JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад».

 Эмомалӣ Раҳмон

 Аз байн рафтани давлати пур­иқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ, аз як тараф ба миллатҳои гуногун имконият фароҳам овард, ки соҳиб­истиқлол гарданд, аз тарафи дигар, ба давлатҳои абарқудрати Ғарбу Шарқ имкон дод, то онҳо ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии худро дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ амалӣ созанд. Консепсияи стратегияи геоиқтисодии абарқудратони Ғарбу Шарқ аз он иборат буд, ки онҳо бояд захираҳои нефту газро дар минтақаи Осиеи Марказӣ аз худ намоянд. Мисли ҳарвақта, стратегияи ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ аз се методи санҷидашуда иборат буд: тарғиби исломи тундгарои сиёсӣ, ташкил намудани муборизаи миллатҳо барои истиқлолият ва эҳёи манофури (бадбинии) таърихии миллатҳо нисбат ба якдигар.

  Мусаллам аст, ки ҳама гуна ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва муносиботу муколимоти муътадил ва ҳасанаи иҷтимоӣ дар шароити истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меояд ва бо назардошти вазъи озодӣ ва озодандешӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф мерасад. Технологияи рушду таҳаввули марҳилавии ваҳдати миллӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масирро устуворона паймуда истодааст, бар асоси мабдаи истиқлол ва мухторияти сиёсию давлатӣ таҳаққуқ ёфта, ба таври тадриҷӣ дар фазои иҷтимоӣ оромиши сиёсиро таҳким мебахшад.

Панҷшанбе, 21 Июни 2018 12:04

Об зару Тоҷикистон заршинос

 (Ба ифтихори конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028” ва рӯзи Ваҳдати миллӣ)

  Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин  сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебаранд. Онро метавон чун ганҷинае  донист, ки тамоми башарият аз он  истифода мебарад. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизої мебошад, ки тавассути он тамоми ҳастии дунё энергияи тоза гирифта месабзанд. Мо метавонем онро чунин маъниндод карда бигӯем, об як маҳлулест, ки ба воситаи истифодаи он ҳар чизе  дубора ҳаёти тоза гирифта, симову чеҳраашро табъи навин мебахшад. Ва лизо, он аз унсури муҳими табиат буда, дар тамоми ҳаёти башарият нақши муҳимеро иҷро менамояд.

Чоршанбе, 20 Июни 2018 10:33

Инсоншиносӣ ва қобилияти шинохт

  Як ҳақиқати бебаҳсе вуҷуд дорад, ки он барои ҳамаи инсонҳо ҳамаи замонҳо баробар аст. Ҳар як инсон асосгузори тақдири худ аст. Дар навбати дигар ҳеҷ кас дониста наметавонад, ки оянда ӯро чи гуна ҳодисаҳо интизоранд. Аз азал барои то ҳадди охир донистани инсон кӯшишҳои идеалӣ карда шудаанд. Аммо ин кӯшишҳо то ҳадди охир ба шинохти табиати инсонҳо ноил нагаштаанд. Агар мо ҳама чиро дар бораи одамон медонистем, ҳоҷати навиштани асарҳо ва баҳсу мунозираҳо набуд. Зеро аз нигоҳи инсоншиносӣ «чунон ки офтоб ба ҳар як атоми эфир кураи ба худии худ мукаммал ва дар баробари ҳамин танҳо атоми як воҳиди томи аз ҷиҳати бузургиаш барои инсон ақлнорас мебошад, ҳамин тавр ҳар як шахсият дар дил мақсадҳои худро мепарварад ва зимнан онҳоро барои он мепарварад, ки ба мақсадҳои умумии барои инсон ақлнорас хизмат кунанд».[1]