JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 29 Декабри 2017 04:37

Ашъори мадҳию инзивоӣ ва андешаи иҷтимоӣ

Муаллиф:

Назми форсӣ аз замони пайдоиш, ки онро пас аз истилои араб медонанд, то имрӯз даврони мухталифро аз сар гузаронид. Ибтидо назми форсӣ содаву равон буд ва бо мурури замон аз содагӣ ба мураккабӣ тамоюл пайдо кард. Вобаста ба давру замон сабкҳои шеърӣ низ иваз шуданд. Назми форсӣ дорои шаклу санъатҳои гуногуни шеърӣ гардид. Шуаро дар тамоми намуди санъатҳои шеърӣ қувваозмоӣ карда, доди суханро доданд ва забони миллии худро аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал расониданд.

Назми форсиро аксарияти уламову удабо ва мунаққидони ватаниву хориҷӣ дар таълифоти худ таҳлилу баррасӣ намудаанд. Яке аз чунин мунаққидони машҳур ва забардаст Шиблии Нуъмонӣ мебошад, ки дар китоби худ «Шеър-ул-аҷам» бартарият ва афзалияти назми форсиро чунин таъриф мекунад: «Дар ашъори форсӣ як мавзӯи муҳими олӣ, як маънои васеъ, як нуктаи дақиқу борик дар як байт ё дар мисрае адо карда мешавад. Дар шеърҳои Урупо бошад, ҳеҷ маъноеро намешавад дар нисфи шеър адо намуд ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар забони англисӣ ва ғайрианглисӣ шеърҳои мутафарриқ ва фард кам аст ва намешавад дар ин забонҳо маъноеро бидуни ашъори мусалсал баён кард»[1].

Натиҷаи чунин ширинкориҳо боиси пайдоиши якчанд шаклу санъатҳои шеърӣ гардид ва шоирони баъдӣ санъатҳои навбавуҷудомадаро мукаммал мекарданд. Чунончи, яке аз чунин намуди санъатҳо, ки шоири бомаҳоратро метавонист байни дигар шоирон фарқ гузорад, санъати бадеҳа буд. Дар ин санъат шоир бояд бадеҳатан, яъне бе тайёрии махсус шеър эҷод кунад. Санъати мазкур боиси ба майдон омадани шуарои закитабъе гардид, ки байни ҳамдигар сухани худро бадеҳатан бо шеър иброз мекарданд. Бадеҳагӯӣ дар байни ҷомеа чунон шуҳрату маҳбубияти хосеро касб кард, ки имрӯз мансуби гуфтори фолклор гардида, аз ҷониби марду зан ва ё зиёда аз он иҷро мегардад.

Ҳамин тавр, назми форсӣ тӯли қуруни мутамодӣ дорои сабкҳову санъатҳои гуногуни шеърӣ гардида, рушду нумӯъ мекунад, вале аҷиб он аст, ки бо вуҷуди ин қадар таҳаввулу ташаккул ба ҷомеа натавонист таъсири мусбат расонад, агар расонида бошад ҳам, хеле кам аст. Чаро? Ё ин ки барои чӣ имрӯз аксарияти афроди ҷомеа эҳсосӣ ва ё хурофотӣ ҳастанд?

Барои посух гуфтан ба суоли мазкур таъсири манфии ду навъи шеър: шеъри мадҳӣ ва шеъри инзивоиро мавриди таҳқиқ қарор медиҳем. Дар ин самт Шиблии Нуъмонӣ кори назаррас ва пурарзишеро дар «Шеър-ул-аҷам» анҷом додааст ва мо низ бо такя ба ин китоб баъзе фикру мулоҳизаҳои худро иброз менамоем.

Шеър ибтидо содаву равон ва беолоиш буд ва дар ҳар амал, агар фаъолият софу пок анҷом пазирад, самараи мусбат медиҳад. Дар ҳолати баръакс самараи он аз байн меравад ва ё доғдор шуда, сифати асили худро аз даст медиҳад. Яке аз иллатҳои бесуботии ҷомеа ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ аст ва ин иллат дар шеър (шеъри мадҳӣ) сироят кард. Шуарои тамаллуқпеша ва ҳарис шеърро аз масири рисолати аслиаш боздоштанд. Аксарияти шуаро ба хотири гирифтани силаи гарон ба сурудани ашъори мадҳӣ шурӯъ карданд.

