JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 27 Майи 2019 10:38

Ономастикаи Тоҷикистон: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва забоншиносӣ

Муаллиф:

 Мақолаи мазкур ба масъалаи сиёсати давлатии забон ва хосан, таҷдиди назар ва ё эҳёи намудани топонимҳои таърихии мантақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки дар он муаллифон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва забоншиносии ин номвожаҳои ҷуғрофии маҳалҳоро мавриди таҳқиқ ва баррасии ҳамаҷониба қарор додаанд.

 Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимми давлат ва давлатдорӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ба рушду инкишоф ва таҳкими ҳамаҷонибаи он дар тамоми сохторҳои идораи давлатӣ ва ғайридавлатии мамлакат бояд аҳамияти махсус зоҳир карда шавад. Забони миллии тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун забони расмӣ – коргузорӣ ва давлатдорӣ пас аз қабули Қонуни забон амалӣ гардид.

Бояд зикр намуд, ки Сардори давлат ҳамеша ба татбиқи Қонуни забон аҳамияти ҷиддӣ ва махсус зоҳир менамоянд. Дар ҳар як баромаду суханрониҳо, суҳбатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ перомуни волоияти забони давлатӣ,  тозагии забони воситаҳои ахбори умум, истифодаи забони адабӣ дар таълиму муошират таъкид намуда, дар баробари ин бобати рушду инкишофи забони адабии тоҷик дар тамоми бахшҳои ҷомеа изҳори ақида менамоянд.

Маҳз бо пешниҳоду дастгирии ҳамарӯза ва талаботи қотеонаи Президенти кишвар буд, ки забони тоҷикӣ тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ ба як қатор пешрафту комёбиҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, мо боэътимоди комил гуфта метавонем, ки тамоми коргузорӣ ва санаднигории муассисаҳои давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллии кишвар, мукотиба ва раду бадали санаду ҳуҷҷатҳои расмӣ ва давлатӣ,  таҳия ва интишори қарору фармоишот ва амру фармонҳои мақомоти олии иҷроия ва қонунгузории мамлакат ба забони давлатӣ омода мегарданд ва ҷаласаву машваратҳо ва нишасту вохӯриҳои сатҳҳои гуногуни мақомоти идораи давлатӣ ва созмонҳои байналмилаливу ғайридавлатии дохиликишвар ба забони тоҷикӣ сурат мегиранд.

Бо вуҷуди ин пешравию муваффақиятҳои қобили таваҷҷӯҳ ва шоёни ифтихору таҳсин дар раванди татбиқи бахшҳои алоҳидаи сиёсатидавлати забон як идда костагиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи масъулин ва аҳли фарҳанги кишвар ба ислоҳи саривақтии онҳо зикрашонро бамаврид мешуморем ва ин ҳам яке аз самтҳои назаррас ва муҳимми сиёсати забонии ҳар як кишвари соҳибистиқлол – ном ва номгузории маҳалҳо ба шумор меравад.

Албатта, суннати ному номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва маҳаллии кишвар таърихи куҳан ва тӯлониро дарбар мегирад ва ин яке аз бахшҳои муҳим ва асосии сиёсати давлатии забон ва талаботи имрӯзаи роҳбарияти кишвар мебошад. Истиқлолияти кунунии давлат тақозо менамояд, ки тамоми суннатҳои номгузории кишвар ба рӯҳи имрӯзаи ҷомеа мувофиқ ва мутобиқ карда шаванд.

Чи тавре ки Президенти кишвар чанд сол қабл дар мақолаашон зикр намудаанд: «… номгузории ашхос ва мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар қисми ниҳоят муҳим ва арзишманди суннати номгузории буда, чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштаи ҳар қавму миллат ба шумор мераванд» [5, 140].

