JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 25 Сентябри 2017 05:09

Таъмини пурра аз манбаъҳои алтернативии энергия: Берлингтон гузашт ва Мюнхен то соли 2025 мегузарад

Муаллиф:

 Шаҳрҳои Берлингтон ва Мюнхен ду марказҳои маъмурие мебошанд, ки дар ду қитъаи тараққикардаи сайёра (Амрико ва Аврупо) ва дар ду кишвари пешрафтаи олам (ИМА ва Олмон) воқеъ гардидаанд.

 Берлингтон - маркази округи Читтенден ва калонтарин шаҳр дар иёлоти Вермонт (ИМА) буда, соли 1785 бунёд ёфтааст. Шаҳр дар соҳили шарқии кӯли Шамплейн воқеъ гардида, аз тарафи шарқ бо кӯҳҳои сабзпӯш иҳота шудааст ва аҳолии он ба 42 282 нафар мерасад.

  Мюнхен бузургтарин шаҳр дар ҷануби Олмон буда, дар соҳили дарёи Изар ҷойгир шудааст ва ҳамзамон, пойтахти Бавария ва округи Баварияи Боло мебошад. Шаҳр соли 1158 буёнд гардида, аҳолиаш 1 542 886 нафар мебошад ва баъд аз шаҳрҳои Берлину Гамбург сеюмин шаҳри калони Олмон ба шумор меравад. 

Қисми марказии шаҳри Берлингтон

Ҳукумати Берлингтон ба рӯйхати барномаҳои муҳими иҷтимоии худ гузариш ба таъмини пурраи нерӯи барқ аз манбаъҳои алтернативии энергия, аз қабили обӣ, офтобӣ ва биомассаро ворид намуд. Идораи энергетикии маҳаллӣ тасдиқ мекунад, ки барои таъмини 100%-и шаҳр ба қувваи барқ аз Нерӯгоҳи барқии обии Winooski ба таври умумӣ 7,4 МВт нерӯи барқ харидорӣ кардан зарур аст.

Комёбии бузурги шаҳр аз он иборат аст, ки қисми зиёди ширкатҳои калони иёлоти Вермонт мақсад доранд, то соли 2050 90%-и эҳтиёҷоти энергетикии худ, аз ҷумла энергиятаъминкунӣ, гармидиҳӣ ва нақлиётро аз ҳисоби сарчашмаҳои ғайрианъанавии нерӯ таъмин намоянд. Лоиҳаҳои иёлоти Вермонт ба маҷрои тавоноии зиёди ғуншуда ба тамоми кишвар паҳн гардида, дар иқтисод ба самти даст кашидан аз сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ зарарнок равона мебошанд.

Мумайизҳо имкониятҳои гузариши пурраи энергиятаъминкунии маҳалҳои аҳолинишини бузурге, чун  Берлингтонро аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия зери шубҳа қарор медиҳанд. Лекин, корҳои мақсаднок натиҷаҳои умедворкунанда доранд. Директор ва асосгузори Пажӯҳишгоҳи калифарниягии сиёсати энергетикаи барқароршаванда 100 (Renewables 100 Policy Institute) Диана Мосс изҳор дошт, ки: «Маҳз ҳамин роҳбарон нишон медиҳанд, ки ин чи имконият аст».

Аз суханони Д.Мосс маълум мегардад, ки беш аз ҳазор иншоотҳои хурду бузурги тиҷоратию ҷамъиятӣ нерӯи барқро фақат аз сарчашмаҳои барқароршаванда мегиранд. Аммо баъд аз торнадои (гирдбоди сахт дар ИМА) соли 2007 дар шаҳри Гинсбург (иёлоти Канзас) қариб тамоми иншоотҳои сарфакунандаи барқ ва таъминкунандаи энергияи сабз аз нав сохта шуданд. Дар ибтидои соли 2009 нерӯгоҳи барқии бодӣ бо иқтидори 12,5 МВт ба истифода дода шуд, ки тавоноии он нисбат ба талаботи аҳолии шаҳр бо нерӯи барқ бештар аст.

