JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 10 Апрели 2019 10:01

Омӯзгор ва вазъи ҷаҳонбинии илмӣ (гузориши масъала)

Муаллиф:
Омӯзгор ва вазъи ҷаҳонбинии илмӣ (гузориши масъала) https://st.depositphotos.com/2964705/3741/i/950/depositphotos_37415109-stock-photo-little-cute-boy-with-teacher.jpg

  Башарият дар тӯли таърих тамоми мушкилот: дарду ранҷ, заъфу нотавонӣ, мусибату хатарот, яъсу ноумедӣ, бархӯрди нобаробару номутавозин бо ҳаводиси даҳшатбори табиӣ, фалокату фоҷеот ва амсоли инҳоро бо неруи ақлу хирад ва илму дониш таҳаммул ва ҷуброн намуда, ҷараёни муқовимату муборизаҳои худро алайҳи мушкилоти рӯзгор то имрӯз идома дода истодааст ва ин раванд оянда низ вусъат хоҳад ёфт. Ногуфта намонад, ки дар ҷаҳони муосири мутамаддин, бо назардошти шароити фаннию техникӣ ҷараёни муборизаи инсони боақл, ҳушманд, донишманду бофаросат суръати тоза касб мекунад. Аммо, мутаассифона, протсесси муҷаҳҳазшавӣ бо илму дониши зинда ва замонавӣ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ кунду заиф ба назар мерасад (ҳарчанд дар ин самт баъзе пешравиҳо мушоҳида мешаванд, аммо, ба таври куллӣ, вазъи фарогирии донишу ҷаҳонбинии илмӣ дар минтақа ба талаботи имрӯзӣ ҷавобгӯ нест). Албатта. мушкилот зиёданд, вале мушкили асосӣ, ба назари мо, заъфи биниши илмӣ дар ҷомеа мебошад.

  Дар зимн, ҷаҳонбинӣ маҷмӯи огоҳӣ, тасаввурот ва донишҳои инсон дар бораи олами ҳастӣ ва ҷомеа мебошад. Муҳимтар аз ҳама, ковишу ҷустуҷӯйи маънои вуҷуд ва мақоми инсон дар олами ҳасту буд аз вижагии ҷаҳонбинӣ маҳсуб меёбад. Инсон маҳз тавассути фарогирии анвои ҷаҳонбинӣ – бинишҳои асотирӣ, динӣ, илмӣ ва фалсафӣ аз як давру марҳила ба давру марҳилаи дигари таърихӣ ворид гардида, дар қолаби бинишҳо зиндагиашро созмон дода, ба рушду таҳаввул расидааст. Ҷараёни рушду таҳаввули шахсияти инсон, ки бар асоси  биниши илмӣ ва фалсафӣ имконпазир гардидааст, то имрӯз муваффақона идома меёбад. Аммо чигунагии ҷаҳонбинӣ дар ташаккул ва рушди шахсияти инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Агар аҳли зиё, ки омӯзгор ба ин табақа шомил аст, дар рақобатҳои имрӯзии фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ, ғолибан бар ҷаҳонбинии динӣ такя кунад, хурофоту таассуб дар ҳар шакле бар ҷомеа мусаллат ва билохира вазъи буҳронӣ дар минтақа ҳукмфармо мегардад. Бинобар ин, оромиши фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ба нуфузи ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ дар ҷомеа вобаста аст.