Табдил ва иваз намудан ва ё ба талаботи меъёрҳои забони адабӣ ва табиати забони асили тоҷикӣ мувофиқ намудани ному номгузории мавзеъҳои ҷуғрофию маҳаллии мамлакат борҳост, ки аз ҷониби мақомоти олии кишвар садо медиҳад ва суханронии чанд соли пеш дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба муносибати 60-умин солгарди таъсисёбии вилояти Ленинобод эроднамудаи Сардори давлатро ёдовар шудан мумкин аст, ки бобати табдил намудани номи вилояти Ленинобод ба Суғд, Ӯротеппа ба Истаравшан, Қаротегин ба Рашт ишора рафта буд.

Дар ин ҷаласаи бошукӯҳ Президент дар баробари баррасии паҳлуҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар бевосита ба таъриху тамаддун, ифтихори миллию ҳисси худшиносиву худогоҳии тоҷикон таваҷҷуҳ намуданд ва дар мавриди ҳуввияти ватандорию ободонии ватан, арҷгузорӣ ва эҳёи суннатҳои номгузории миллиамон чунин иброз доштанд: «…Машъали роҳи мо ба сӯи оянда, анъанаву оинҳои деринаи халқамон, мероси бузурги фарҳангии миллатамон ва таърихи пурифтихори сарзаминамон мебошад.

Аз ин рӯ, бамаврид аст, ки … бори дигар таърихи куҳани ин сарзаминро ба хотир оварем. Аз Хуҷанди бостонӣ,  Истаравшани куҳанбунёд ва Суғди овозадор ёдовар шавем».

Мусаллам аст, ки таҷдиди назари номҳои ҷуғрофии маҳалҳо, табдил ва ё ба асл баргардонидани онҳо танҳо пас аз қабули Қонуни забони ҶТ (1989) ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба миён омад ва ин масъала дар боби 5, банди 11-и Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид ёфтааст. Дар Қонунҳои мазкур бобати номгузори маҳалҳо бахши махсус ҷудо шудааст ва дар яке аз бандҳои он ба таври мушаххас чунин нигошта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон исм ва номҳои тоҷикӣ,  топонимҳои таърихии ҳудуди ҷумҳуриро ҳифз менамояд, номгузории нав, табдили номи шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, тағйири номҳои мероси таърихӣ ва табииро таҳти назорати аҳли ҷомеа қарор медиҳад» [3, 11].

 Ҳамзамон дар заминаи Қонуни забон дар тамоми сохторҳои мақомоти ҳокимияти идораи давлатии шаҳру вилоятҳо, шаҳраку ноҳияҳо комиссияҳои босалоҳияти номгузорӣ ба кори худ шурӯъ намуданд. Мақсад ва ҳадафҳои асосии ин сохторҳо мутобиқи санадҳои қонунгузории мавҷудаи кишвар ташкил ва таҳияи асноди меъёрию ҳуқуқӣ доир ба табдил ва ё иваз намудани номҳои мавзеъҳои ҷуғрофии маҳал маҳсуб мешуд. Ин комиссияҳо мувофиқи муқаррароти хеш бояд фикру мулоҳизот ва дархости шаҳрвандонро бобати иваз намудани номҳо ҳамаҷониба баррасӣ намудаю ба мақомоти идораи давлатии маҳал ва намояндагон пешниҳоднома ирсол медоштанд.

Чи тавре ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, солҳои охир бо ибтикор ва пешниҳоди хирадмандонаи роҳбарияти давлат дар номгузории як қатор мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат дигаргуниҳои чашмрасе ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, бо дигар шудани номҳои шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту муассисаҳои маданиву маърифатӣ бо исми шахсиятҳои бузурги таърих ва аҳли илму адаби тоҷик ба монанди Рӯдакӣ,  Румӣ,  Сино, Фирдавсӣ,  Ҳамадонӣ,  Темурмалик ва ғ. ва ба номҳои ҷуғрофиии таърихии Суғд, Бохтар, Хуросон, Рашт, Истаравшан анъана ва суннатҳои миллии номгузорӣ ва таърихи халқу мардуми мо аз нав эҳё гардид.

