JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар манзараи механикии олам мафҳумҳои фазо ва вақт берун аз таҷриба вуҷуд дошта, новобаста аз ҳеҷ чиз ва бидуни алоқа бо хосиятҳои материяи ҳаракатнок муоина карда мешуданд, чун ки дар механика танҳо протсесҳои баргарданда омӯхта мешаванд. Дар механикаи классикӣ фазо ҳамчун ҷойгоҳи ҷисмҳои ҳаракатнок ва вақт давомнокии ҳолати ин ҷисмҳо дида, баромада мешавад. Камбудии дигари механикаи классикӣ аз он иборат аст, ки фазо ва вақтро ҳамчун шаклҳои мавҷудияти материя дар алоҳидагӣ ва беробита меомӯзад. Ба ҳар ҳол манзараи механикии олам барои бунёди консепсияи ҳозиразамони вақту фазо замина гузошта, тасаввуротро дар бораи хусусиятҳои табиию илмии олам ғанӣ гардонид. Барои он, ки назарияи фазо ва вақт дар илмҳои муосир омӯхта шавад, донистани баъзе принсипу қонунҳои механикаи классикӣ зарур мебошанд.
Манзараи илмии олам - ин манзараи васеи донишҳо дар бораи табиат ва башарият, ки назарияҳои хеле муҳим, фарзияҳо ва далелҳоро дарбар гирифта, тақозои ҷавҳари ҷаҳонбиниро дорад. Он аз низоми хулосаҳои илмии аз қазияҳои мушаххаси фанҳои алоҳидаи афзалиятнок таркиб ёфта, ҳамчун марҳалаи ҷамъбасткунандаи ҳамгироии комёбиҳои илмӣ ба низоми ягонаю бидуни ихтилоф ҳувайдо мешавад.
Баъд аз якҷояшавии модели ядроии атом бо назарияи квантии рӯшноӣ, дар пешрафти илми физикаи муосир як қатор кашфиёт ва дастоварҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Дар баробари чунин пешравию дастовардҳо, инчунин дар физика як қатор проблемаҳои ҳалталаб низ арзи вуҷуд карданд, ки барои ҳалли онҳо механикаи классикии Нютон, назарияҳои электростатикии Кулон ва электродинамикии Максвелл оҷиз мемонданд. Сипас, олимони соҳаи физикаро лозим омад, ки барои бартараф намудани чунин мушкилот назарияи ҷадиду мукаммалтареро тарҳрезӣ намоянд.