JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 26 Декабри 2017 03:30

Нақши муассисаҳои таълимиву маърифатӣ дар рушди ҳаёти фарҳангии Бухорои Шарқии охири асри XIX –ибтидои асри XX (Тибқи маълумоти “ Таърихи ҳумоюн”-и Гулшанӣ)

Муаллиф:

  Дар осори таърихӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои хаттӣ пиромуни вазъияти иҷтимоиву фарҳангии ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубию шарқии Тоҷикистони кунунӣ (бо номи Бухорои Шарқӣ) маводу бурҳонҳо кам нестанд. Зимнан, ҷуғрофидон ва мутафаккири барҷастаи тоҷики охири асри XIX - ибтидои асри XX Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ, мутахаллис ба Гулшанӣ дар баробари вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин доир ба ҳаёти фарҳангии бекиҳои Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла Ҳисор, Кӯлобу Балҷувон, Қабодиён, Қаратегин, Дарвоз ва амсоли онҳо ахбори бағоят ҷолибу судманд боқӣ гузоштааст, ки то имрӯз аҳамияти илмиву амалиашонро гум накардаанд.

  Воқеан, дар “ Таърихи ҳумоюн”- и Гулшанӣ ҳаёти фарҳангӣ ва маърифатии мардуми аморати Бухорои охири асри XIX - ибтидои асри XX, аз ҷумла тоҷикони Бухорои Шарқӣ (ноҳияҳои марказию ҷанубии Тоҷикистони имрӯза) беҳтару бештар таҳлилу муқоиса ва ҷамъбаст гардида, дараҷаи баланди маърифатнокӣ ва саводнокии тоҷикони ин минтақаи кӯҳистон инъикос ва бозгӯ шудаанд. Ба сифати далелу бурҳони қиёсӣ танҳо ҳаминро зикр кардан кифоят мекунад, ки  маълумот  ва ахбори овардаи Гулшанӣ дар “ Таърихи ҳумоюн” пиромуни теъдоди мадрасаҳо, толибилмони он ва инчунин дигар муассисаҳои маданию маърифатӣ дар Кӯлобу Балҷувону Ҳисор ва дигар мавзеъҳои кӯҳистон куллан хато ва ғалат будани ақидаи то кунун дар илми таърихшиносии тоҷикон ҷой доштаро роҷеъ ба саросар бесавод будани тоҷикон то Инқилоби Ӯктабир ба пуррагӣ собит месозад.[1]

Ёдовар шудани он боиси фараҳмандист,ки дар маъхазу сарчашмаҳо ва дигар матолиби таърихӣ доир ба дараҷаи саводнокию маърифатнокии тоҷикони аморати Бухоро, аз ҷумла Бухорои Шарқӣ (тоҷикони кӯҳистон) маводу санадҳои раднашаванда маҳфуз буда, онҳо дорои аҳамияти илмиву амалӣ мебошанд. Чунончи, дар нимаи якуми асри XIX, аз рӯи ахбори маъхазҳои гуногуни таърихӣ, дар Бухоро 25 мадраса , Қаршӣ 20, Қаратегин беш аз 10 мадраса, Ҳисор 3 мадраса, Қаратоғ як мадраса, дар охири асри XIX бошад, дар Душанбе 2 мадраса, Кангурт 10 мадраса ва дар бисёр шаҳрҳо якмадрасагӣ мавҷуд буданд.[2]

Дар “Таърихи ҳумоюн”– и Гулшанӣ, ҳангоме ки аз вилоят, шаҳру қарияҳои он, аз қабили Қаршию Хузор, Шаҳрисабз, Ҳисору Хатлон, Кӯлобу Қаратегин, Дарвозу Рӯшон, Шуғнону Вахон ва амсоли он сухан меравад, муаллиф кӯшише ба харҷ додааст, то ки дар хусуси на танҳо авзои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, балки пиромуни ҳаёти маданӣ ва рӯзгори фарҳангии он иёлоту шаҳрҳо ва қарияҳо, ба мисли муассисаҳои маданию фарҳангӣ: аҳли илму адаб, теъдоди мактабу мадрасаҳо, масҷиду хонақоҳҳо, уламою фақехон, мударрисон, муллоҳо, шайхҳо, дараҷаи саводнокию сатҳи маърифатнокӣ, қаду қомат, ҳусну зебоӣ, хулқу атвор ва ғайра нуқтаю назари хешро иброз намояд.

Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ дар асараш “Таърихи ҳумоюн” пиромуни иёлатҳои аморати Бухоро, хусусан ҳаёти маданию фарҳангии он санаду бурҳонҳои нишондиҳандаи рушду такомули ин соҳаро овардааст, ки бағоят шоиставу манфиатбахшанд. Аз рӯи иттилои ӯ, дар ибтидои асри XX, дар иёлатҳои Бухоро 199 мадраса ( дар Бухоро ), 50 ҳазор талаба, 391 масҷид ( ҳамагӣ 657 масҷид), 17 хонақоҳ, 615 муаззини Бухоро ва амсоли он мавҷуд буд.[3] Дар рафти сарнагун гаштани аморати Бухоро танҳо дар шаҳри Бухоро 25 мадраса мавҷуд буда, дар онҳо беш аз 30 ҳазор нафар талаба таҳсил мекарданд.

