JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Башарият дар тӯли таърих тамоми мушкилот: дарду ранҷ, заъфу нотавонӣ, мусибату хатарот, яъсу ноумедӣ, бархӯрди нобаробару номутавозин бо ҳаводиси даҳшатбори табиӣ, фалокату фоҷеот ва амсоли инҳоро бо неруи ақлу хирад ва илму дониш таҳаммул ва ҷуброн намуда, ҷараёни муқовимату муборизаҳои худро алайҳи мушкилоти рӯзгор то имрӯз идома дода истодааст ва ин раванд оянда низ вусъат хоҳад ёфт. Ногуфта намонад, ки дар ҷаҳони муосири мутамаддин, бо назардошти шароити фаннию техникӣ ҷараёни муборизаи инсони боақл, ҳушманд, донишманду бофаросат суръати тоза касб мекунад. Аммо, мутаассифона, протсесси муҷаҳҳазшавӣ бо илму дониши зинда ва замонавӣ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ кунду…
Ба ҳамагон маълум аст, ҳар як давру замон шахсияту бузургони худро дорад ва чунин шахсиятҳо ва бузургон низ дар доираи маҳалли зист ва зиндагии худ ба воя мерасанд ва чун бузургони гузаштагони мо аз худ ганҷинаҳои бебаҳои худро мерос мегузоранд. Барои аҳли илму дониш ганҷинаи бебаҳо амсоли китоб чизи дигаре вуҷуд надорад. Китоб маводи модди буда ба мо ғизои маънавӣ медиҳад, яъне китоб метавонад дар баробари маводи модди будан ҳам ғизои маънавӣ бошад, ки дар замони муосир ин бисёр муҳим аст. Инсон, низ бо ҳамингуна хислати тавонои мутолеа намудани хеш ва фикр рондан низ дар…
Аз манобеи таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон чун миллати соҳибтамаддун дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳунарҳои гуногуни худ саҳми арзанда гузоштаанд. Айни ҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ мо ворисони ҳунару фарҳанги тоҷикро зарур, аст ин ҳунарҳои мардумиро боз ҳам хубтару бештар омўзем, пажўҳиш намоем ва тарғибу ташвиқ намоем. Боиси сарфарозӣ ва мояи ифтихор аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба ҳунарҳои мардумӣ халқи тоҷик тавонист аз нав ҳунарҳои қадимии худро эҳё ва такмил созад.
Панҷшанбе, 22 Ноябри 2018 10:16

Усулномаи истилоҳнигории тоҷикӣ

Муаллиф:
Маҷмўи вожагон ё калимаҳои хоси ягон соҳаи илму фан, саноату истеҳсолот, касбу ҳунар, ки бо мафҳумҳои мушаххас алоқаманданд, маъмулан истилоҳот ном бурда мешаванд. Ҳар соҳаи илму фан, саноату истеҳсолот ё касбу ҳунар истилоҳоти хоси худро дорад, ки ин истилоҳот дар ҳампайвандӣ як низоми том ва муназзами истилоҳоти ҳамин соҳаро ташкил медиҳанд.
Саҳифа аз 1 то 4