JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар айни замон, ҳангоми таълими забони барномасозӣ масъалаи интихоби дараҷаи аввал меистад. Маҷмӯи вижагиҳои таснифот муайян карда шуд ва якчанд забонҳои барномасозӣ, ки метавонанд ҳамчун забони омӯзиш истифода шаванд, аз рӯи хусусиятҳо муқоиса карда шуданд. Мавҷудияти чунин нуқтаи назарҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳеҷ яке аз забонҳои барномарези номзади бебаҳо ба назар намерасад. Pascal ҳамчун забони омӯзиши барномасозӣ дигар ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Қариб 40 сол пас аз таърифи забон гузашт, барномасозӣ бисёр тағир ёфт: технологияҳои кӯҳна «мурданд», навҳо ба дунё омаданд. Парадигмаи барномасозии мурофиавӣ бо ҷойҳои пешрафта иваз карда шуд: барномасозӣ…
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, ба масъалаи аз худ намудани донишҳои замонавӣ, пурзӯр кардани таълими фанҳои табиатшиносӣ бештар таваҷҷуҳ карда шуд. Ин буд, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат­шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид. Вобаста ба ин, тибқи нақша, ҳар сол гузаронидани олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаи таҳсилот дар назар аст. Биноан, дар зер мехоҳем перомуни ба вуҷуд омадан ва дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ…
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Рози донишро ба ҳар гуна забон.
Баробари ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мекӯшад, то таърихи қадима ва ҳунарҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Иқдомҳои ғамхорона ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибҳунарону ҳунармандон боиси он гардид, ки дар кишварамон ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбад ва мароқи бештари аҳолии маҳаллии кишвар ба ин навъи фаъолият таваҷҷуҳ ва ҷалб карда шаванд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 яке аз чунин ибтикор аст.