Яке аз марказҳоии фарҳангу тамаддуни Осиёи Миёна шаҳри Насаф маҳсуб ёфта, дар ин ҷо маданияти моддӣ ва маънавӣ ривоҷу равнақ карда буд. Масалан, дар асри XIX Насаф (Қаршӣ) яке аз марказҳои тиҷорати транзитии байни Бухоро ва Афғонистон табдил миёбад, ки дар ин ҷо беш аз 20 мадраса фаъолият мекард, ки онҳоро соҳибкорони асилу кордон, аз ҷумла ашхоси дунявии ба тиҷорат машғул асос гузошта буданд[4]. Ба тариқе Гулшанӣ  тасдиқ  месозад , ки  дар  Насаф  дар  даруни   ҳисори  он  аз  биноҳои қадима  як  мадрасаи  сангин  ва  як  масҷиди одинаи  хеле  васеву  матини  сангин  ва  як   сардобаи  сангини  бағоят  матини  Абдуллохон  мавҷуд  буд. Инчунин  21  масҷиди  дигар  дар  маҳаллот ва  31 мадрасаи  сангин, ба  ғайр  аз  он,  ду  адад  ҳаммом  ва  як адад  тоқи сангин мавҷуд аст[5].

Муаллиф  пиромуни  бекиҳои  гуногуни  аморати  Бухоро, чун Хузор, Шаҳрисабз, Китоб  ва  амсоли он  санаду  далелҳо  оварда, бар он  таъкид  месозад, ки  ҳаёти  фарҳангӣ  дар ин қаламрав  ба  баъзе  дастоварду  комёбӣ ноил  гашта  будааст. Ҳамзамон  дар  аморати  Бухоро,  хусусан  Шаҳрисабз, Китоб  аҳли  илму  маърифат  хеле зиёд  буданд,  зеро  дар ин минтақа  муассисаҳои миёнаву олии  таълимӣ ва  маърифатӣ,  ба  монанди  мактабу  мадрасаҳо амал мекарданд. Чуноне Гулшанӣ қайд  кардааст, “Дар Бухоро аз аҳли таҳсил назар ба аҳолии  Шаҳрисабз  талабаи  аҳолии Китоб  бисёр аст”, чунки ҷавонони  он дар  мадрасаҳои Шаҳрисабз таҳсил мекарданд[6]. Зеро Шаҳрисабз ҳамчун маркази  илму  фарҳанги  водии Кешрӯд  ба  шумор  рафта,  дар  ин ҷо ҳаёти фарҳангӣ  ба  пешравиҳои  қиёсӣ  ноил  гашта будааст. Аз рӯи шаҳодати Гулшанӣ, дар  вилояти  Шаҳрисабз  45 мадраса  мавҷуд  буда, дар  онҳо  талабагони сершумор  таҳсил  менамуданд.  Ба  қавли Гулшанӣ , 10 ҳазор  талаба  дар  мадорису  масҷид  ва  хонақоҳ  таҳсилу истиқомат  доранд[7]. Аз далелу бурҳонҳо  бармеояд ,  ки  дар  вилояти  Шаҳрисабз (Кешрӯд)  ҳаёти  маданӣ  ва  фарҳангӣ  ба  комёбиҳои  азиму  назаррас ноил  гашта будааст.

Дар қаламрави Бухорои  Шарқӣ, аз  ҷумла  ноҳияҳои  Бойсун, Деҳнав, Сариосиё, Юрчӣ, Регар ва ғайра теъдоди муассисаҳои  маданию  таълимӣ, динию  маърифатӣ  сершумор  буданд. Масалан, Гулшанӣ  доир  ба  Деҳнав  арза  медорад , ки “ шаҳри  Деҳнав  суру  қалъаи  рофеъ  дорад. Дар  муҳозии  қӯрғони  он ду  адад  мадрасаи  сангини  васеъи  муштамил  бар  ҳуҷуроти  фавқонӣ  таҳтонии  мутааддида  дорад, ки  пештоқи  онҳо  камоли  рифъат  аз  як  фарсах  роҳ  маръӣ мегардад[8]. Инчунин  дар  дигар ноҳияҳо, ба монанди  Сариосиё, Юрчӣ, Регар  муассисаҳои  маданию  маърифатӣ  ва  динию  таълимӣ  фаъолият  мекарданд. Чунончи,  аз  рӯи маълумоти  Гулшанӣ, дар  сари  бозори  он (Регар) як мадрасаи  чӯбин  муштамил  бар  ҳуҷуроти мутакосира (бисёр, фаровон) дорад , инчунин  маъа  як  хонақоҳи ҷумъа  ва идайн. Ба қурғон  ва финои он 15 адад  масҷиди  дигар  дорад, аммо  дар  қарияҳои он  масоҷид  бисёр  аст[9].

