JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Агар дар доираи таърихи башарӣ ба сифаҳоти густариши илму маорифи ҷаҳонӣ чашм давонем, моро беш аз пеш ҳунар, завқу салиқа, таълиму тарбият, одобу ахлоқ, ойину суннат, илму фалсафа ва тарзи биниши мардуми ориёитабор мутаассир месозад. Ақвоми ориёитабор аз қадимтарин замонҳо ба инсон, ҷомеа, ҷаҳон, зиндагӣ ва кайҳон биниши оқилона ва мантиқӣ доштанд. Ин тарзи биниш тайи таърих ҳамеша мавриди омӯзиш, писанд, эҳтиром, истиқбол ва таҷрибаи соири ақвому милали ҷаҳон қарор гирифтааст.

 Ҳамоно, намондаст як ҷонвар,

Ки бар ҷанги мо барнабаста камар.

                                        «Шоҳнома»

  Пас аз чоп шудани сӯҳбати камина дар ҳафтавори «СССР» (мусоҳиб Шаҳрзоди Амин) зери сарлавҳаи «Чаламуллоӣ ҳанӯз шинохти асли дин нест» рафиқе китоби «Маърифати гумшуда»-и муҳаққиқу корогоҳи амрикоӣ Стивен Фредерик Старрро овард. Хондам ва на як бор. Сипосгузорам, ки донишманди закӣ чунин заҳмати заруриро кашида.

  Имрӯз тамоми қонунҳо бо такя ба ҳуқуқу озодиҳои инсон қабул гардида, инсонро дар меҳвари арзишҳо қарор додаанд. Бо назардошти пайдоиши муносибатҳои ҷадид зарурати шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон бо диди нав дар тамоми марҳилаи ҳаёти инсонӣ ба вуҷуд меояд. Ҳуқуқу озодии инсон ин маҷмуи зарурат ва қонуниятҳои зист аст, ки инсон барои зиндагӣ ба онҳо эҳтиёҷ дорад ва барои инсон имконият медиҳад то ҳамчун як махлуқи бошуур арзи ҳасти намояд.   Мусалам аст ки инсон бидуни доштани ҳуқуқу озоди дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа ширкат варзида наметавонад. Ин ҳуқуқ ва озодист, ки барои инкишофи инсон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароит фароҳам меоварад. Бояд тазакур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эътибори хосса дода онҳоро чун арзиши олӣ шинохта дар низоми ҳуқуқии кишвар ба таври арзанда иникос ёфтаанд. Аз ҷумла дар моддаи 5-уми Конститутсия арзиши олӣ доштани инсон дарҷ гардида дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон кафолат дода шуда аст. Инчунин кафолати ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон аз сӯйи давлат, яке аз унсурҳои давлати демократи ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дарҷ гардидаанд. Мазмуну муҳтавои тамоми санадҳои меъёри ҳуқуқиро ин ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил дода, дар якҷоягӣ ва ё алоҳида барои ҳифз ва таъмини онҳо амал мекунанд.

  Инсон чун мавҷуди зиндаи соҳибхирад чӣ аз назари физиологӣ ва чӣ аз назари маънавӣ ҳамвора дар ҳоли рушду таҳаввул қарор дорад. Мавҷуди кушо ва ҷӯёву пӯёест, ки ҳамеша мехоҳад доир ба худу ҷаҳон ва ҷомеаву дар кул олами ҳастӣ маълумоти наверо ба даст оварад. Ҳамин аст вижагӣ аст, ӯро аз ҳамаи анвоъи зинда бартар месозад. Яъне вобаста аз шинохти дурусти вазъ ва таҳлилу озмоиш дар баробари ҳар ҳаводис тасмимгирӣ менамояд. Дониш таҷриба ва ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳоншиносии ӯ ҳамеша дар ҳоли тағйир ва комилшавӣ аст. Аз тарафи дигар ин ҳама донишу таҷрибаву илм ва фанноварӣ ё худ ҳар ончи хоҳ аз назари моддӣ ва ё маънавӣ инсонҳо сохтаву пардохтаанд, меҳвари ҳамаи онҳо саодати  инсон ва зиндагии инсонӣ аст. Мафҳуми мардумсолорӣ низ пеш аз ҳам гирифта аз бузург ва арзишманд донистани мардум ва зиндагонии мардум аст.

Китобҳо