JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Августи 2018 05:31

Манзараи илмии олам ва шаклҳои таърихии он

Муаллиф:

  Манзараи илмии олам - ин манзараи васеи донишҳо дар бораи табиат ва башарият, ки назарияҳои хеле муҳим, фарзияҳо ва далелҳоро дарбар гирифта, тақозои ҷавҳари ҷаҳонбиниро дорад. Он аз низоми хулосаҳои илмии аз қазияҳои мушаххаси фанҳои алоҳидаи афзалиятнок таркиб ёфта, ҳамчун марҳалаи ҷамъбасткунандаи ҳамгироии комёбиҳои илмӣ ба низоми ягонаю бидуни ихтилоф ҳувайдо мешавад.

  Ба манзараи комили илмии олам бояд маълумоти илмҳо оид ба табиати ғайризинда, олами органикӣ, ҷамъиятҳои инсонӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карда шаванд. Бунёди манзараи илмии оламро маҷмӯи усулҳои умдаи бисёр илмҳо ташкил медиҳад. Он ҳамчун низоми қатъии ҷамъбасткунандаи натиҷаҳои шохаҳои мухталифи маърифати илмӣ зуҳур мекунад ва танҳо аз ҳамин ҷиҳат ҳаққи мавҷудият дорад. Бинобар ин, комёбиҳои на фақат илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, балки илмҳои иҷтимоиву гуманитарӣ низ мақоми баробар доранд.

  Сохтори манзараи илмии олам аз ҷузъиёти зерин иборатанд: а) ҷавҳари назариявии нисбатан устувор; б) фарзияҳои бунёдӣ, ки шартан ҳамчун инкорнашаванда пазируфта мешаванд; в) моделҳои ҷузъии назариявӣ, ки ҳамеша мукаммал карда мешаванд. Ҳангоми сухан кардан дар бораи воқеияти физикии унсурҳои устувортарини манзараи илмии олам аксаран усули бақои энергия, усули афзоиши доимии энтропия, бузургиҳои бунёди физикии собитро, ки хосиятҳои асосии универсиум (фазо, вақт, материя, энергия, майдон ва ғайра) аст, тавсиф мекунанд. Барои илми иҷтимоӣ ҳамеша муносибати истеҳсолот, тақсимот, мубодилот ва истеъмолот дорои аҳамият буданд.

  Манзараи илмии олам вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: 1) якҷоякунӣ, ки синтези донишҳои илмии бунёдиро таъмин менамояд. Геофизики рус А. Фридман муътақид буд, ҳар қадар дониши мардум ноқис бошад ҳам, вале ҳамеша хирадмандоне ёфт мешуданд, ки дар заминаи ҳамин маълумоти ночиз манзараи илмии оламро ба вуҷуд меоварданд, системанокии ҷаҳонбинии илмӣ ба ҳамин вобаста аст. Ғояи рушд ва робитаҳои мутақобилаи равандҳои табиат ва ҷамъият дар таърихи афкори фалсафӣ шакл гирифтааст. Файласуфи олмонӣ Г. Гегел робитаҳои диалектикии байниҳамдигарӣ ва гузариши падидаҳои механикӣ ба кимиёвӣ ва баъд аз он ба ҳаёти органикӣ ва таҷрибаро дар фалсафаи табиат қайд менамуд. «Фалсафаи рӯҳ» - и ӯ ба таълимот дар бораи руҳи субъективӣ (инсоншиносӣ, падидашиносӣ, равоншиносӣ), руҳи объективӣ (ҳаёти иҷтимоиву таърихии инсон) ва руҳи мутлақ (фалсафа ҳамчун илми илмҳо) тақсим мешавад. Асосгузори позитивизм Огюст Конт (1798-1857) бошад, ду шарти асосиро барои мукаммал сохтани манзараи илмии олам зарур шуморидааст: а) ҷойгиркунии илмҳо, ки тибқи он ҳар як илм ба илми қаблӣ такя карда, барои илми оянда замина мешавад; б) ҷойгиркунии илмҳо мутобиқи рушди ҳаққонии онҳо - аз ибтидоӣ (математикию астрономӣ) то интиҳоӣ (биологию иҷтимоӣ) ба воситаи миёндаврӣ (физикию кимиёвӣ). Ҳадафи ниҳоии ҳар як системаи назариявӣ башарият ба шумор меравад; 2) меъёрӣ, ки дар он манзараи илмии олам дар муттако ба тасрифи меъёрҳо ва намунаҳои стандартҳои таҳияшуда, қоидаҳо, системаи муқаррарот ва усулҳои аз худ кардани универсиум иборат аст, ба ташаккули қоидаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва усулии таҳқиқи илмӣ таъсир мерасонад ва луғати метатаърихии ба ҳамин давра хосро ба вуҷуд меоварад. Чӣ тавре, ки манзараи илмии олам ба иқтидори ҷомеи илмҳои ин ё он замон такя мекунад, муҳим аст таърихияти манзараи илмии оламро дар назар дошта бошем, ки ҳудуди донишҳои дар ҳамон давраи тараққиёти худ доштаи инсониятро муайян мекунад. Мафҳуми «манзараи илмии олам» нисбат ба мафҳумҳои «образи олам» ва ё «биниши олам» ҷиддитар мебошад, зеро ба он донишҳое дохил мешаванд, ки ҳаққоният, асоснокӣ ва исботшавандагии онҳо собит шудаанд. Талаботи муҳими объективият бо байнисубъективият ва муҳиммияти умумӣ сахт вобаста аст. Байнисубъективият умумияти мобайни субъектҳои маърифаткунанда, шароити интиқоли дониш, аҳамиятнокии таҷрибаи як субъект барои дигар субъектро қайд мекунад. Муҳиммияти умумӣ доштан - ин идеали маърифатии дарки якхелаи ин ё он ахборотест, ки талаб дорад донишро ҳамаи афроди фикркунанда, ҳамаи аъзои ҷомеа қабул дошта бошанд.