  Маълум аст, ки дар саргаҳи тараққиёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ омӯзгор қарор дорад. Омӯзгоре, ки бо неру ва тавони зарурии зеҳнӣ, илмӣ ва ақлонӣ масири зиндагии ҷомеаро, сифатан тағйир медиҳад ва насли наврасу ҷавонро ба сӯйи хирадварзӣ ва фазилатмандӣ раҳнамун месозад. Маҳз омӯзгор бо дониш, биниш ва фазилату фаросати худ наврас, насли ҷавон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаро аз вартаи хатарбори ҷаҳолату таассуб. ки тавлидгари торикию зулмот аст, мераҳонад  ва ба сӯйи рӯшанию доноӣ  раҳсипор мекунад. Албатта, манзури мо омӯзгорест, ки донишу ҷаҳонбинии илмӣ дорад ва тарзу тариқи фаҳму дарки олам, ҳодисаю воқеаҳо, шикасту рехт ва бурду бохти ҷаҳони инсониро бо диди тоза ва орӣ аз таассубу хурофот ба хонанда мерасонад. Мутаассифона, вазъи имрӯзаи фикрӣ ва маънавӣ баёнгари он аст, ки на ҳама омӯзгор дониши хуби ихтисосӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҷаҳонбинии илмӣ дорад ва дар шарҳу тавзеҳи масъалаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ, илмию  фалсафӣ ва ахлоқию зебоишиносӣ, ки дар ҷараёни дарс, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ, ихтиёрию беиихтиёр зоҳир мешаванд, моҳир аст. Маҳорати омӯзгор дар баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳо ва шарҳи ҳодисаҳо ӯро миёни на танҳо хонандагон, балки байни табақаҳои гуногуни ҷомеа обрӯманд месозад.

  Бояд зикр кард, ки пешравию инкишофи мактабу маорифи кишвар танҳо ва танҳо ба донишу ҷаҳонбинии зарурии омӯзгор бастагӣ дорад. Агар, фарз кунем, омӯзгор тамоми методу усулҳои танзими дарсро донаду онҳоро ба таври бояду шояд дар раванди тадрис истифода намояд  ҳам, дар сурати надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ҳадафмандии дарс, ки дар илмияти маводи таълимӣ  зоҳир мегардад, таъмин намешавад ва ин заъфи фикрӣ, аз устод ба таври силсила ва занҷир ба шогирд ва ниҳоятан ба ҷомеа интиқол меёбад. Шогирдон минбаъд мактабро хатм намуда, дар байни мардум кору фаъолият мекунанд ва зарфиятҳои маҳдуди фикрию ақлониро  бо худ -- ба ҷойи кору фаъолият  мебаранд. Аслан, сабаби ба самти донишу биниши илмӣ нагаравидани омӯзгорон дар камхонию камҷустории онҳо зоҳир мегардад. Ба таъбири дигар, муаллимони имрӯза, аксаран,  завқи кунҷковӣ, шавқи ковишу ҷустуҷӯи масъалаҳои муҳиму ҷолиби илмӣ-фалсафӣ, таърихӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиро надоранд ва зиёда аз ҳама, дар дарёфт ва мутолеаи маводи илмӣ-таҳқиқӣ, аслан беҳавсалаанд. Албатта, шароити иқтисодӣ, камбуди молию пулӣ, буҳрони молиявӣ дар коҳиш ёфтани сатҳи ковишу ҷустуҷӯ ва мутолеаи омӯзгорон таъсири манфӣ расондааст ва имрӯз низ ба  раванди бинишмандии омӯзгор аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунанд. Дар деҳот омӯзгор шояд ба адабиёти илмӣ-таҳқиқотӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои илмӣ-таҳлилӣ, ки маҳз дар онҳо масъалаҳои мухталифи илмӣ-фалсафӣ бозгӯ ва баррасӣ мегарданд, кам дастрасӣ дошта бошад. Воқеан, дар деҳот мушкилоти зиёди молиявию пулӣ, хонаводагию хоҷагидорӣ зиндагии омӯзгорро дунболагирӣ намуда, фурсати мутолеот, огоҳӣ аз масоили муҳимми илмӣ-фалсафиро хеле маҳдуд мекунад. Аммо дар шаҳр низ дар робита ба ин масъала вазъ чандон беҳтар нест, балки дар бисёр ҳолатҳо нигароникунанда аст.