Ҳамзамон  нигоранда  пиромуни  касбу  ҳунар  ва  санъати  базмию  мусиқии  ин  минтақа  изҳори   ақида  намуда,  ахбори  ҷолибу  судбахш  пешкаш  кардааст, ки  аҳамияти  амалӣ  дорад. Масалан , дар  хусуси  мардуми  Дашнобад (Дашти  Набот) сухан  ронда , таъкид  месозад , ки  аҳолии  ин  қария тамоман тоҷик мебошанд. Аксари онҳо аҳли  созу  тарабанд.  Онҳо рӯз  ба  пешаи зироату санъати худ машғуланд  ва  шабона  ба  макони  яке  аз  онҳо  ба  сабили  бадалият  ҷамъ  меоянд  ва  маҳфилу   маҷлис  меороянд , ба  созу  тараб  машғул  мешаванд. Ин  пешаву  андеша  ба  онҳо  абан ва ҷаддан (аз падару аҷдод) нақл  менамоянд , ки маврӯсӣ (меросӣ) аст. Шайху  шоби (пиру ҷавон) онҳо яксон  аст , ҳама  базмию  маҳфилороянд[10].

Шаҳри  Ҳисор  яке  аз  шаҳрҳои  ободу  зебои  музофоти  Ҳисор  буда,  маркази илму адаб , фарҳангу  ҳунар  ва  тиҷорат  ба шумор  мерафт. То  инқилоб  шаҳри  Ҳисор  пойтахти  бекиҳои  Бухорои  Шарқӣ  ба ҳисоб  рафта,  дорои  панҷ  дарвоза, 15 гузар, чаҳор мадраса, 24 масҷид, қалъа, миршабхона, қорихона, мактаби  назди   масҷид, бозори  серодам, корвонсарой ва амсоли  он  будааст[11]. Инчунин идҳои  бошукӯҳи Наврӯз, Қурбон  ва Рамазон  танҳо дар шаҳри  Ҳисор  бо  шукӯҳу  шаҳомати  хосса  гузаронида  мешуданд[12] (15 ,22 ).

Дар  нимаи  дувуми  асри XIX  –  ибтидои асри  XX дар  бекии  Ҳисор  теъдоди  зиёди  мадрасаҳо  ва монанди  он амал мекарданд , ки  дар  такомули  ҳаёти  фарҳангии  Бухорои  Шарқӣ  нақши  бузург  мебозиданд. Дар Ҳисор  бисёр  ёдгориҳои  таърихиву  фарҳангӣ , ба монанди  Мақбараи Маҳдуми  Аъзам ( асри XVI), Мадрасаҳои Кӯҳна  ва Нав (асрҳои  XVII – XVIII), Қалъаи Ҳисор ( асрҳои XVII – XIX) мавҷуд буданд[13]. Имрӯз ин  ёдгориҳои таърихӣ фахри  миллат  ва  ифтихори  ҳар як сокини Ҳисори Шодмон ва умуман, ҷумҳурии соҳибистиқлоламон  мебошанд. Масалан, Қалъаи Ҳисор  ёдгории таърихӣ  буда , ба  асри 3  то мелод  ва ибтидои  асри  XX мансуб аст. Он  дар  6  километр дар  ҷанубию  шарқтари  истгоҳи  роҳи  оҳани Хонақоҳи  ҳудуди  ноҳияи  Ҳисор  воқеъ  аст. Қалъаи Ҳисор   масоҳати 17 га – ро ишғол  намудааст. Танҳо  дар  асрҳои  XVIII  – XIX, пас  аз ба вуҷуд  омадани  бекии Ҳисор  ба қароргоҳи  бек  табдил  ёфт. Дар  охири  асри XIX - ибтидои асри  XX  қароргоҳи беки Ҳисор ба шумор мерафт[14]. Воқеан , Қалъаи Ҳисор  ва  шаҳри зебову пурбаракате , ки  тӯли асрҳо шуҳрати ҷаҳонӣ  дошту  ба он ҷо аз Чину Ҳиндустон , Эрону Афғонистон ва дигар  кишварҳои  дуру  наздик ва ҳатто  мамолики Мағриб  тоҷирон бо корвонҳои  пурбор  омада , аз ин  сарзамин  амволи ба  мамлакаташон  заруриро мебурданд[15] ва дар  рушду  такомули  иртиботи  тиҷорӣ ва  ҳаёти иҷтимоиву  фарҳангӣ  нақши бузург  мегузоштанд. Маҳз имрӯз ёдгориҳои  таърихиву фарҳангии Ҳисор  аз  ҷониби  ҳукумати  ҷумҳурӣ  таъмиру  тармим ёфта  истодаанд. Дар  соли 2011 Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  супориш  дод,  ки  Қалъаи  Ҳисор  ҳамчун  яке аз ёдгориҳои  нодири  таърихию фарҳангии  халқи  куҳанбунёди  тоҷик  аз  ҳисоби  Фонди  захиравии  Президенти  мамлакат  барқарор  ва  обод  карда  шавад.

Ҳамзамон соҳибкорону бозаргонон дар бунёди сохтмонҳои гуногун, аз ҷумла муассисаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ нақши муассир мегузоштанд. Аз рӯи маълумоти Собири Шоҳонӣ, дар миёнаи асри XlX яке аз қалъанишинон, ҳокими довару додгустар, закию раиятпарвари Ҳисори Шодмон, зодаи деҳаи Қаратоғ Абдулкаримхон ба шумор мерафт. Вай марди далеру шуҷоъ, оқилу фозил ва лашкаркаши моҳире буда, дар ободу зебо гардонидани  шаҳомати пойтахти худ - Ҳисори Шодмон эътибори ҷиддӣ медод. Бисёр  биноҳои муҳташами маъмуриву динӣ  ва ҷамъиятиву маърифатии Ҳисор, аз ҷумла иморату саройҳои иловагии дохили қалъа аз ҳисоби хазинаи Абдулкаримхон ва таҳти назорати шахсии ӯ бунёд ёфтаанд[16].