Подшоҳони муқтадир шоирони маддоҳро паҳлуи худ ҷой дода, барои ашъори мадҳия аз сари онҳо зару ҷавоҳирро мисли борон мерехтанд ва барои шоири беҳтарин мансаби «маликушшуаро»-ро таъйин мекарданд. Чунончи дар бораи Унсурӣ, ки маликушшуарои Султон Маҳмуд буд, Шиблии Нуъмонӣ таъкид мекунад: «Ҳама медонанд, ки пояи макнату сарвати Унсурӣ аз баракати Султон Маҳмуд ба дараҷае расид, ки чаҳорсад ғуломи заринкамар дар рикобаш ҳаракат мекарданд ва ҳар вақт ба сафаре мерафт, чаҳорсад шутур асбобу лавозими сафари ӯро ҳамл мекарданд»[2].

Албатта, чунин файзбахшиву ато ва инъом бе шакку шубҳа, дар тараққии шеъру шоирӣ омили қавӣ ба шумор мерафт ва боиси он мегардид, ки уламову ҳукамои бузург илмро канор гузошта, касби шоириро интихоб намоянд, вале ҷиҳати манфии ин равиши зиндагӣ дар он буд, ки шоирон барои расидан ба мансаби маликушшуароӣ байни ҳамдигар сабқату рақобат доштанд ва гоҳе натиҷаи чунин рақобатҳо боиси дилозурдагӣ ва ранҷиши хотири шоири дигар мегардид. Дар шеъри мадҳӣ шуаро муболиғаро бештар сӯистифода мекарданд ва ҳатто ба он ҳам қаноат накарда, муболиғаро ба дараҷаи ифрот мерасониданд. Ҳамин тавр, кор то ҷое расид, ки шоирон барои наздик шудан ба дарбор аз ҳеҷ чиз рӯй барнаметофтанд ва мегуфтанд, ки агар подшоҳ рӯзро шаб гуфт, шумо ҳам бигӯед, оре, шаб аст:

Агар шаҳ рӯзро гӯяд шаб аст ин,

Бибояд гуфт: инак, моҳу парвин.

Асадии Тӯсӣ усули дарбори салотинро ин тавр тасвир мекунад:

Дами подшоҳон умед асту бим,

Якеро самуму якеро насим.

Чу рафтӣ бари шаҳ парастанда бош,

Камар баста фармон-шро банда бош.

Агарчи надорӣ гунаҳ пеши шоҳ,

Чунон бош пешаш, ки марди гуноҳ.[3]

 Барои шоирони дигар, ки тамаллуқкор набуданд ва аз он ор доштанд,  чунин навъи таълими ғуломӣ ва зиндагӣ дар дарбор бениҳоят душвор гардид. Ғайр аз ин, барои шоироне, ки дар дарбор муаррифӣ мешуданд ва қасидаи худро қироат мекарданд, гирифтани сила мушкилоти зиёдро эҷод менамуд ва шоир барои гирифтани сила муддатҳо интизорӣ мекашид. Чунки аввал бояд ҳукми он содир мешуд, баъдан, пас аз содир шудани ҳукм иҷрои он ба қадре тӯл мекашид, ки ҷони шоирро ба лаб мерасонид. Омилҳои мазкур боиси он гардид, ки шоироне ба мисли Заҳиру Анварӣ, Салмону дигарон нисбат ба шуғли интихобкардаашон як ҳисси танаффур пайдо кунанд, зеро медиданд, ки натиҷаи шеъру шоирӣ гуфтани мадеҳа ва гирифтани сила аст ва он ҷузъи разилтарин ва пасттарин пешаи дунё ба шумор меравад. Яке аз чунин шоирон Асириддини Адмонӣ мебошад, ки аз касби худ ба фиғон омада, дигаронро насиҳат ва ҳатто маслиҳат медиҳад, ки ба ин шуғли бебунёд такя накунанд. Чунончи, дар як қасидаи худ мегӯяд:

Ё раб, ин қоидаи шеър ба гетӣ кӣ ниҳод?

