бояд ҳамчун кишвари қудратманд дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешуд. Барои таъмини молӣ ва зеҳнии артиш давлат бо корхонаҳои хусусӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монд, ки ба онҳо фармоишҳо медод. Ин аз як ҷониб артишро таъмин мекард, аз ҷониби дигар таъсири азиме ба рушди иқтисодӣ ва технологии Ҷопон мерасонид. Ислоҳоти низомӣ натиҷаи худро дар бархӯрд бо самурайҳои норозӣ дар соли 1877 нишон доданд ва ин пешравиҳои низомӣ дар ҷанги Ҷопон бо Чин дар солҳои 1894-1895 ва ҷанг бо Русия дар солҳои 1904-1905 дида шуд, ки пирӯзӣ дар ин ҷангҳо кишварҳои Ғарбро маҷбур кард, то Ҷопонро қудрати баробарвазн бишносанд. Пирӯзӣ дар ин ҷангҳо барои Ҷопон тақвиятгари ҳам иқтисод ва ҳам артиш буд.

  Саранҷом дар поёни давраи Мейҷӣ Ҷопон ба бештари ҳадафҳои худ расид. Низоми нави давлатдории парлумонӣ, артиши қавии сатҳи ҷаҳонӣ ва иқтисоди саноатии рақобатпазир аз дастовардҳои Ҳукумати Мейҷӣ маҳсуб мешаванд. Ҳарчанд саноати вазнин дар зинаҳои аввал қарор дошт ва рақобатпазир набуд, вале заминаҳои рушди он фароҳам шуда буд ва дертар дар ин ҷода ҳам Ҷопон ба кишварҳои Ғарб баробар шуд.

 Ҷопон дар замони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва давраи пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

   Дар аввали солҳои Мейҷӣ Ҷопон асосан ашёи хомро ба кишварҳои ғарбӣ содир карда, аз он ҷо масолеҳи саноатӣ ва таҷҳизот ворид мекард. Дар охири он давра низ вазъият тақрибан ҳамчунин буд ва ба ҷуз пахтаи Амрико Ҷопон аз ин кишварҳо ҳамоно таҷҳизоту маҳсулоти тайёр ворид мекард. Аммо дар баробари ин маҳсулоти соҳаи саноати сабуки Ҷопон бозорҳои кишварҳои рӯ ба инкишофро тасхир карда, мавқеи кишварҳои ғарбиро танг мекард. Таносуби умумии тиҷории Ҷопон дигар шуда буд. “Дар охири давраи Мейҷӣ (1912), ки каме пештар аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ буд, Ҷопон муваффақона саноати сабуки худро ба роҳ монда буд, махсусан дар соҳаи нассоҷӣ. Аммо саноати вазнин ва мошинсозӣ дар оғози роҳи худ қарор доштанд. Рушди босуръати ин соҳаҳо дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон ва баъд аз он ба роҳ монда шуд”.

  Ҷопон дар замони ду ҷанги худ (бо Чин ва бо Россия) ба камбудии маблағ дучор шуда аз хориҷа қарз гирифт, ки ин қарзҳо вазъи молиявии Ҷопонро бад карда буданд. Ин вазъият баъди сар задани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар баробари гирифтор шудани кишварҳои Аврупоӣ дар ин ҷанг содироти онҳо ба дигар кишварҳо қатъ шуд. Ҷопон аз фурсат истифода карда, молу маҳсулоти саноатии худро дар ин бозорҳо ҷойгузини онҳо кард. Ҳарчанд сифати маҳсулоти ҷопонӣ пасттар буд, вале талабот зиёд буд ва онҳо бо нархи гаронтар ба фурӯш мерафтанд. Ин шароит фурсати муносибе ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандони Ҷопон шуд. Тоҷирону истеҳсолкунандагон босуръат сарватманд мешуданд ва буҷети давлат аз ҳисоби андозу пардохтҳо ғанӣ мешуд. Иқтисод дар маҷмӯъ босуръат пеш мерафт. Лекин ин дар як муддати кӯтоҳ, дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон буд ва дар солҳои бистуми асри гузашта, иқтисоди Ҷопон ба рукуд мувоҷеҳ шуд. Дар ин солҳо ба мардум озодиҳои бештар дода шуд ва ҳукумат бо ин усул тавонист назму низомро нигаҳ дорад. Вале хатари дигаре дар пеш меистод, ки он ба дасти ҳарбиён гузаштани ҳукумат ва боло рафтани миллатгароӣ буд. Буҳрони иқтисодии соли 1928 дар ИМА таъсири худро ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон расонид ва Ҷопон дар солҳои 1930-1932 ба мушкилоти бештар мувоҷеҳ шуд. Ин норозигии мардумро зиёд карда, роҳи расидани низомиён ба қудратро ҳамвор мекард, ки саранҷом дар соли 1937 онҳо қудратро ба даст гирифта, ҷангро бо Чин оғоз карданд ва ҳамаи захираҳои моддӣ ва зеҳнии Ҷопон барои таъмини артиш равона гардид.