  Манзараи илмии олам дар чорчӯбаи вазифаҳои меъёрӣ ташаккули яклухти ҷаҳонбинии илмиро таъмин менамояд. Ҷаҳонбинии илмӣ маҷмӯи ақидаҳои илман асосноккардашуда ва мавзун мебошад, ки дар хусуси қонунмандиҳои уневирсиуми ташаккулёбанда маълумот дода, мавқеи ҳаётӣ ва барномаи рафтори одамонро муайян месозад. Фарқи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷаҳонбинии динӣ он аст, ки ҷаҳонбинии илмӣ манзараи комили оламро тавассути мафҳумҳо, назарияҳо, далелҳои мантиқӣ собит месозад, ҳол он ки барои дин эътиқод ба қувваҳои фавқуттабиӣ ва умед бастан ба ваҳй, аҳкоми шаръӣ ва догмаҳои схоластикӣ хос мебошад.

  Дар сурати бархурди манзараи вуҷуддоштаи олам бо мисолҳои мухолиф барои беосеб нигоҳ доштани ҷавҳари назариявии марказӣ фарзияҳои иловагӣ арзи вуҷуд менамоянд, ки бо дарназардошти пайдоиши мисолҳои мухолиф навъи худро тағйир медиҳанд. Ҳамин тавр, манзараи илмии олам дорои иммунитети муайян мебошад, ки ба ҳифзи асоси консептуалии мавҷуда равона карда шудааст. Дар чорчӯбаи он андӯхти ҷамъоварии дониш ба амал меояд. 3) намунавӣ (парадигмалӣ), ки: а) аз айнияти эътиқодот, арзишҳо ва воситаҳои техникӣ, қоида ва қонунҳои ахлоқии пазируфтаи олимон дарак медиҳад; б) мавҷуддияти анъанаҳои илмиро таъмин менамояд; в) пешниҳод ва ҳалли вазифаҳои таҳқиқотӣ, рафтори олимонро қайду шарт мекунад; г) ба характери тахмину фарзияҳо маҳдудиятҳои муайяни «оқилона» - ро ниҳонданд то, ки ба ташаккули қоидаҳои тадқиқоти илмӣ таъсир бирасонад. Тасаввур кардан душвор аст, ки олимони аҳди атиқӣ ва ё давраи классикӣ ғояи тавсифи квантию механикии объектро ҷонибдорӣ карда, ба ислоҳи қоидаҳо, воситаҳои мушоҳида ва худи мушоҳид кӯшида бошанд, ҳоло он, ки ҳамаи ин талаботи созандагони механикаи квантӣ Бор, Гейзенберг, Шредингер буд. Вазифаи намунавии манзараи илмии олам ба мӯҳлати дуру дароз муқаррар намудани системаҳои устувору ғайримухолифи ғоя ва донишҳои илмӣ, постулатҳои назариявӣ, меъёрҳои таҷрибаи илмӣ мусоидат менамояд. Ин система бо роҳҳои таълим, тарбия, маориф барои дастраси омма гардидан интиқол дода мешавад ва менталитети муосиронро дарбар мегирад. Ивазшавии намунаҳои илмӣ, гузариш ба марҳилаи «таркиши инқилобӣ» ивазкунии пурра ё қисмани унсурҳои манзараи илмии оламро бо худ дорад.

