JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, барои ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат нақши бузург дорад. Он бо назар доштани арзишҳои ахлоқӣфарҳанги миллӣмероси таърихӣодату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Диққати махсус бояд ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор дорандравона гардад. Чунин нигоштааст корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.  

Ҷумъа, 23 Феврали 2024 12:07

Аз навандешӣ бикардӣ ибтидо

Муаллиф:

   Набарди куҳнаву нав дар ҳар давру замоне иттифоқ меафтад ва махсусан, замоне ки созмону гурӯҳҳои ифротгарою ҷаҳолатпараст рӯйи кор меоянд, вазъи таҷаддугаройӣ ва ба истилоҳ, модернита бад мегардад. Дар меҳвари ҳаракати модернита ё таҷаддудгаройӣ қишри равшанфикру равшангари ҷомеа қарор доранд ва намояндагони ин қишр, бо истифода аз неру ва тавони фикрию эҷодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар баробари лашкари ҷаҳолатписандон вомеистанд ва ҳамин тур, муборизаи наву куҳна шакл мегирад. Ба қавли шоир:

Ба муносибати рӯзи байналмилалии забони модарӣ

  Забони яғнобӣ бисёр унсурҳои сарфии забонҳои азбайнрафтаи бостон ва миёнаи эрониро ҳифз кардааст. Яке аз чунин унсурҳои грамматикии бостонӣ аугмент буда, таърихи мавҷудияти он ба давраи бостонии забонҳои эронӣ мерасад. Дар забони яғнобӣ аугмент дар сохтмони замони гузаштаи феъл иштирок намуда, имконияти дар аввали калима, мобайни пешванд ва асоси феълӣ, феълҳои таркибӣ омаданро доро мебошад.

  Ба ғайр аз ду сайёраи аввал (Аторуд ва Зуҳра) дигар ҳамаи сайёраҳо (Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) дар Системаи офтобӣ дорои радифи табиӣ мебошанд. Ғайр аз ин ҷирмҳои хурди сайёрамонанде ҳастанд, ки дар канори Системаи офтобӣ ҷойгирифта, баъзеашон ба астероидҳои Тасмаи асосӣ ва қисми дигарашон ба Тасмаи Койпер мутаалиқанд. Моҳ ягона радифе мебошад, ки аз қадимулайём маълум буда, нисбатан хубтар омӯхта шудааст. Дигар радифони боқимонда бошад, баъдан бо ёрии телескопҳо ва дастгоҳҳои сайёри кайҳонӣ кашф карда шудаанд. Агар рӯшноии Муштарӣ халал намерасонид, чор радифони галилеии он – Ио, Европа, Ганимед ва Калисторо бо чашми оддӣ дидан мумкин буд. Аз ин рӯ ин радифон ба ҳафт радифи калонтарини Системаи офтобӣ мансуб мебошанд.

Саҳифа аз 5 то 265

Китобҳо