  Бо вуҷуди ин мушкилот, то соли 1930 Ҷопон соҳаи саноати вазнин ва кимиёии худро тақвият дода тавонист ва дар ин давра тақрибан ҳамаи мошинолотро аллакай дар дохил истеҳсол намояд. Саноати вазнин дар солҳои сиюм бо идораи марказонидашуда, ки бо ҳадафҳои низомӣ ба роҳ монда шуда буд, бештар тақвият ёфт. Истифодаи донишу технологияи ширкатҳои гуногун барои ба роҳ мондани истеҳсоли киштиҳои ҳарбӣ, ҳавопаймоҳо ва дигар воситаҳои ҷангӣ, таъсири мусбати худро ба саноати вазнин гузошт. Ҳарчанд шикасти сангин дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Ҷопон зиёни ҷиддии моддӣ овард, вале донишу технология ва мутахассисони кордон боқӣ монданд ва дар солҳои баъдиҷангӣ, истифодаи дурусти онҳо дар бозсозӣ, ин кишварро дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба як кишвари ободу пешрафта табдил дод.

 Хулоса

  Рушди устувори Ҷопон дар давраи Мейҷӣ натиҷаи вокуниши дурусти давлат, соҳибкорон, ҷомеа ва мардум ба фишор ва таъсири беруна мебошад. Маъмулан, ҷомеаҳо дар пояи фарҳанг, иқлим ва ҷойгиршавии ҷуғрофии худ ба таври эволютсионӣ ва ором рушд мекунанд, аммо вақте фишору таъсири беруна зиёд мешавад, ба ин раванд суръат бахшида метавонад. Албатта, агар вокунишҳо ва амалҳои мувофиқ ба рушду пешрафт дар баробари ин фишору таъсирҳои беруна вуҷуд дошта бошад. “Вале агар вокунишҳо суст ва носозгор бошанд, ҷомеа метавонад ба нооромӣ дучор ва ҳатто зери таъсири қувваҳои хориҷӣ ба шикаст мувоҷеҳ шавад”. “Дар муқоиса бо таърихи дигар кишварҳои ғайриғарбӣ, гуфтан мумкин аст, ки Ҷопон аз таъсиру фишорҳои хориҷӣ самаранок истифода бурда, онҳоро баҳри рушди босуръати худ истифода кардааст. Мардуми Ҷопон унсурҳои хориҷии зиёдеро, ки бо суннатҳои худ дар тазод буданд, оромона аз худ карда, ҳангоми зарурат истифода мекарданд. Ин вижагӣ махсуси ҷомеаи ҷопонӣ буда, дар дигар ҷомеаҳо ба назар намерасид”.

  Мутобиқ шудан бо қавонини байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои босамари дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои дигар ва дар айни замон аз даст надодани ҳувияти миллии худ кори саҳлу сода нест. Бисёре аз халқиятҳо дар ин гирудорҳо ҳувияти худро аз даст медиҳанд, вале Ҳукумати Мейҷӣ бо сарфи назар кардан аз баъзе суннатҳои кӯҳнашуда, тавонист аз уҳдаи ин кор барояд.  “Дарки қафомондагӣ ва ифтихороти поймолшуда қувваи психологии бузурги таҳрикдиҳандае буд, ки пушти саноатикунонии Ҷопон дар давраи Мейҷӣ меистод. Шиори миллии онҳо “кишвари сарватманд, артиши қавӣ буд”.