Дар пойтахти кишварамон низ номҳои Фрунзе, Марказӣ,  Октябр ва Роҳи Оҳан, ки ба анъанот ва расму оини номгузорӣ ва табиати номшиносии мардуми тоҷик мутобиқат намекарданд, ба исми абармардони илму фарҳанги тоҷик табдили ном карданд. Номи кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, гулгашту боғҳои фарҳангии навоҳии он аксаран бо номвожаҳои тоҷикиаслу ноби тоҷикӣ иваз карда шуданд. Чунин тарзи номгузорию номивазкунӣ дар дигар манотиқи кишвар низ ба чашм мерасад, ки масъулин то ҳадди имкон тавонистаанд, ки суннати таърихии номофаринӣ ва номгузинии мардумиро зинда намоянд.

Дар баробари корҳои муфид ва комёбиҳое, ки дар ин ҷода амалӣ гашта истодаанд, ба андешаи мо як идда номувофиқатӣ ва номураттабӣ дар ҷараёни кори ин комиссияҳои номгузорӣ ба назар мерасад, ки зикри онҳо ба манфиати фаъолияти ояндаи босамари онҳо мебуд. Аз ҷумла:

  1. Пеш аз номгузории мавзеъҳои ҷуғрофии маҳалҳо бояд номҳои таърихӣ ва пешини онҳо аз нав мавриди пажӯҳиш ва таҳқиқи муфассали донишмандони номшинос (забоншиносон, муаррихон, ҷуғрофиёдонон) қарор ёбанд, чунки таърихи номгузории маҳалҳои ҷуғрофӣ ба таърихи миллат, забон, фарҳанг ва суннатҳои миллии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Мисол: Шоҳамбарӣ ? – дурусташ Шанбарӣ, Ҳисори Шодмон? – Ҳисори Шумон, Шоҳмансур? – Шумонсур ва ғ.
  2. Дар номгузории мавзеъҳои ҷуғрофии маҳалҳо ва муасисаҳои идораҳои муҳимми кишвар бояд номҳои асили тоҷикӣ интихоб ва аз номҳои иқтибосиву забонҳои бегона сарфи назар карда шавад. Мисол: Чкаловск, Мичурин, Москва, Калинин, Нефтебаза, Нефтеобод (Исфара), Нефтянник, Южный, Северный, Док, Пограничников, Бештегирмон, Ҷайрабулоқ ва ғ.
  3. Номҳо одатан бо расму оини фарҳангии мардум робитаи зич доштаю аз ҷониби халқ гузошта мешаванд. Ҳар як ном ифодагари хусусияти зисту зиндагонии он табақаи мардуме аст, ки аз дигар қисми аҳолӣ бо ягон хусусият ва нишонае фарқ мекунад. Мардум аз байни нишонаҳои фарқкунанда ҳамонашро интихоб менамояд, ки он ба таври равшану возеҳ ин мардумро дар байни дигарон муаррифӣ карда тавонад. Ин нишонаҳо одатан, касбу кори маъмулии мардуми ин маҳал ё минтақа, хусусиятҳои этникӣ, воқеаҳои таърихӣ ва ё фаъолияти шахсони мӯътабар, релефи фарқгузори маҳал ва амсоли инро дар худ таҷассум менамоянд. Аз ин рӯ, ҳангоми номгузории мавзеъҳои ҷуғрофии нав ин талабот ба мадди эътибор гирифта шавад. Номҳои аз исмҳои абстракт сохташудаи «Ваҳдат», «Ифтихор» ё дар шакли Ҷаббор Расулов, Пахтакор, Навобод ва ғ. ба табиати номгузорӣ ва фарҳанги мардуми мо мувофиқат намекунанд, сарфи назар карда шаванд.
  4. Мувофиқи қонунгузории кишвар номи ходимони давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ … ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон ба корхонаю ташкилот, муассисаву мактаб гузошта намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 1996 № 164). Дар номгузории маҳаллу муассисаҳо ин банди қонунгузорӣ ба эътибор гирифта нашудааст. Мисол: маҳаллаи Мирзобек дар ш. Душанбе ва як қатор корхонаҳои тиҷоратию иттиҳодияҳои аграрии шаҳру навоҳии кишвар.
  5. Ба қонунгузории кишвар мутобиқат накардан ва дурустараш чандин маротиба такрор ёфтани як қатор мавзеъҳои ҷуғрофии минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ аз ҷумлаи номҳои шаҳраку деҳоти мавҷуда ва аз номгузоришуда ба монанди Бӯстон, Гулистон, Тоҷикобод, Навобод ва ғ. (банди 4, моддаи 18, қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 ноябри соли 1995 № 100).