Тазаккури он ҷоиз аст, ки соҳибкорону бозаргонон ва сармоядорони давр дар бунёди муассисаҳои тиҷоративу фарҳангии музофоти Ҳисор нақши муассир гузоштанд. Бино бар ахбори муҳаққиқони тоинқилобии рус Н.Покотило ва А.Лилиентал, яке аз бозаргонони хӯқандӣ ҳамроҳи рақибонаш зимни тиҷорат ва боздид аз Ҳисори Шодмон ба обу ҳавои он мафтун  шуда, пули пасандози хешро  барои сохтмони Мадрасаи Нав иона (хайрия) мекунад. Ишораи шоир Парии Ҳисорӣ дар «Таърихи сарои Ҳисор» аз ин хусус далолат менамояд:

 

«… Ба қасри ҷоҳу давлат то қиёмат,

Хидев Абдукаримбий додҳо дод…

Гузашт аз авҷи торум, гуфт таърих,

Имороте рофеъи сангбунёд».

 

Мисраъи охирин моддаи таърих буда, аз рӯйи ҳисоби абҷад ба соли 1279 ҳиҷрӣ, яъне ба солҳои 1862-1863 мелодӣ баробар аст ва таърихи мазкур роҷеъ ба сохтмони саройи илму маърифат,  яъне Мадрасаи Нав, ки дар аҳди Абдулкаримбий дар Ҳисор бунёд шудааст, ишора мекунад[17].

Дар охири асри XlX – ибтидои асри XX дар музофоти  Ҳисор муассисаҳои илмиву таълимӣ ва динӣ амал менамуданд. Дар маъхазу сарчашмаҳои хаттӣ, осори рангини муаррихон ва амсоли он пиромуни ҳаёти илмиву маърифатӣ, таълимӣ ва фарҳангии Ҳисори Шодмон маводу санадҳои раднопазир мавҷуданд. Чунончӣ, ахбори Гулшанӣ пиромуни вазъи муассисаҳои таълимиву маърифатӣ ва фарҳангии Ҳисори Шодмон низ ҷолибу муҳим аст. Бесабаб нест, ки мутафаккир доир ба марказҳои илмиву фарҳангии Ҳисор сухан ронда, қайд кардааст, ки дар ин ҷо ду мадрасаи сангини дуошёна бо ҳуҷраҳои  зиёд, як  хонақоҳи ҷумъа  ва  идайнхонии  сангин, як мадрасаи   чӯбин машҳур бо номи Чашмаи Моҳиён ва инчунин чанд мадрасаи кӯчаки дигар фаъолият доранд. Аз ин рӯ, аксарияти аҳолии Ҳисори Шодмон аз ҷиҳати маърифат ва саводнокӣ дар дараҷаи хеле баланд қарор доштанд. Ин ақидаро санаду бурҳонҳои овардаи Гулшанӣ низ собит мекунанд. Ба андешаи ҳаққонии нигоранда, «машоихи кибору уламои номдор дар ин мамлакат фаровон аст. Дар дараҳои кӯҳистони он аҳли тақвову вараъ (парҳезгор) ва олимони мунзавӣ (гушанишин) ва одамони касир – ус – син (куҳансол) бағоят фаровон аст. Аҳли илму талабаи ин вилоят бисёр фаровон аст. Мутаҷовиз аз 10 ҳазор нафар талаба мавҷуд аст. Чаро ки ба ҳар дараву қария як адад – ду адад мадрасаи чӯбин мавҷуд аст. Аҳолии кӯҳистон ба касби илм иштиғоли тамом ва ғайрати ҷибиллӣ (табиӣ) доштанд. Лиҳозо аксар аҳли хаймаву хиргоҳ ва косибу тоҷири он ба қадри зарурат аз аҳли илм аст… Аҳолии кӯҳистон ба касби илм гӯйи сабқатро аз аксари аҳолии соири иёлати Бухоро рабудаанд»[18]. Хулласи калом, дар музофоти  Ҳисор, аз ҷумла Душанбе ва амсоли он аз аҳли сулуку машоихи кибор ва мардумони синни онҳо мутавоҷиз аз сад сол бағоят фаровон аст  ва аз удабою шуаро низ бисёр ба назар мерасанд[19].

Дар дигар қарияҳои музофоти Ҳисор, аз ҷумла Душанбе низ муассисаҳои маданию маърифатӣ ва марказҳои илмиву фарҳангӣ мавҷуд буданд. Масалан, бино бар ахбори Гулшанӣ , « дар Душанбе ду масҷиди идайн ва ҷумъа ва 15 масҷиди панҷвақтӣ ва як мадраса ва дорои дусад қишлоқу қария аст»[20].

Муҳаммад Содиқхоҷа Гулшанӣ, ки дар соли 1902 ба Қаратоғ сафар карда буд, дар асараш «Таърихи ҳумоюн» доир ба муассисаҳои маданию маърифатӣ ва истеҳсолию тиҷоратии Қаратоғ чунин маълумот ироа намудааст: “Вилояти Қаратоғ 24 масҷиди панҷвақта , ду масҷиди хонақоҳи ҷумъахонӣ ва идайнхонӣ, 15 корвонсарой,  як қорихона, 200 адад дӯкон ва растаю бозорро доро мебошад…”[21].