Натиҷаҳои стратегии гузариши ш. Берлингтон ба таъмини 100%-и нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар оянда мунтазам даст кашидан аз сарчашмаҳои анъанавии нерӯ мебошад. Дар навбати аввал аҳли ҷамъияти шаҳр ва ҳокимияти маҳаллӣ имконоти даҳ соли қабро баррасӣ карда, лекин танҳо баъд аз гузашти чор сол моҳияти амалии иқдоми мазкурро дарк намуданд.

Таъмини 100% аз ҳисоби энергияи сабз маънои пурра даст кашидан аз манбаъҳои анъанавиро надорад. Дар вақти нокифоя будани энергияи барқароршаванда шаҳр минбаъд ҳам энергияи анъанавиро харидорӣ мекунад: дар давраи паст будани сатҳи об дар дарё ё набудани шамол, нерӯи изофагии дар вақти фаъол будани манбаъҳои барқароршаванда тавлидёфта ба дигар муштариён фурӯхта мешавад. Дар ин вақт ба хадамоти коммуналӣ назар ба энергияи анъанавӣ нерӯи экологии тоза бештар фурӯхта мешавад.

Вале ин ҳанӯз нокифоя аст. Бояд гармитаъминкунии шаҳр аз соли 2040 100% дар асоси сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ба роҳ монда шавад. Рушди энергетикаи сабз соли 2012 ба нақша гирифта шуда, соли 2014 аз ҳисоби об 50%, аз ҳиссаи биомасса 30% ва аз ҳисоби шамолу офтобу метани ахлоҷойҳо 20% нерӯи барқ тавлид гардид. Умуман, аз рӯи рӯйхати Sierra Club айни замон 40 шаҳри ИМА, аз ҷумла Аспен (иёлоти Колорадо, дар соли 2015 аз ҳисоби шамол 50%, аз об 45% ва аз офтоб 5% нерӯи барқ истеҳсол кард), Рок Порт (иёлоти Миссури, дар охири соли 2008 нерӯгоҳи барқии бодӣ бунёд ёфт), Кадяк (иёлоти Аляска, истифодаи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар соли 2012 ба 99,5% расид) ва ғайра бештари нерӯи барқро аз манбаъҳои алтернативии энергия мегиранд.  

Чанде қабл Ҳукумати шаҳри Орландо (иёлоти Флорида) қароре қабул кард, ки мувофиқи он энергиятаъминкунии шаҳр то соли 2050 бояд пурра аз ҳисоби сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия амалӣ карда шавад. Интизор меравад, ки то соли 2030 ҳамаи хадамоти мунитсипалӣ бо шумори қариб 240 ҳазор нафар аҳолии шаҳр аз энергияи манбаъҳои барқароршаванда истифода мекунанд. Як қисми қарори мазкур ба он мусоидат кард, ки айни замон нархи насби панелҳои офтобӣ назар соли 2010 70% кам шудааст. Моҳи июни соли 2017 ширкатҳои гуногун таҳти шиори «Сарварон барои 100% энергияи тоза» (Mayors for 100% Clean Energy) бо ташкилоти экологии Sierra Club пайвастанд.

Ҳамин тавр, аз шаҳрҳои бузурги ИМА, ба монанди Сан-Хосе (аҳолӣ - қариб 950 000 нафар; оғози лоиҳа - соли 2022), Сан-Франсиско (аҳолӣ - 800 000 нафар, оғози лоиҳа - соли 2030), Сан-Диего (аҳолӣ - 1,3 млн. нафар, оғоз лоиҳа - соли 2035), Атланта (аҳолӣ - 420 000 нафар, оғози лоиҳа - соли 2035) ва Портленд (аҳолӣ - 600 000 нафар, оғози лоиҳа аз соли 2050) ба ташаббуси мазкур ҳамроҳ гардиданд. Аллакай шумораи аҳолии шаҳрҳои амрикоии муштаракан ба ташаббуси гузариш ба энергияи алтернативӣ ҳамроҳгардида ба 6 млн. нафар мерасад.