Ки чу ҷамъи шуаро хайри ду гетиш мабод.

Эй бародар, ба ҷаҳон бадтар аз ин коре нест,

Ҳону ҳон, то накунӣ такя бар ин бебунёд.[4]

 Ҳамин тавр, шоирони ба шикасту нокомӣ дучоршуда аз мадеҳасароӣ сарфи назар карда, ба шикоят ё ҳаҷву ҳиҷогӯӣ пардохтанд ва санъати наверо дар шеър ба вуҷуд оварданд. Шоирони дигар, ки тамаллуқҷӯ набуданд, диданд, ки дар дарбор бидуни мадҳ наметавон пешрафт намуд, дунёро ба куллӣ тарк гуфта, гӯшанишинӣ ихтиёр карданд ва ба тасаввуфи исломӣ гаравиданд. Кор ба ҷое расид, ки қаноату таваккул як мавзӯи бисёр муҳим ва як шоҳкори барҷастаи шоирӣ қарор гирифт. Имрӯз, агар аксари ҷомеа хурофотӣ ҳастанд, сабабаш низ дар ҳамин аст, ки шуарои инзивоӣ ва гӯшанишин ҷомеаро бо ашъори парҳезкорона, мавзӯоти дунёбезорӣ, қаноат, зуҳду тақво, ризову таслим ва ғайра таҳрик намуда, аз Қуръону аҳодиси набавӣ мазомин ё оётеро дар риштаи назм кашиданд, ки мардумро ба тавозӯъ, таслим, ризо ба қазо ва бесуботиву беэътимодии дунё даъват мекарданд. Аз ин ҷост, ки Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар боби ҳунари дабирии «Чаҳор мақола» мегӯяд: «Одат бояд кард ба хондани каломи раббулизза (Қуръон) ва ахбори Мустафо (с) ва осори саҳоба (ҳамнишинони пайғамбар) ва амсоли араб ва калимоти аҷам»[5].

Ибтидо шуарои гӯшанишин дар шеъри худ аз бесуботӣ ва беэътимодии дунё ҳарф мезаданд. Натиҷаи чунин тарзи тафаккури ғалат ба шуарои баъдӣ чунон таъсир гузошт, ки онҳо ба хулосае омаданд, ки саъю кӯшиш дар ин дунёи фонӣ бефоида аст, зеро оқибати кор аз ин дунё хоҳем рафт ва чизе бо худ нахоҳем бурд. Бинобар ин, шурӯъ ба эҷоди ашъори марбут ба айшу ишрат ва комронӣ карданд.

Мутаассифона, он ашъоре, ки инсонро ба айшу ишрат ва комронӣ даъват мекард, пойбанди дурӯза ҳаёт буд, на чизи дигар. Яъне инсонро ҳушдор медод, ки дар ин дурӯза умри ориятӣ хушу хурсандона зиндагӣ намояд ва ғами фардоро махӯрад. Чунончи, Умари Хайём мефармояд:

 

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем,

В-ин як дами нақдро ғанимат шумарем.

ва ё ҷои дигар мефармояд:

 

Рӯзе, ки гузаштаст, аз ӯ ёд макун,

Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.

Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,

Хуш бош кунуну умр бар бод макун.[6]

 Ҳамин тавр, шоирони баъдӣ бо шеър, ки он барангезандаи эҳсосоти мардум аст, масоили айшу ишрат, лаззатпарастии дурӯза ҳаёт ва комронӣ карданро бештар матраҳ мекунанд. Чунин ғояи бемантиқ, яъне андешаи ояндаро накардан ва тарғибу ташвиқи он аз ҷониби шуаро боиси он гардид, ки аксарияти афроди ҷомеа фориғбол шаванд ва нисбати ояндаи худ ва дигарон беэътино бошанд.