  Се шакли таърихии манзараи илмии олам - классикӣ, ғайриклассикӣ ва баъди ғайриклассикиро аз ҳам фарқ кардан мумкин аст. Манзараи илмии классикии олам ҳанӯз бо ғояҳои Галилей ва Нютон оғоз ва ташаккул ёфта, минбаъд ба худ номи «назарияи механикӣ» - ро касб намудааст. Ин назария то миёнаҳои асри ХIХ назарияи ҳукмрон буд.

  Дар тасвири манзараи классикии илмии олам муқоисаи алоқаи байни сабабу натиҷа ҳамчун ченаки тафсир хизмат мекард. Манзараи классикии олам тасвири мавзӯъҳоеро ба амал меовард, ки онҳо мутааллиқ ба соҳаи механика буда, ба таври ҷудогона вуҷуд дошта метавонистанд. Ҳангоми маърифати чунин мавзӯъҳо шарти муҳим - ин риоя кардани талабот роҷеъ ба сарфи назар кардани ҳамаи он ангезандаҳое буд, ки хусусияти субъективӣ, эҳсосотӣ ва халалрасонандагӣ дошта, ба омилҳои ғайримавзӯъӣ мансуб буданд. Тахмин карда мешуд, ки ҳама гуна ҳолатҳои оламро ба ҳисоб гирифтан ё пешбинӣ кардан мумкин аст.

  Баъдан, таҳти таъсири инкишофи термодинамика, ки куллияти қонунҳои механикаи классикиро исбот менамуд, ҷои манзараи классикии оламро манзараи ғайриклассикӣ ишғол менамуд. Дар раванди инкишофи термодинамика ошкор гардид, ки маҳлулҳо ва газҳо сирф низомҳои механикӣ нестанд, бинобар ҳамин, дар манзараи ғайриклассикии олам нақшаи нозукбинонаю дақиқи сабабият матраҳ гардида, дар он нақши тасодуф ба назар гарифта шудааст. Инкишофи низоми оламро шарҳ дода, намояндагони назарияи ғайриклассикӣ дар айни замон тасдиқ мекунанд, ки он ҳам ҳолатҳои олами айнӣ, ки дар ҳар як лаҳзаи замонӣ ба вуқуъ омадаву аз байн мераванд ё тағйир меёбанд, омили сабабият надорад. Манзараи ғайриклассикии олам сабабиятро дар сатҳи инфиродӣ кор карда, дар сатҳи низоми куллӣ онро эътироф менамоянд.

  Манзараи баъди ғайриклассикии олам таҳти таъсири дастовардҳои илмии мактаби белгиявии И.Р. Пригожин дар соҳаи омӯзиши низомҳои худташкилёбандаи ғайримустақим, ки дар натиҷаи он принсипҳои синергетика кашф карда шудаанд, ташаккул ёфтааст. Дар манзараи синергетикии илмии олам ғояи ногузирӣ ва гуногуннавъии «шуданҳо» ва «ба вуҷуд омаданҳо» ҳукмрон буда, олам ҳамчун як арсаи ҳамзистии имкониятҳо маънидод карда мешавад.