Ҳамаи масҷидҳои Қаратоғ то зилзила серодам буданд. Сабаби асосии серодам будани онҳо дар он буд, ки қабл аз ҳама, шаҳри Қаратоғ дар сари   роҳи тиҷоратии Самарқанду Бухоро, Эрону Афғонистон, Қошғари Хитойю Ҳиндустон ҷойгир шуда буд. Аз тарафи дигар, бозори калони шаҳр тамоми тоҷирону соҳибкорон ва косибону ҳунармандони гирду атроф ва инчунин беруниро ба сӯи худ ҷалб мекард. Аз ин рӯ, масҷидҳо шаборӯз амал мекарданд[22]. Дар меҳмонхонаҳои ин ҷо бозаргону соҳибкорон, тоҷирон, сайёҳону сарватмандону меҳмонони гиромиву олиқадр ташриф оварда, базмҳои ҷамшедӣ, суҳбату маҳфилҳо меоростанд.

Ҷавонони соҳибистеъдоди музофоти Ҳисор то инқилоб баҳри омӯзиши саводу маърифат пайваста кӯшиш мекарданд, вале роҳи онҳо душвору мураккаб будааст. Яке аз чунин ҷавонон Раҳматулло Бобоҷонов буд. Раҳматулло дар соли 1882 дар деҳаи Сангмилаи  поёни амлокдории Қаратоғи бекии Ҳисор дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Вай дар хурдсолӣ ба нигоҳубини чорвои ҳамдиёронаш машғул шудааст. Вай ҷавони хеле зирак ва  дорои қобилияти фитрӣ буд. Пас аз хатми мактаб, аввал ба мадрасаи Ҳисор, сипас дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст. Дар он замон таҳсил дар мадраса ба фарзандони камбағал душвор буд. Аз ин рӯ, вай бо ду шарикдарсаш, ки онҳо низ аз водии Ҳисор буданд, дар корвонсаройҳо мардикорӣ мекарданд. Раҳматулло тахминан дар солҳои 1909 – 1910 мадрасаро ба  итмом расонида, чанд маддат дар мадрасаи Ҳисор мударрисӣ мекунад. Озодфикрии ӯ ба рӯҳониён маъқул набуд. Аз ин сабаб, ӯро таъқиб намуданд. Вай маҷбур шуд, ки бо мислиҳати дӯстонаш пинҳонӣ ба Бухоро равад. Ӯ ба мадади шиносҳояш дар Когон (Бухорои Нав) рафта, дар истгоҳи роҳи оҳан ду сол ба сифати боғоҷдор кор кардааст[23].

Дар миёнаи асри XlX Ҳисор аз калонтарин вилоятҳои Бухорои Шарқӣ буда, то андозае маркази ноҳияҳои кӯҳистон ба шумор мерафт. Дар мадрасаҳои Ҳисор толибилмон аз вилоятҳои гирду атроф ва ғайра низ таҳсил мекарданд. Дар нимаи дуюми асри XlX амири Бухоро ҳудуди Бухорои Шарқиро  ба  бекиҳои  зерин:  бекиҳои  Ҳисор , Деҳнав,  Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Балҷувон, Қабодиён, Қаратегин ва Дарвоз тақсим намуд. Аммо пас аз чунин    тақсимот  ҳам  беки Ҳисор  ва ё  қушбегии Ҳисор ҳамчун  ҷонишини  амир  ҳисоб  шуда, бекиҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа  ва Қаратеғин  ба ӯ итоат менамуданд[24].

Хосатан, ҳаёти адабӣ дар  аморати Бухоро ба баъзе  пешрафту такомул ноил гардида, доираи  амалу  фаъолияти  аҳли илму адаб, аз ҷумла шоирону   нависандагон  васеъ  ва густурда  шуда  буд. Зикри  он  нуқта  ҷолиб  аст, ки  амирони  манғити Бухоро , хусусан амир Абдулаҳад  ба  аҳли илму  адаб, аз  ҳама бештар  шоирону  донишмандон  вобаста  ба  мавқеъу  манзалаташон  муносибат карда, ба  онҳо  марҳамату  меҳрубонӣ  зоҳир  менамуд. Ба дарбори аморат ҷалб гардидани  аҳли  илму  адаб аз шукӯҳу шаҳомати  дарбор  ва  давлатдорони  манғитӣ шаҳодат  медод. Амир Абдулаҳад ва амир Олимхон худро ҳамчун илмдӯсту маърифатпарвар ва  адабиётдӯст  нишон  медоданд, чуноне  аксари  подшоҳони   мамолику кишварҳои  Шарқ  ба аҳли  илму  адаб :  шоирону  нависандагон  ва  амсоли он  алоқамандӣ  нишон  медоданд  ва баъзеи  онҳоро  дар  дарбор  ба  кор ҷалб  мекарданд. Устод С. Айнӣ аз  ин хислатҳои  амир Абдулаҳад ёдоварӣ  карда , ишора  бар  он  намудааст, ки: “Амир Абдулаҳад ба  мисли соири  подшоҳони Шарқ ба  шуаро  ва  удабо  робита мекард, худ  ҳам даъвои  шоирӣ  дошт”[25]. Чунончи, амири Бухоро Абдулаҳад ба Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ  таваҷҷуҳи хосса  зоҳир  намуда, ӯро ба сифати надими  дарбор ба  дарбори  аморат  ҷалб  кардааст. Ин  матлаб  дар адабиёти таърихӣ  ишора гардидааст: “Амир Абдулаҳад, ки ба  мақсади  мухолифонашро  таҳти  назорат  гирифтан  онҳоро  ба  хидмати  дарбор  ҷалб  мекард,  аз ин лиҳоз, Гулшаниро низ  ба  хидмати  дарбор  ҳамчун  надим (мушовир) ба  кор даъват намудааст”[26].