  Ислоҳоти куллие, ки Ҷопон дар давраи Мейҷӣ гузарондааст, намунаи хубе барои ҳар кишвари шарқии рӯ ба инкишоф аст. Пеш аз ҳама, омодагии қишри ҳукмрон барои гузаронидани ислоҳоти куллӣ, ки манфиати давлатро аз манфиатҳои шахсии худ боло медонад, метавонад раҳнамо барои дигарон бошад. Мушовирони Императори Ҷопон, асосан ҳамон самурайҳое буданд, ки дар низоми пешина мақоми баланд доштанд, вале чун диданд, ки он низом ба бунбаст гирифтор шудааст ва Ҷопон наметавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ манфиатҳои худро ҳифз кунад, даст ба ислоҳот заданд. Эътироф кардани ҷойгоҳи воқеии кишвари худ, гузаштан аз манфиатҳои шахсӣ ва ҷорӣ кардани тағйиротҳои куллӣ, оғози ислоҳоти муваффақонаи Ҳукумати Мейҷӣ буд, ки метавонад сароғози ислоҳоти дуруст дар ҳар кишвари ақибмондаи дигаре бошад. Тоҷикистон ҳам ин ҷо истисно нест. Наметавон бо таърифу тавсифи бепоёни “дастовардҳо” ҷойгоҳи воқеии як кишвари ақибмондаро дар ҷаҳони муосир боло бурд. Пеш аз ҳама ишқ бар ватан ва номуси миллии ҷопониҳо буд, ки раҳбаронро ба шинохти дурусти вазъият ва дарки зарурати ислоҳоти куллӣ расонид. Баъдан ин раҳбарон дар тасмимгириҳои худ ба таассуб роҳ намедоданд ва агар як тасмими онҳо дар амал натиҷаи хуб намедод, онро дигар карда, аз пешниҳодҳои хирадмандонаи дигарон истифода мекарданд. Фарқ надошт он пешниҳод аз ҷониби кадом шахсият аст, онҳоро ба худиву бегона тақсим намекарданд. Агар дар ҳар кишвари дигаре раҳбарон ин вижагиро дошта бошанд, имконияти васеъ барои рушду пешрафтро хоҳанд дошт ва агар надошта бошанд, ояндаашон норавшан аст.

  Баъдан, зиёиёни Ҷопон дар ин давра дар роҳи сохтмони давлати сифатан нав бо Ҳукумати Мейҷӣ  пайвастанд, зеро диданд, ки раҳбарон аз манфиатҳои шахсии худ гузашта, ҳадафҳоеро мехоҳанд амалӣ созанд, ки дар маҷмӯъ, ба манфиати давлат ва миллати онҳо аст. Он ҳама талошҳо дар ҷодаи аз худ кардани илму технологияи нав ва паҳн кардани ин донишҳо дар миёни оммаи васеи мардум, ки зиёиёни ҷопонӣ дар давраи Мейҷӣ мекарданд, на дар ҳама кишварҳои дигар дида мешуд ва мешавад. Хушбахтона, дар миёни ин миллат қишри мутлақгаро ва муфтхӯри рӯҳонӣ набуд. Барои қабули донишу таҷрибаи нав танҳо як ченак вуҷуд дошт ва он манфиатҳои миллии Ҷопони нав буд. Ченакҳои мазҳабӣ, ки дар бештар маврид монеи паҳншавии донишҳои нав дар Тоҷикистон мешаванд, дар Ҷопони рӯ ба инкишоф вуҷуд надоштанд. Абсурде ба монанди “равшанфикри мазҳабӣ” дида намешуд, ки мутаассифона, дар гузашта ва имрӯз яке аз монеаҳои рушду шукуфоӣ дар Тоҷикистон аст. Мутаассифона, ин гуна “равшанфикрон”-ро имрӯз дар муассисаҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ ҳам дида метавонем. Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре, ки донишу технологияи навро аз худ кардан мехоҳад ва мехоҳад неруи зеҳнии кишвараш баробарвазни кишварҳои пешрафта бошад, вазифадор аст, ки дасти чунин “равшанфикрон” ва умуман, андешаи диниро аз муассисаҳои давлатӣ ва махсусан, муассисаҳои илмӣ кӯтоҳ намояд. Ислоҳотгарони Мейҷӣ андешаи мазҳабиро танҳо дар як ҳолат истифода бурданд ва он ҳам аз дини миллии худашон буд, ки ба наврасон эҳтироми императорро меомӯхтанд. Дигар дар ҳама ҳолат роҳи наҷоти ватанашонро дар омӯзиши донишу аз худ кардани технологияҳои нав медиданд, на дар эҳё ва таҷдиди муқаррароти диниву мазҳабӣ.