  Дар шароити ҳозир надоштани ҷаҳонбинии илмӣ-таҳлилӣ дар байни табақаи омӯзгор ба як мушкилии саросарӣ табдил ёфта истодааст ва ҳалли бетаъхири он вазифаи тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ ва маърифатии кишвар ба ҳисоб меравад. Ба доми таассубу хурофот гирифтор шудани ҷомеа ва баъзе ашхоси фарҳангии кишвар гувоҳи он аст, ки биниши илмӣ дар минтақа ба буҳрон ё кризиси амиқ  рӯ ба рӯ шудааст. Ин аст, ки ҷаҳолату хурофот ва таассуб ниҳодҳои гуногуни иҷтимоиро фаро гирифта, ҷомеаро ба ҳолати карахтӣ вомедорад. Барҳақ, шоире муносиби ҳол рубоии  зеринро сурудааст:

                   Бо ҷаҳл бубаста дасту фарёд кунем,

                   Мушкил пайи мушкилот эҷод кунем.

                   Бо ҷаҳлу таассубу хурофоти азим,

                   Ин умри азизи хеш барбод кунем.

  Дар ҳақиқат, ҷаҳлу хурофот дар миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ реша давонида истодааст ва рафъи ин нуқсони даҳшатбор ва хатарзо аз мо — ходимони мактабу маорифи кишвар масъулияти фаровонеро тақозо мекунад. Кор то ба ҷое расидааст, ки аксарияти омӯзгорон дар доираи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ қарор дошта, шеваи тафаккури ҷадид ва ҷаҳонбинии илмиро на танҳо намеписанданд, балки аз он дурӣ меҷӯянд (ва дар бисёр мавридҳо аз биниши илмӣ ва фалсафӣ, ки аз дигар анвои ҷаҳонбинӣ бо шакку тардид, чуну чаро ва интиқодоти мудаллал фарқ мекунад, сахт меҳаросанд). Ростӣ, вазъи номусоиди фикрию бинишӣ ба дурнамои сиёсати маорифи кишвар бетаъсир намемонад  ва ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик як навъ таҳдиду хатар эҷод мекунад. Тасаввур кунед: агар муаллим ва омӯзгор дар ҳолати фақри фикрӣ ва буҳрони андешавӣ қарор дошта бошад, чӣ гуна метавонад ба насли наврас ва натиҷатан, ба ҷомеа таъсири мусбат расонад? Ба ҳар сурат, иддае аз омӯзгорон имрӯз ба вартаи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ афтида, ба сабаби кӯрзавқӣ, камҳавсалагӣ, фориғболӣ, камандешӣ, каммутолеагӣ ва саранҷом бемасъулиятӣ дар ҳолати фақри қарор гирифта, дар баробари ҳуҷумҳои идеологии бегона истодагарӣ карда наметавонанд (аксар маврид, ба сабаби безавқию камҳавсалагӣ ба домони хурофот часпида, аз мутаассибони динӣ-мазҳабӣ дифоъ мекунанд). Ин вазъияти ногувор боиси нигарониҳои ҷиддӣ мегардад ва воқеан, ҷойи нигаронӣ вуҷуд дорад.

  Рафъи буҳрони мавҷуда, пеш аз ҳама, ба дӯши ниҳодҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ, ки пешсафи онҳо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, вогузор мешавад. Дар замони шӯравӣ омӯзгорон яке аз пешсафони асосӣ дар самти тарғиби илму фарҳанг ва сиёсати давлатӣ шинохта шуда буданд ва ҳалли мушкилоти фикрӣ-идеологӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, ахлоқӣ дар доираи салоҳияти онҳо ғунҷоиш ёфта буд. Дар шароити имрӯза омӯзгор  мавқеъ ва мақоми сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангии қаблиашро тақрибан аз даст дода истодааст. Аз рӯйи мушоҳидаҳо, баъзе аз омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ аз ин буҳрон дар канор намондаанд ва аз камбуду нуқсони биниши илмӣ ва фалсафӣ ранҷ мебаранд. Барои он ки вазъи куллӣ дар самти омӯзиши ҷиддии масъалаҳои илмию ихтисосӣ ва андӯхтани таҷрибаи пешқадами илми ватанию ҷаҳонӣ то андозае тағйир ёбад, зарур аст, ки омӯзгорони фанҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла забону адабиёт ва таъриху ҳуқуқ ба ҷустуҷӯйи маводи илмӣ-тадқиқотӣ доир ба ихтисосҳои худ машғул шаванд ва бо ин васила дар ташаккули шуурнокии насли наврас ва ҷавон саҳми муносиб бигиранд.

