JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Маърифати илмӣ аз қадимтарин ҷанбаҳои фаъолияти эҷодии одамон буда, дар китоби таърихи маданияти ҷаҳонӣ як фасли алоҳидаро фаро мегирад, ки ба он ҳар соҳибхирад аз диди худ баҳои сазовор медиҳад. Дар Энсиклопедияи советии тоҷик оварда шудааст, ки: «Илм калимаи арабӣ буда, маънои донишро дорад, як шакли шуури ҷамъиятии инсон, як соҳаи махсуси фаъолияти одамист, ки ба вуҷуд овардан ва аз ҷиҳати назариявӣ мураттаб сохтани донишҳои аёнӣ (объективӣ) - ро дар бораи воқеият вазифаи худ медонад».

 Китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» (2016, китоби якум), ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, аз пешгуфтор, шаш боб ва хулосаву китобнома иборат буда, ба муҳимтарин масъалаҳои забони модариамон - забони тоҷикӣ, хусусан таърихи он, бахшида шудааст.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, коршиноси масоили динӣ Маҳрами Анварзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Андешаҳо перомуни низоми сиёсии динӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Панҷшанбе, 12 Июли 2018 08:58

Ҳастии инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҳастии инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.