  Файласуфи рус В.С. Стёпин (тав. 1934) қайд мекунад, ки хусусияти муҳимтарини илми баъдиғайриклассикӣ ошкор кардани сохтори арзишҳо ва ҳадафҳо мебошад: «Илми баъдиғайриклассикӣ майдони рефлексия (фикри шубҳанок ва мунаққидона) бар фаъолиятеро, ки дар чорчӯбаи он мавзӯъҳо омӯхта мешаванд, васеъ менамоянд. Он таносуби хусусиятҳои донишҳои бадастомадаро на танҳо бо хусусиятҳои васоиту амалиёти фаъолият, балки бо сохторҳои арзишҳо ва ҳадафҳо низ ба эътибор мегирад».

  Дар манзараи баъди ғайриклассикии илмии олам тасаввуроти синергетикӣ роҷеъ ба сохторнокшавии номуташаккилу бешуурона ва пайдоиши низом аз бенизомӣ нақши пешбаранда дорад. Яке аз ғояҳои муҳиму пешбиникунандаи илми баъдиғайриклассикӣ он аст, ки низоми мавҷудаи олам имконият дорад, ки хати сайри худро тағйир дода, хотираи муназзамашро гум кунад. Дар модели таъсироти мутақобила, ки дар он на ду тараф, балки бештар тарафҳо иштирок мекунанд, як навъ фазои бетартибона пайдо мешавад. Дар он фазо хати ҳаракати баъзе ҳодисот бо тамоюли ҳодисоти дигар бархӯрда, таҳти таъсири гурӯҳи сеюми ҳодисаҳо тағйири сурат мекунанд ва ҳамаи ин ҳодисаҳо дар маҷрои ягонаи таъсироти мутақобила мантиқи мавҷудаи инкишофро бо тартиби вобастакунонии имрӯзро бо гузаштаю оянда аз байн мебаранд. Низоми олам ҳолатҳои пешинаи худро «фаромӯш» карда, бетартибона ва таваккалӣ ҳаракат мекунад. Таъсирпазирии имрӯз аз гузашта чандон назаррас нест, имрӯз низ таъсири сабабии худро ба оянда интиқолу густариш намедиҳад. Чунин вазъият далолат мекунад, ки «низоми олам хотираашро гум кардааст».

  Синергетика шиддати вайроншавии принсипи инкишофи мутобиқи равандҳо ва ба вуҷуд омадани як навъ вазъиятеро ба мушоҳида гирифтааст, ки дар он вазъ сабабҳои хурду ночиз ва дуюмдараҷа бо натиҷаҳои аз лиҳози ҳаҷму қувва нисбатан глобалӣ мувофиқ мебошад. Чунин вазъият, ояндаро номуайяну пешбининопазир ва барои тағйироти нав комилан кушод менамояд. Имконияти таҳаввулоти чунин низомҳо пайдо шудани тарзҳои нави инкишофро дар оянда таъмин намуда, дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи тағйирнопазирии низомҳо бошад, тамоюли аз ҳам ҷудошавӣ ва тавлиди шохаҳои нави ҷараёни инкишофи олам шиддат мегирад. Аз ҳамин сабаб, дар манзараи муосири баъдиғайриклассикии олам номуайянӣ ҳамчун атрибути ҳастӣ омӯхта мешавад.

Ҷиҳати муҳими давраи баъди ғайриклассикии таҳаввули манзараи илмии олам, ин - истифодаи тарзи баъдиғайриклассикии тафаккур мебошад, ки дар он се муҳити таҳлилӣ - таърихӣ, танқидӣ - рефлексивӣ ва назариявиро аз ҳам ҷудо менамоянд. Постанализитизм (усули таҳлили фикрии хоси илми баъдиғайриклассикӣ, ки барои тасвири манзараи илмӣ ба кор бурда мешавад) барои бо ҳам пайвасту омезиш додани луғати фанниву гуманитарӣ, барои дар назарияи иҷтимоӣ парвариш додани назарияи маърифат (эпистемология) ҷаҳд намуда, ба ҳисоб гирифтани алоқаи мутақобилаи омилҳои илмиву ғайриилмиро таъкид мекунад. Манзараи баъди ғайриклассикии олам асоси ҷаҳонбинии муосири ақлонӣ (илмӣ) - ро ташкил медиҳад.

Хондан 245 маротиба