Дар Бухорои Шарқӣ ҳаёти фарҳангӣ ва адабӣ аз ҳама бештар дар вилояти Ҳисор ривоҷу равнақ ёфта буд. Аз рӯи маълумоти муҳаққиқи доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ А. Абибов, аз доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ доираи адабии Ҳисор бузургтар буда, нисбатан маркази аксар вилоятҳои кӯҳистон ба шумор мерафт. Зеро қушбегии Ҳисор аз рӯи теъдоди маъмурият ҳам нисбат ба дигар вилоятҳо ҳокимияти васеътар дошт. Муҳити адабии Ҳисор аз рӯи авҷу барори худ ба муҳити адабии Хӯқанди дарбори Умархон баробарӣ менамуд. Аз рӯи ахбори осори адабӣ, дар асри XlX – ибтидои асри XX дар вилояти  Ҳисор 17 нафар шоирон зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Намояндагони барҷастаи муҳити адабии Ҳисор, Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Муҳаммадраҷаби Парӣ, Боби Ирсӣ, Фориғи  Ҳисорӣ ва ғайра ба маҳорати баланди шоирии худ шуҳрат ёфтанд.[27] Ин далелҳо бар он гувоҳӣ медиҳанд, ки муҳити адабии Ҳисори Шодмон дар доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ дорои нуфуз ва эътибори баланд буда, шоирону адибони зиёде ба камол расиданд ва дар рушду такомули адабиёти индавраинаи тоҷикон саҳми босазо гузоштанд.

Тазаккури он ҷоиз аст, ки дар дигар бекиҳои Бухорои Шарқӣ  вазъи ҳаёти маданӣ ва фарҳангӣ то дараҷаи муайян ба пешрафту такомул ноил гардида будааст. Дар Хатлонзамин муассисаҳои таълимии динӣ ва маърифатӣ фаъолона амал мекарданд. Чуноне Гулшанӣ иброз медорад, « дар даруни шаҳр (Кӯлоб) ва фанои (ҳавлиҳо) ин вилоят (Хатлон) мутаҷовиз аз 45 адад мадориси азим, ки ҷамеи он мамлӯ аз аҳли талабаи илм аст, мавҷуд аст. Баъд аз Бухорои Шариф ҳеҷ шаҳр мисли Кӯлоб ба касрати талаба нест, мутаҷовиз аз 30 ҳазор талаба ба шаҳру фанои (ҳавлиҳои) он машғул ба таҳсиланд».  Дар ин марзу бум донишмандону фозилон хеле зиёд буданд. Бино бар маълумоти Гулшанӣ низ, «толибилмҳои  хуби дар Бухоро хатми кутуб намуда бисёр дорад»[28]. Ба қавли ин муаллиф, «аз ин вилоят удабо ва шуаро ва аҳли фазл бисёр зуҳуру буруз менамоянд. Ва дар солифу-з–замон гузашта низ уламои номдор аз ин ҷо бисёр буруз намудаанд…»[29] .

Дар ин минтақа санъати актёрӣ ва мусиқӣ низ ба пешравиҳо ноил гашта буд. Чуноне аз ахбори Гулшанӣ бармеояд, «аҳолии ин марзу бум хушмашраб, толиби созу тарабанд. Талабаи он ба хондани нақши мулло маҳорат доранд ва авоми он аксар иштиёқу шавқ ба рубоб доранд, ба мазоқи  завқӣ аҳли Бадахшон ва нағомоти онҳо маҳорат доранд»[30].

Дар ҷои дигар,  мутафаккири номӣ таъкид менамояд, ки «аҳолии тоҷики вилояти мазкур (Хатлон) ба ҳусну  ҷамол машҳуранд. Ва дар дараҳои кӯҳистони ин вилоят аҳли сулуку машоихи кибор бағоят фаровонанд ва ба ироати тариқи ҳаққа машғуланд»[31].