Манзараи умумии шаҳри Мюнхен

Дар пойтахти музофоти Баварияи Олмон мақсади асосӣ таъмини пурраи аҳолӣ ва коргоҳҳои саноатӣ бо нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Иқдоми мазкур аз соли 2025 оғоз меёбад. Дар ин самт хоҷагии шаҳрӣ, аз ҷумла энергиятаъминкуниро муассисаи коммуналии Stadtwerke München (SWM) танзим мекунад. Дар лоиҳакашӣ ва амалигардонии иқдоми мазкур маҳз муассисаи зикршуда таваҷҷуҳи бештар дорад.

Ҳамин тавр, дар Мюнхен беш аз 1,5 млн. нафар одамон умр ба сар мебаранд ва дар шаҳр имконияти таъмини пурраи аҳолӣ бо «қувваи барқи экологӣ» вуҷуд дорад. «Қувваи барқи экологӣ» бо забони оламонӣ Ökostrom номида мешавад.

Дар шаҳри Мюнхен барои истифодаи панҷ намуди сарчашма, панҷ усули тавлиди нерӯи барқ - нерӯгоҳҳои барқии обӣ, геотермалӣ, офтобӣ, шамолӣ ва биогазӣ мавҷуд аст.

Маълум аст, ки бунёди иншоотҳои тавлидкунандаи қувваи барқ бо андозаи кофӣ дар ҳудуд ва атрофи шаҳр ғайримкон аст. Бинобар ин, истифода кардани «механизми ҷуброн» зарур аст. Маҳз корхонаҳои коммуналии мюнхенӣ нерӯгоҳҳои барқии дар асоси сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия амалкунандаро дар дигар минтақаҳои Олмон ва ҳатто кишварҳои дигар ба кор медарорад. Масъалаи асосӣ дар ин самт ба миқдори эҳтиёҷоти тамоми соҳаҳои Мюнхен бо қувваи барқ баробар кардани иқтидории умумии нерӯгоҳҳои барқии бо манбаъҳои ғайрианъанавӣ фаъолияткунанда мебошад.

Аз панҷ намуди манбаъҳои энергия фақат се навъи онҳо дар қаламрави Мюнхен мавҷуданд. Дар ҳудуд ва атрофи шаҳр танҳо аз нерӯгоҳҳои биогазӣ, обӣ ва геотермалӣ истифода мебаранд. Нерӯгоҳҳои калонҳаҷми офтобию бодӣ асосан дар атрофи шаҳр воқеъ буда, инчунин, энергияи шамолро ба тамоми Аврупо интиқол дода метавонанд.

Барои гузариш ба иқдоми мазкур қадами нахустин аллакай гузошта шудааст. Аз соли 2015 ин ҷониб муассисаи коммуналии SWM истифодаи нерӯи барқро барои таъмини биноҳои истиқоматӣ ва намудҳои гуногуни нақлиёт (метро, трамвай) аз ҳисоби сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ҳар сол зиёд карда истодааст.

Ҳамин тавр, Ҳукуматҳои шаҳрҳои Берлингтон ва Мюнхен вазъи ногувори экологӣ ва ифлосшавии мунтазами атмосфераро пай бурда, барои пешгирӣ аз ин хатароти муосир ба истифодаи пурраи манбаъҳои ғайрианъанавии энергия рӯй оварданд. Аз ин рӯ, бояд тамоми шаҳрҳои сайёра аз ин иқдом ҷонибдорӣ кунанд ва ҳарчи зудтар барои таъмини соҳаҳои гуногун ба истеъмоли энергияи сабз гузаранд.

 Номвар ҚУРБОН,

физикадон

Хондан 2247 маротиба