JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Абдураҳмони Ҷомӣ, чуноне ки муҳаққиқи барҷастаи аҳволу осораш Аълохон Афсаҳзод навиштааст, муаллими ахлоқи писандидаи замони худ буда (ниг.: Афсаҳзод Аълохон. Таҳаввули афкори Абдурраҳмони Ҷомӣ. –Душанбе: Дониш, 1981. –С.125), дар ахлоқшиносии асрҳои миёна нақши бориз дорад. Ҳарчанд ки аз “Гулистон”-и Саъдӣ пайравӣ кардааст, дар “Баҳористон” масоили иҷтимоӣ ва ахлоқии замонашро як навъ ҷамъбаст намудааст.
Истифодаи самараноки захираҳои маҳдуд дар сатҳи як кишвар, барои ҳама масъулони давлатӣ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Захираҳо ҳамеша маҳдуд ҳастанд. Ҳатто бузургтарин кишварҳои ҷаҳон бо маҳдудияти захираҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Даврони васеъсозии давлатҳо ва аз ҳисоби дороии кишварҳои мағлуб зистан кайҳо гузаштаанд. Дар замони муосир ҳадафи ҳар ҳукумати хирадманд истифодаи самараноки захираҳои маҳдуди худ аст. Аз ҳама нишондиҳандаи дақиқтарини рушди як кишвар ин болоравии самаранокии меҳнат мебошад, ки он дар шакли Муҷмӯи маҳсулоти миллии сарона бо нархи собит ҳисоб карда мешавад.
Дар мавриди маърифати имрӯзи аз равандҳои гуногуни табииву иҷтимоӣ инсон мутаҳайир мегардад, ки башар тавонистааст, дар муддати панҷсад соли ахир аз асрори ҷаҳон ва қонунмандии ҳаводис огоҳии илмӣ дарёфт намояд ва бадин васила даҳҳо фанновариҳоро ба миён оварад. Зиндагии хешро саҳлу содда намояд ва аз он маҷмуи гирифториҳое, ки қаблан дошт раҳоӣ ёбаду сатҳу сифати зиндагонии хешро ба маротиб тағйир диҳад. Имрӯз маърифати илмии олам ва неруи зеҳнӣ ба ҳайси сармояи асосии иқтисодӣ ва миллии кишварҳои мутамадини ҷаҳон гардида садҳо ниҳодҳо ва бунёдҳову сохторҳои илмие таъсис ёфтаанд, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба тарзи ҳамешагӣ…
“Илм ин кори тафаккури монданашавандаи асрҳост: ба воситаи система ҷамъ овардани тамоми падидаҳои маърифатии ҷаҳони мо”. Алберт Эйнштейн Илм дар ҷамъияти муосир дар бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният нақши муҳим дорад. Сатҳи рушди илм яке аз нишондиҳандаҳои асосии инкишофи ҷамъият ба ҳисоб рафта, инчунин ин нишондиҳандаи инкишофи давлати муосирро низ таҷассум менамояд. Он муҳите, ки инсонро иҳота менамояд – ин ҳама дастовардҳои илм мебошад.