Дар Балҷувон низ муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, динию фарҳангӣ мавҷуд буд. Бино бар маълумоти Гулшанӣ, вилояти Балҷувон мутаҷовиз аз 15 адад мадориси чӯбин дорад. Вале аҳли талабаи вилояти Балҷувон нисбат ба Кӯлоб кам аст. Лиҳозо аҳолии ин вилоят аз беилмӣ ба фоқа (тангдастӣ) мубталоянд. Дар ин ҷо масҷиду хонақоҳ хеле зиёд буданд. Ба қавли Гулшанӣ, дар вилоят 4 хонақоҳи ҷумъа ва идайн, ки яки он дар сари мазори Хоҷаи Балҷувон аст, мавҷуд буд. Инчунин дар шаҳру финои он миқдори 45 адад масоҷоди дигар дорад»[32]. Ҳамчунин Гулшанӣ пиромуни ҳаёти фарҳангии Ховалинг сухан ронда, қайд карда буд, ки дар аксар қарияҳои азим мадрасаҳои чӯбин мавҷуд буда, мударриси онҳо аксар шайханд. Таълими илми қолу ҳол низ менамуданд. Аҳли талабаи илм ва машоихи ин вилоят низ бисёранд. Мардуми ин вилоят нисбат ба аҳолии Балҷувон холиқу воҷеҳанд ва  хушунати  табъ надоранд ва  бар хилофи аҳолии Балҷувон»[33].

Кангурт низ ба ҳайати вилояти Балҷувон дохил мешуд, ки аҳолии онро тоҷикон ташкил медоданд. Ба қавли Гулшанӣ, касбу пешаи онҳо асосан тиллошӯӣ буда, аз ин ҳисоб зиндагӣ мекарданд. Аҳолии ин марзу бум аз илму саноат бебаҳра буда, ба ғайр аз зироату тиллошӯӣ пешаи дигар надоштанд. Ба қавли Гулшанӣ, онҳо мардуми камҳавсала ва беғайрат маҳсуб меёфтанд[34].

Дар мақолаи ҳаштум: «Зикри иёлати Қалъаи Хум, яъне Дарвоз», муаллиф доир ба ҳаёти фарҳангии ин мардум изҳори ақида карда, андешаҳои ҷолибу судбахш баён месозад. Чунончи, Гулшанӣ доир ба сокинони Дарвоз ва иёлатҳои он истинод намуда, таъкид месозад, ки «аҳолии ин ҷо ҳама тоҷиканд. Аҳли талабаи илм дар ин ҷо фаровон аст ва аҳолии он закитабъ, ҳуззолу (ҳазлгӯ, хушсухан) забоновар ва бадеҳагӯянд. Аксари онҳо аҳли хату савод мебошанд».

Дар байни мардуми кӯҳистон саводнокӣ дар сатҳи нисбатан баланд қарор дошт. Манбаъҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари мардуми ин ҷо аҳли хату савод будаанд. Бо итминони Гулшанӣ, аҳли талабаи илм дар ин ҷо (Чиҳилдара, яке аз қасабаҳои Дарвоз) фаровон аст ва мардуми он закитабъ ва ҳаззолу забоновар ва бадеҳагӯй мебошанд.

Қасабаи сеюми он, Тавилдара буда, аз ободтарин қасабаи иёлати Дарвоз ба ҳисоб мерафт. Тавилдара, - қайд кардааст муаллиф, - ба хушҳавоӣ ва дилкушоӣ сонии иснайни (дуюмин)-и фирдавсу ҷаннат аст. Ва ин аъзами қасаботу қитъаоти вилояти Дарвоз аст. Дар Тавилдара, асосан тоҷикон аҳолии бумӣ ба шумор мераванд. Зимнан, дар Тавилдара ҳаёти маданӣ чандон қафомонда набудааст. Ба қавли Гулшанӣ, сокинони Тавилдара бағоят соҳиби фасоҳату балоғат буда, аксари онҳо шуаро ва удабоянд. Ҳама закитабъу базлагӯй ва латифагӯю забоноваранд. Ин воҳа шуарои ширинкаломи бисёр дорад ва аз он ҷумла аз шуарои мотақаддами онҳо Нокомӣ ва Маҳҷур мебошанд. Алъон низ шуарои фасеҳ ва балеғ дорад.  Қаблан олимони мутабаҳҳир дорад, дар бораи  Бухорои Шариф хатми кутуби мутадовила( маъмулӣ, расмшуда) намуда, ба ватани хеш омадаанд, сафи онҳо хеле зиёданд. Аҳолии ин ҷо зукуран ва уносан (марду зан) халиқу забоновар ва латифагӯйянд. Онҳо бағоят мардумони хушлаҳҷа ва ширинсухан мебошанд.

Ҳаёти фарҳангӣ дар вилояти Қаратегин дар ҷараёни пешрафт  қарор доштааст. Хусусан, дар байни тоҷикон аҳли савод бештар буданд. Дар ин хусус ахбори сарчашмаҳои хаттӣ ба пуррагӣ шаҳодат медиҳанд.  Дар «Таърихи ҳумоюн»- и Гулшанӣ низ пиромуни саводнокии тоҷикон, миқдори мактабу мадрасаҳо, талабагони онҳо, зиёд будани аҳли илму адаб ва монанди он санаду бурҳонҳои судбахш мавҷуданд. Бино бар ахбори Гулшанӣ, тамоми аҳолии 18 қӯрғон ва қалъаҳо саросар тоҷик буда, ба илму дониш ва маърифат мароқи зиёде доштанд. Бино бар истилоҳи Гулшанӣ, сокинони қалъаҳои мазкур ҳама мардуми қавиҳайкал ва қавию – ул –буняанд, ба заковату фаросат ва имтиёзи сухан машҳуранд, ба касби илм иштиғоли тамом  доранд. Инчунин олимони мутабаҳҳир ( бисёр доно, хирадманд) дар ин вилоят бисёранд ва талаботи онҳо низ фаровон аст. Аксари онҳо ба Бухорои Шариф омада, касби улуми мутадовилаи байна – ал – уламоро намуда, ба ватани хеш рафтаанд. Аз ин қабил асҳоби фазл ва арбоби дониш бисёр дорад.