Аз ҷониби дигар, бо ворид шудани тасаввуф дар адабиёт вазъи назми форсӣ беҳтар нашуд. Тасаввуф дар оғоз ҷараёни муборизу ҷонфидо, ҷонибдори мардуми заҳматкашу ситамдида ва бечорагону бенавоён буд ва зидди ҳуккому уммоли золим муборизаи шадид мебурд ва мардуми гуногунмазҳабу гуногункешро ҷонибдорӣ мекард. Яке аз чунин саромадони тариқаи тасаввуф Мансури Ҳаллоҷ буд, ки бо андешаҳои далеронаву бебокона, ошкоргӯиву адолатҷӯӣ ба табақаи ҳукмрони замон ва намояндагони дини расмии он даврон созгор наомад. Ниҳоят, ҳомиёни шариати исломӣ Мансури Ҳаллоҷро бо ҷурми «Аналҳақ» гуфтан ба ҳабс гирифта, баъдан ба қатл расониданд.[7]

Тасаввуф низ оҳиста-оҳиста инзиво ва гӯшанишиниро ба унвони меъёри ризоятӣ пазируфт. Намояндаҳои бузургу барҷастаи тасаввуф берун аз шаҳр ба худ хонақоҳ сохта, пайравону муридони худро дар он ҷо ҷамъ мекарданд ва ба зикру тиловати Қуръон, азияти нафс (гуруснанишинӣ) ва азияти ҷисм (ҳангоми неш задани ягон ҳашарот ё хазанда онро аз бадани худ дур накардан ва гуфтан, ки ин атои худованд аст) машғул мешуданд. Оқибати зикру тиловати Қуръон ва гуруснанишинӣ дар тасаввуф тариқаи нав, яъне рақсу самоъро ба вуҷуд овард. Дар ин тариқа пири хонақоҳ (шайх) ҳамроҳи муридонаш аз ҷой бархоста, ҳарду дастонашонро ба боло мебардоштанд ва гирди худ давр зада, шеъру суруд мехонданд. Бо ин роҳ мехостанд гирифтори «ҳолати ваҷд» шуда, ба Худо наздик шаванд. Ҳолати ваҷд истилоҳи тасаввуфӣ буда, маънояш ин аст, ки гӯё рӯҳи инсон бо Худо мепайвандад ва инсон тобу тоқат наоварда, беҳушу беёд меафтад. Вале гумони ғолиб ин аст, ки бечора пиру мурид ва пайравон аз шиддати гуруснагӣ ва давр задани зиёд сарашон чарх мезад ва нафароне, ки камқувват буданд, дилашон беҳузур шуда, аз даҳонашон кафк мерехт ва беҳушу беёд ба замин меафтиданд.

Шиблии Нуъмонӣ пас аз таҳлили назми арабӣ ва форсӣ ба чунин натиҷа мерасад, ки: «Дар ашъори араб аз шуҷоату баҳодурӣ, ҷонбозӣ, ибои нафс, иқтиҳоми ҳарб, озодӣ, ҷасорат ва меҳмоннавозӣ маонии зиёд ёфт мешавад, ки дар форсӣ хеле кам аст.»[8].  Вале доир ба назми форсӣ чунин мегӯяд: «Мавзӯи ахлоқу мавъизат ва ҳукумат яке аз мавзӯъҳои муҳим шумурда мешавад ва ҳама медонанд, ки дар бесуботии дунё ва панду мавъизат садҳо ҳазор шеър гуфта шуда, лекин дар озодихоҳӣ ва шаҳомату ҷасорат ва пурдилӣ, агар маонӣ пайдо шавад, ангуштшумор аст»[9].

Шуарои инзивоӣ бо ашъори худ нури шуълавари шаҳомату ҷасорат ва шуҷоати мардумро дар қалбҳояшон хомӯш карданд ва то ҳол ба назар мерасад, ки аксарияти мардум ҳангоми ноумедӣ ва дилшикастагӣ на танҳо кӯшишу рағбат ва ҷаҳду талош барои бартараф намудани мушкилот мекунанд, балки фориғболӣ намуда, ба тақдир таслим мешаванд ва интизорӣ мекашанд, ки аз ғайб борони муъҷиза ё каромот ба сари онҳо меборад ва мушкилоти онҳоро бартараф мекунад.

Ҳамин фориғболии мардумро устод С.Айнӣ хеле хуб дарк кард ва тарбиятро аз омӯзонидани тифлон шурӯъ намуда, шеъри бисёр муассир низ эҷод кард, ки натиҷаи он мусаббаби ба майдон омадани якчанд қаҳрамонони миллат ба мисли Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва уламову удабое назири Ш.Ҳусейнзода, М. Шакурӣ, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, Х. Шариф, М. Қосимова  ва дигарон ва аз шоирон бошад, амсоли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ ва дигарон гардид. Дар ин ҷо порае аз шеъри устод Айниро чун намуна ва мисол меоварем:

 Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекориву нодонӣ намонем.

