JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 11 Сентябри 2018 09:08

Моделсозии гардиши вақт

Муаллиф:
Агар ягон раванди физикӣ ё умуман, лаҳзаҳои табииро ба навор гирем ва баъд онро ба таври баръакс намоиш диҳем, пас ба назари бинанда як олами дигаре пешниҳод мешавад, ки одатан, дар амалия ҳеҷ гоҳ дучори он намешавем. Масалан, аз дохили об ҷаҳидани санг бо ҳамон траектория ва суръате, ки ба он партофта шуда буд ва ё аз пораҳои шиша худ аз худ барқарор шудани зарфи шишагӣ ва ба рўйи миз ҷойгир шудани он, ки қаблан бо ягон сабабе аз он ҷой афтида буд.
Чоршанбе, 05 Сентябри 2018 06:10

Полимерҳо дар ҳаёти инсон

Муаллиф:
1. Маводҳои полимерӣ – масолеҳҳои ояндасоз Фарогирии зиндагии ҳаррӯзаи моро бе маводҳои полимерӣ (пайвастагиҳои калонмолекулавӣ) тасаввур намудан хело душвор аст. Зеро ба кадом ҷабҳаи зиндагии ҳаррӯза, ки назар афканем, маводҳои полимерӣ онро иҳота намудаанд: аз борхалта (пакет)-ҳое, ки ҳамарӯза аз мағоза маводи ниёзи авваларо меорем, ибтидо гирифта, то ба зарфҳои як маротиб истифодашаванда, рӯйпӯши телефонҳои мобилӣ ва аксар техникаи майишӣ, чархҳои худрав (автомобил), чорчӯбаи тирезаҳо ва монанди инҳо ҳама маводҳои масолеҳи полимерианд. Аз тарафи дигар полимерҳо як ҷузъи табиии тамоми организмҳои зинда ва олами растаниро дар бар мегиранд, ки онҳо хос табиианд ва ба биополимерҳо мансубанд.
Барои муайян кардани он, ки моддаҳои сайёраҳоро бавуҷудоварда пештар дар кадом ҳолат буданд, нақши қонунҳои ҳаракати сайёраҳо хеле муҳим аст. Тахмин мекунанд, ки аввалҳо дар наздикии ҳамвории экваторалии Офтоб абри газӣ мавҷуд буда, он то ба масофаҳои ҳозираи Системаи офтобӣ паҳн гардиду аз ин абр минбаъд сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои Системаи офтобӣ ба вуҷуд омаданд. Имрӯз Система дорои як ситора, ҳашт сайёра бо радифҳояшон, наздики 460 000 астероид (маълумоти соли 2010), 700 кометаи дароздавр, 200 каметаи кӯтоҳдавр, миқдори зиёди метеорҳо (бояд гуфт, ки дар як шабонарӯз ба атмосфераи Замин ~100 млн. метеор ворид мешавад) ва чангу гази байнисайёравӣ мебошад.
Саҳифа аз 1 то 12