JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудият давра ва мароҳили бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренессанс (Ренесса́нс  аз забонҳои фаронсавии “Renaissance”, италиявии “Rinascimento” ва лотинии  “renasci” ба маънои  “навтавлидшавӣ, эҳёшавӣ”)  мунсаҷим мешавад. Эҳё ё Ренессанс раванди бозтавлидӣ ва азнавофаринии илму ҳунару фарҳанги классикию намунавӣ дар таърихи башарӣ мебошад. Ба ин маъно, халқияту миллиятҳои пешрафта ва мутамаддин ба хотири таъмини манофеи миллию фарҳангӣ намунаҳои баланди фалсафӣ, маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва эҷодии худро аз нав зиндаю эҳё мекунанд.

  Ҳангоми омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои пешрафта, ҷиҳати истифода аз он дар амалисозии ҳадафҳои рушди худ, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онҳо маълумоти зиёдеро дода метавонанд. Дар воқеъ, ҳама назару гипотезаҳо дар омӯзиши рушди иқтисоди як кишвар ба далелу рақамҳо ниёз доранд. Агар як кишварро пешрафта меномем, ҳатман нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем, то барои иддаои худ далели рақамӣ дошта бошем.

  Пеш аз омӯзиши моделҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба баррасии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зарурат дорем. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи мазкур чӣ тағйироте доштанд ва ба кадом самт ҳаракат мекарданд? Суръати рушди иқтисодии ин кишварҳоро аз рӯйи додаҳои таърихӣ дида, муайян карда метавонем, ки модели иқтисодии кадом кишвари ин минтақа бояд омӯхта кадоме аз онҳо сарфи назар шавад.

  Фарҳанги мардум  ва ё адабиёти омиёна мероси фарҳангии  арзишмандест, ки аз  сина ба сина ва аз насл ба насл мегузарад ва орзуву ормонҳои бадеиву зебопарастонаи  мардуми одиро ифода менамояд. Ин фарҳанг ҳанӯз дар замони хеле қадим, дар давраи ташаккули афкори бадеӣ ба вуҷуд омада,   дар пайвастагӣ бо раванди умумии адабӣ то ба дараҷаи як адабиёти густурда  расидааст. Дар адабиёти мардумӣ  муҳимтарин  махсусиёти зиндагии мардумӣ  инъикос гардида, тақдир, орзуву омол ва сарнавишти халқ   бо забони ширину равон ифода мешавад.  Аз ҳамин сабаб, муҳаққиқон омили асосӣ ва бунёдиеро, ки боиси пайдоиши ин фарҳанг мегардад, орзуву ормонҳои мардуми ранҷбар дар қолаби эҷоди бадеӣ донистаанд. Дар замони Шӯравӣ ин мафҳум бо истилоҳи “халқияти адабиёт” маълум буд ва фаҳмиши имрӯзаи фарҳанги мардумиро ифода менамуд.  Мунаққиди бузурги рус В.Г. Белинский  шояд аз аввалин муҳаққиқоне буд, ки ба мафҳуми “халқияти адабиёт” таваҷҷуҳ намуда, таъкид кардааст, ки “дар асари бадеӣ  “инъикоси хусусиятҳои индивидуалӣ ва характерноки халқ, зоҳир намудани рӯҳияи ҳаёти дохилӣ ва ботинии ӯ ба ҳама тобишҳои типии он, ба ҳама хусусиятҳо ва обуранги хоси он” халқият аст”[1].  

  Халқи тоҷик дар соҳаи адабиёт, мусиқӣ, меъморӣ ва санъати ороишию амалӣ мероси гаронбаҳоеро доро мебошад. Дар рустоҳои кӯҳистони минтақаҳои Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Помир ва Зарафшон, ҳамчунин дар  шаҳрҳои бузург , мисли Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор ҳунармандону косибон ва чеварони тоҷик услуби гулдӯзиву матоъҳои зебову рангин, кулолгарии бадеӣ, масолеҳи чӯбӣ, ороишоти меъморӣ, сикказанӣ (торевтика) ва ғайраро таҳия ва роҳандозӣ мегаштанд.

Китобҳо