JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Мусаллам аст, ки дастгоҳ ё ба истилоҳ, машинаи иттилоотӣ ва фаннӣ-техникӣ бо вусъати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯзу ҳар соат дар ин самт навигарию навгониҳои зиёде ба вуқӯъ мепайванданд. Воқеияти имрӯзӣ баёнгари он аст, ки инсон бо фарогирии иттилооти зарурӣ сатҳи огоҳмандиашро тавсеа бахшида, ба сӯйи дарёфти иттилооти навин ва дархӯри замон қадамҳои устувор бармедорад. Дарёфт ва корбасти иттилооти наву муҳим инсонро дар ҳалли мушкилот ва қазоё аз ҳар ҷиҳат кумак мерасонад ва ӯро дар баробари хатароти глобалӣ муқовиматпазир месозад. Аз ҷониби дигар, расона (media) ба унвони абзори муҳими иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дар сад соли ахир бар фазои зиндагии инсонӣ мусаллат шудааст, то ҷое ки инсоният имрӯз худро бидуни ин василаи иртиботи ҷамъӣ тасаввур карда наметавонад. Фаъолшавии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мутамоил шудани насли наврасу ҷавон ба кори онҳо дар асри ҳозир талаботи рӯз маҳсуб меёбад ва нафареро аз наслҳои ҷавон кам пайдо метавон кард, ки бо ин ё он васила ба ин масири иттилоотӣ пайваст набошад.

  Ҳукумати Ҳолланд қароре қабул кард, ки мувофиқи он то соли 2030 фаъолияти тамоми неругоҳҳои барқии аловӣ дар ин кишвар қатъ карда мешаванд. Дар Ҷопон бошад, лоиҳаеро тарҳрезӣ карда истодаанд, ки неругоҳҳои барқии аловиро ба турбинаҳои барқии маддӣ иваз мекунанд. Яъне, имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувор тамоми кураи арз даст кашидан аз навъҳои сӯзишвории энергетикӣ ва рӯй овардан ба сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия мебошад.

  Элизабет  Кюблер Росс  (нем.  Elisabeth Kübler Ross; 8 июля 1926, Цюрих — 24 августа 2004,  Скоттсдейл,  Аризона,  США)  — американский  психолог  швейцарского происхождения,  создательница  концепции психологической  помощи  умирающим больным и исследовательница околосмертных переживаний. Её книга «О смерти и умирании» 1969 года стала бестселлером в США.

Душанбе, 02 Июли 2018 05:10

Гурӯҳбандии сифатҳои фардӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Гурӯҳбандии сифатҳои фардӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.