  Бояд зикр кард, ки ҷаҳонбинии инсон вақте шакл мегирад, ки ба омӯзиши илмҳои фалсафӣ ҷиддӣ машғул шавад, на аз рӯйи ҳавою ҳавас. Танҳо дар натиҷаи омӯзиш ва мутолеаи адабиёти фалсафӣ биниши инсон ташаккул меёбад ва сатҳи илмӣ-мантиқӣ мегирад.

  Таҷрибаи фаъолият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар чанд соли ахир моро ба чунин натиҷа мерасонад, ки зуҳури буҳронҳои ахлоқию фикрӣ дар ҷомеаи муосири тоҷикӣ маҳз ба тамоюли дур шудан аз биниши илмӣ-фалсафӣ ва мувоҷеҳ шудан ба биниши хурофотӣ иртибот мегирад. Аксари омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз камбуди ҷаҳонбинии илмӣ мушкил мекашанд ва ҷиҳати рафъи камбуд, ки хатароти даҳшатборро дар пай дорад, саъю талош намеварзанд. Ин мушкил рӯ ба афзоиш аст ва мо ҳам ба хотири гӯшзад кардани мушкилот ва рафъи камбуду навоқиси ҷойдошта дар самти ҷаҳонбинии омӯзгори имрӯза чунин матлаби кӯтоҳро иншо намудем.  Ба ин минвол, ҷомеаи дар гирдоби хурофоту таассуб ғутидаро танҳо неруи зеҳнӣ (интеллигенсия), ки дар саргаҳи он омӯзгор меистад, наҷот дода метавонад, ҳол он ки як қисми зиёиёни мо дар банди хурофот гирифторанд. Ин аст, ки бидуни доштани ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ халос шудан аз гирдобҳои ҷаҳолату хурофот имконнопазир аст. Ба  қавли  Мавлоно  Ҷалолуддини Балхӣ:

 

Эй басо, олим зи дониш бенасиб,

Ҳофизи ом аст он кас, не ҳабиб.

 

  Дурнамои рушди ҷомеаи тоҷикӣ ба омӯзгор бастагии зич дорад. Ба омӯзгоре, ки биниши илмӣ дорад, на дар доираи хурофоту таассуб меандешад ва насли наврасу ҷавонро мисли худаш ба гирдоби ҷаҳолат мубтало мекунад. Ин аст, ки мо, омӯзгорон бояд дар роҳи иҷрои рисолати асосӣ ва ҷавҳарии худ – шиносондани арзишҳои миллию инсонӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ ва ба ин восита берун кашидани мардум аз вартаи нодонию хурофотпарастӣ аз тамоми имконоти фикрию равонӣ истифода намуда, дар ин масир қадамҳои устувор бардорем.

 

Нурова МАТЛУБА

омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумии №91

ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (14), 2019

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Адабиёт

1.Антология мировой философии. –Том 2.–Москва: Мысль, 1970.

2.Гросс Джо-Анн. Мусульманская Центральная Азия. –Душанбе, 2004.

3.Малоирӣ Муҳаммадӣ. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ, ҷилди аввал,- Теҳрон, 1372. 

4.Нӯъмон Неъматов. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х-Х. –Душанбе: Ирфон, 1989.

5.Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. Баргардон: доктор Луқмон Бойматов. Виростор: доктор Сайфуллоҳ Муллоҷон. –Душанбе, 2011.

6.Ҷаъфарӣ Муҳаммадтақӣ. Мавлавӣ ва ҷаҳонбиниҳо. Теҳрон, 1377.

Хондан 1817 маротиба