JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Дар раванди сиёсати давлатии “дарҳои кушода” олимони кишвар имкон пайдо намуданд, ки натиҷаҳои худро дар маърази байналмиллалӣ изҳор намоянд. Дар ин маврид, аз дастгирию мусоидати ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимон изҳори миннатдорӣ баён менамоянд.

  Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти астрофизикаи АМИТ ва ҳамзамон и.в. ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ мебошад. Натиҷаҳои бадастовардаи назарраси Қоҳирова Г.И. дар конференсияҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар маҷаллаҳои кишвар ва маҷаллаҳои тақризшавандаи бонуфузи байналмилалии ба нашр расидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Қоҳирова Г.И. коршинос-кайҳоншиноси маълум дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва корҳои илмии ў эътироф гардидаанд.

 Дӯсти гиромӣ Нуриддин Шаҳобиддин,

    Шумо ҳанӯз аз замони таъсисёбии Маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” (соли 1993) ба ҳаракати бедории фикрӣ ва озодандешии миллӣ ҳадафмандона пайваста, то ба имрӯз бидуни вақфаю танаффус дар ин масири мушкилписанди зиндагӣ бурдборона ва устуворона гом бармедоред. Аз тарафи дигар, Шумо аз ҷумлаи нахустин ташаббускорону мубтакирони ошноӣ ва дидору мулоқот бо файласуфи фарзонаи миллӣ устод Комил Бекзода маҳсуб меёбед ва мутмаинан, дӯстону рафиқони зиёдеро ба ҳалқаи Маҳфили “Ҷаҳони андеша” овардаед. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо, қабл аз ҳама, дар муҳити маърифати музофотӣ шакл гирифта, пасон дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

  Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, номзади илмҳои техникӣ, Номвар Қурбон иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Мутобиқшавӣ дар ноҳияҳои кӯҳсор ба раванди гармшавии глобалӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

     Имрӯз – 9 январ ҷашни мелоди файласуф, мутафаккир, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ  устод  Комил Бекзода аст. Қаблан устодро ба ҷашни мавлудашон шодбош мегӯем ва чанд мулоҳизаи иҷмолии хешро дар ҳошияи ҷашни зодрӯзи эшон манзури хонандагон месозем.

      Якум. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод  Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад. Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонӣ ва паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ-таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст ва бо тамоми масъулият метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст.

Саҳифа аз 6 то 187