  Ҳамчунин, саҳми соҳибкоронро дар ислоҳоти Мейҷӣ наметавон нодида гирифт. Аз як тараф, соҳибкорони сарватманд бо пули худ аз хориҷа технологияҳои навро ворид карда, корхонаҳои истеҳсолӣ месохтанд. Онҳо ҷойҳои нави корӣ ва базаи андозбандии давлатро зиёд мекарданд ва донишҳои навро ба Ҷопон меоварданд. Аз ҷониби дигар, соҳибкорони дигаре, ки дар миёни тоҷирони хориҷӣ ва кишоварзону косибони ҷопонӣ миёнаравӣ мекарданд, аз вазъияти баамаломада сӯистифода намекарданд ва ҳосили заҳмати мардуми одиро бо нархҳои муносиб харидорӣ мекарданд. Кеничӣ Оҳно ин рафтори соҳибкорони ҷопониро дар китоби худ тавсиф мекунад ва таъкид мекунад, ки дар шароите ки харидорони хориҷӣ иҷозати бевосита муносибат бо истеҳсолкунандагони ҷопониро надоштанд, соҳибкорони ба ин кор машғул метавонистанд мардуми заҳматкашро истисмор кунанд, вале ин корро накарданд. Албатта, аз бештари “ҳоҷисоҳибкорон”-и масҷидсози мо чунин муносибат бо заҳматкашонро интизор шудан мушкил аст, аммо таҷрибаи Ҷопон нишон медиҳад, ки дар сохтани як ҷомеаи пешрафта, соҳибкорон ҳам бояд шарик бошанд. Мушкили дигари ҷомеаи мо соҳибкорони мансабдор ҳастанд, ки принсипи асосии иқтисоди бозаргонӣ, рақобати озодро вайрон месозанд ва монеи ҳама пешравиҳои назаррас мегарданд. Ҷопони Мейҷӣ, ҳарчанд соҳибкорони бузурги муваффақро дастгирӣ мекард, аммо мансабдорон бо сӯистифода аз мансаб соҳибкорӣ намекарданд, на бевосита на бавосита.

  Саҳми кишоварзон низ дар ислоҳоти Мейҷӣ кам набуд. Дар ду даҳсолаи аввал бештари даромади буҷети давлат аз соҳаи кишоварзӣ буд ва баъдан, гарчи тадриҷан кам мешуд, вале даромад аз соҳаи кишоварзӣ дар буҷети ин кишвар ҷойгоҳи худро дошт. Баъдан бо вуҷуди дар аввал муқобилият нишон додан, ҳамин кишоварзон буданд, ки фарзандони худро дар мактабҳои нав хононда мутахассис барои соҳаи саноати босуръат рушдёбанда тайёр мекарданд. Дар мавриди ҷойгоҳи ин мутахассисон дар раванди ислоҳоти Мейҷӣ дар боло оварда будем.

  Ҳама ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки дар Ҷопони давраи Мейҷӣ гузаронида шуд, дар заминаи доштани номус ва худшиносии миллӣ, фидокорӣ, меҳнати пурмашаққат ва шинохти дурусти ҷойгоҳи давлат ва миллати Ҷопон дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби император, раҳбарони сатҳҳои гуногун, зиёиён, соҳибкорон ва умуман, қишри фаъоли аҳолӣ буд. Ин вижагиҳоро новобаста аз замон, ҷуғрофиё ва ҷойгоҳашон ҳар як кишвари ақибмондае, ки ҳадафи баробар шудан бо кишварҳои пешрафтаро дорад, бояд дошта бошад. Ҷопони Мейҷӣ барои Тоҷикистони азизи мо метавонад намуна ва улгуи хубе дар тайи масири рушду пешрафт бошад.

Меҳр СОБИРИЁН

иқтисодшинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№2 (10), 2018

Сарчашмаҳо:

 

[1] The Meiji Restoration and Modernization (http://afe.easia.columbia.edu/special/japan_1750_meiji.htm)

[2]  The Meiji Restoration: Roots of Modern Japan, Shunsuke Sumikawa, March 29, 1999

[3] Ҳамин ҷо

[4] The Meiji Restoration: Roots of Modern Japan, Shunsuke Sumikawa, March 29, 1999

[5] The economic development of Japan. The path traveled by Japan as a developing country, Kenichi Ohno, Tokyo, February 2006

[6] Ҳамин ҷо

[7] Ҳамин ҷо

[8] The economic development of Japan. The path traveled by Japan as a developing country, Kenichi Ohno, Tokyo, February 2006

[9]Taxation in Japan, Garrett Droppers, The quarterly Journal of Economics, vol. 6, No. 4, July 1892

Хондан 1882 маротиба