Дар олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

 Ҳамин тавр, ашъори шуарои маддоҳ ва инзивоӣ барои ҷомеа аз манфиат дида мазарраташ (зиёнаш) бештар буд. Чунки шеъри шуарои дарборӣ бештар дар мавзӯи мадҳу сано эҷод гардида ва шоир дар офаридани ашъори мадҳӣ муболиғаро ба ҳадди ифрот расонидааст. Шоирони мунзавӣ бошад мардумро бо ашъори гӯшанишинона, дунёбезорона, сабру қаноатмандонаи худ ба ашхоси мунзавӣ, эҳсосӣ, фориғбол ва хурофотӣ табдил доданд.

Дар маҷмӯъ, агар ашъори шуарои гузаштаро бо шоирони имрӯз муқоиса кунем, бармало мушоҳида мешавад, ки мазомини шоирони маддоҳу инзивоӣ ба шеъри муосир низ таъсири манфии худро расонидааст.

Хулоса, удабои Урупо дар назм муваффақ нашуданд, ки як мавзӯи муҳим ё нуктаи борику дақиқро дар як байт ё мисраъ баён намоянд, вале агар ба насри онҳо назар афканем, бармало мушоҳида мешавад, ки адибони Урупо тавассути наср тавонистанд, ки як таҳаввулу табоддулоти иҷтимоӣ ба вуҷуд биёваранд ва оммаи мардумро ба донишу хирад ва ояндаи нек раҳнамун созанд. Ҳамчунин, назми араб тавонист бо тавсифи шуҷоату баҳодурӣ, озодиву ҷасорат ва меҳмоннавозӣ қабилаву тоифаҳои парокандаи араби бодиянишинро муттаҳид созад ва империяи хулафои рошидинро таъсис диҳад. Назми форсӣ бо суханбозиву лутфи адо, гарчи оламро шефтаву мафтуни худ сохт, вале рисолати иҷтимоии худро сарфи назар карда, дар карахтии фикрӣ, саҳлангории иҷтимоӣ, тавсеаи уқдаҳои равонӣ ва ниҳоятан, ақибмондагӣ ва вопасгароӣ «саҳм» гирифт. Ин аст, ки шинохти шеър, рисолати аслии он, паёмадҳои ногувори мазомини назмии асримиёнагӣ, ки одатан, дар ашъору осори аҳли тасаввуф ва ихлосмандони он таҷассум ёфтаанд, вазифаи муҳаққиқони муосир мебошад.

 Абдухолиқ  ЗУҲУРОВ

ходими илмии Институти масъалаҳои омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

 

[1] Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-аҷам. Баргардон ва таҳияи Одинаев Н.С., Ҳамроқулова З.У. Душанбе: «Ирфон». 2017 с. 194.

[2] Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-аҷам. Баргардон ва таҳияи Одинаев Н.С., Ҳамроқулова З.У. Душанбе: «Ирфон», 2017 -с. 133.

[3] Ҳамон ҷо. с. 151-152.

[4] Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-аҷам. Баргардон ва таҳияи Одинаев Н.С., Ҳамроқулова З.У. Душанбе: «Ирфон», 2017 -с. 146.

[5] Низомии Арўзии Самарқандӣ. Чаҳор мақола Мураттиб ва муаллифони сарсухан Х. Шарифов, У. Тоиров. – Душанбе: Ирфон, 1986, -с. 33.

[6] Рубоиёти Умари Хайём. Душанбе, Комбинати полиграфии Вазорати Маданияти РСС Тоҷикистон, 1963, -с.163.

[7] Расул Ҳодизода Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ Душанбе 1998 саҳ. 4.

[8] Шиблии Нуъмонӣ Шеър-ул-аҷам. Баргардон ва таҳияи Одинаев Н.С., Ҳамроқулова З.У. Душанбе «Ирфон» 2017 саҳ. 191.

[9] Ҳамон ҷо. -с. 155.

Хондан 536 маротиба