Ҳамин тариқ, аз баррасӣ ва муқоисаи маводу санадҳои гуногуни илмиву адабӣ ва таърихӣ бармеояд, ки дар охири асри XlX ва ибтидои асри XX дар қаламрави Бухорои Шарқӣ дигаргунсозиҳои муҳими иҷтимоӣ, навгониҳои илмиву техникӣ ва фарҳангӣ  ба амал омаданд. Ин дигаргуниҳо, пеш аз ҳама, дар рӯзгори мардуми маҳаллӣ роҳ ёфтани навгониҳои илмиву техникӣ, масалан, ароба, фойтун, қатора, чароғи карасинӣ ва бисёр дигарон ба ҳисоб мерафтанд. Хосатан, дар ин давра муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва динию маърифатӣ, ба монанди мадрасаҳо, масҷиду хонақоҳҳо ва ғайра бунёд ёфта, дар рушду нумӯи саводнокӣ ва маърифати мардуми маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонон нақши муассир гузоштанд. Ба ғайр аз он, дар бекиҳои Бухорои Шарқӣ як зумра шоирону мутафаккирон зиндагӣ ва фаъолият намуда, дар инкишофи доираҳои адабии на танҳо  Ҳисори Шодмон, балки қаламрави Бухорои Шарқӣ саҳми калон гузоштанд.

Юсуфи ШОДИПУР

н. и. т., дотсенти ДМТ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

[1] Гулшанӣ М. С. Таърихи ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷ. Назриев. – Душанбе, 2006.-168 с.

[2] Мирбобоев А. История  мадраса Таджикистана . -  Ч. 2. - Душанбе, 1994. – 72 с.

[3] Гулшанӣ М. С. Таърихи ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷ. Назриев. – Душанбе, 2006.-168 с.

[4] Мирбобоев А. История  мадраса Таджикистана . -  Ч. 2. - Душанбе, 1994. – 72 с.

[5] Ҳамин ҷо. С.89.

[6] Ҳамин ҷо. С.116.

[7] Ҳамин ҷо. С.113.

[8] Ҳамин ҷо. С.132.

[9] Ҳамин ҷо. С.131

[10] Ҳамин ҷо. С.131-132.

[11] Шоҳонӣ С. Қалъаи  Ҳисор: (Ривоят ва  ҳақиқат). – Душанбе: Ирфон, 2002.

[12] Шоҳонӣ С. Қалъаи  Ҳисор: (Ривоят ва  ҳақиқат). – Душанбе: Ирфон, 2002.- с.22.

[13]Тошев А. Ҳисор // ЭСТ.- Ҷ. 8. - Душанбе, 1988. –С. 397-398.

[14] Отахонов Т.  Қалъаи Ҳисор //ЭСТ. – Ҷ . 8. -  Душанбе , 1988. – С. 281-282.

[15]Азиз Ф., Одина С. Ҳисори Шодмон: Аз бостон то ин замон.- Душанбе, 2013. – С. 109.

[16] Шоҳонӣ С. Қалъаи  Ҳисор: (Ривоят ва  ҳақиқат). – Душанбе: Ирфон, 2002.- С.30.

[17] Азиз Ф., Одина С. Ҳисори Шодмон: Аз бостон то ин замон.- Душанбе, 2013. – 369 с.

[18] Гулшанӣ М. С. Таърихи ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷ. Назриев. – Душанбе, 2006.-168 с.

[19] Ҳамин ҷо. С. 127.

[20] Ҳамин ҷо. С.128.

[21] Ҳамин ҷо. С. 125.

[22] Ҷӯрабой Р. Масҷиди Қаратоғ // Муроди дилҳо. - Душанбе , 1999. - С. 124 --125.

[23] Келдиев. И. Муборизи роҳи ҳақиқат ва адолат//Сарнавишти Ҳоҷӣ  Раҳматулло. – Душунбе,1997. – С.26 – 28

[24] Абибов А. Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ: (Асри XIX –ибтидои асри XX ).- Душанбе: Дониш, 1984.- 240 с.

[25] Айнӣ С. Таърихи амирони  манғитияи  Бухоро //  Куллиёт . – Ҷ. 10. – Душанбе ,1966 – С. 6. –192.

[26] Малтсев Ю.,  Сиддиқов  С.  Гулшанӣ  Содиқхоҷаи  Бухороӣ // ЭСТ. – Ҷ.2. – Душанбе, 1980. –С. 161

[27] Абибов А. Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ: (Асри XIX –ибтидои асри XX ).- Душанбе: Дониш, 1984.- 234 с.

[28] Гулшанӣ М. С. Таърихи ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷ. Назриев. – Душанбе, 2006.-142 с.

[29] Ҳамин ҷо. С.142.

[30] Ҳамин ҷо. С.142-143.

[31] Ҳамин ҷо. С.144.

[32] Ҳамин ҷо. С.145.

[33] Ҳамин ҷо. С.147.

[34] Ҳамин ҷо. С.148.

Хондан 2989 маротиба