Бо назардошти фикру мулоҳизоти зикршуда ва барои хубтар ва беҳтар гаштани сифати низоми номгузории мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар ва мувофиқи анъанаву суннатҳои миллии мардуми тоҷик ба роҳ мондани он пешниҳод менамоям:

  1. Барои ба низом даровардани номгузорӣ дар мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар бояд дар сохтори мақомоти олии қонунгузор – Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон комиссияи танзими (назорати) номгузорӣ ё номшиносӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи номшиноси кишвар созмон дода шавад. Чунин кумита ё комиссияҳо дар кишварҳои ҳамсоя ва пешрафтаи Аврупо фаъолият дорад, ки ҳадафи он танзим, таҳқиқу омӯзиш ва гирдоварии маводи топонимии мамлакат ва ҳаллу фасли масъалаҳои ба он вобаста мебошад. Ин сохтор метавонад дар сатҳи ҷумҳурӣ фаъолияти комиссияҳоро ба танзим дароварад ва дар мадди аввал ба ташкил ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии номгузории мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар мусоидат намояд.
  2. Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси созмонҳои ҷамъиятии кишвар, олимон ва донишмандони варзидаи забоншиносу таърихдони ҷумҳурӣ (академикҳо М. Шукуров, А. Мухторов, Ю. Ёқубов, Д. Саймиддинов, профессорон Р. Додихудоев, А. Хромов, адибон Гулрухсор Сафиева, Лоиқ Шералӣ ва диг.) Маркази омӯзиши топонимҳои Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Хадафи асосии ин Марказ дар заминаи манбаъҳои илмию таҳқиқотии мавҷуда ва бо назардошти санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар таҳия ва нашри феҳристи номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон маҳсуб мегардид. Муроҷиатномаи олимон ба воситаи ахбори умуми кишвар ба мардуми ҷумҳурӣ пахш гардид ва дастгирии ҳамаҷониба низ пайдо кард. Дар ин давра як қатор мақолаю асарҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба суннату анъанаи ном ва номгузории маҳалҳои ҷудогонаи мамлакат рӯйи чоп омаданд. Ин икдомоти нек ва судманд, мутаассифона, дар солҳои минбаъда аз байн бурда шуд.

Хуб мешуд, ки имрӯзҳо чунин марказ дар назди мақомоти марказии кишвар (бигзор ба таври ҷамъиятӣ ) созмон дода шавад, то дар номгузорӣ ва номгузинии маҳалҳо як низоми муайяне ба вуҷуд ояд ва ин аз ҷониби дигар дастгирии хубе мегардид бобати иқдомоти наҷибонаи Сардори кишвар перомуни номгузории маҳалҳо ба забони тоҷикӣ.

МУҲАММАДҶОНЗОДА О.

ҚУДРАТОВА Б.

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №1 (241).

Адабиёт

  1. Забон ва истиқлолият.- Душанбе: Деваштич, 2001.- 110 c.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ».- Душанбе, 2005. - 12 с.
  3. Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 1993. - 17 с.
  4. Мурзаев Э.М. География в названиях. –М.,: Наука, 1982. - 168 c.
  5. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатии забон. – Душанбе: Шарқи озод.- 2011.- 212 с.
  6. Тақсимоти маъмурӣ –территориявии ҶТ. –Душанбе, 1990. - 220 c.
Хондан 80 маротиба