JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

    Муносибати муътадил ва ҳасана дар хамаи давру замонҳо бар асари таҳаққуқ пайдо кардани фарҳанг дар умури иҷтимоӣ имконпазир буда, маҳз фароҳам овардани имконоти фарҳангӣ боиси ҳаллу фасли мушкилоту дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва равонӣ гардидааст. Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад (ниг.:Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкими он. Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. -С.22-23). Ваҳдату ҳамбастагӣ ва раванди ташаккулу инкишофи он ба фазо ва муҳити фарҳангӣ бевосита алоқаманд аст ва дар паҳнои муносибатҳои фарҳангӣ ва маданӣ устувор мешавад.

Ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар сафҳаи  таърих сабт шудааст, ки яке  аз масъалаҳои асосии  дар  Иҷлосияи   таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида, ба Ватан  бозгардонидани  фирориёни иҷбории тоҷик аз кишварҳои  дуру наздик, хусусан  Афғонистон  буд. Дар мақолаи мазкур кӯшиш кардам, ки ба ҳайси яке аз иштирокчиёни ҷараёни  бозгардонии фирориёни  иҷбории  тоҷик  аз Кампи Сахии  Афғонистон  соли 1993 дар ҳайати аввалин Гурӯҳи кории Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баъзе  хотираҳои хешро  ба  риштаи   таҳрир  дарорам. Он солҳо, банда афсари  мақомоти  амнияти  кишвар  будам. Бо  сабаби  мушкилии  вазъияти сиёсӣ – низомии  Тоҷикистон  ва  Афғонистон,  носуботиву  ноамниҳо  дар  ин  кишварҳо,  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷрои ин  вазифа,  яъне  бозгардонии фирориёни  иҷбории  тоҷикро  аз Афғонистон ба  зиммаи мақомоти  амниятии ҷумҳурӣ,  ки роҳбарии  онро  он  солҳо  Зуҳуров Сайдамир Зуҳурович ба  уҳда  доштанд,  вогузор  намуда  буд.

 Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту чор сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

   Мардуми форсу тоҷик аз қадимтарин даврон ормони сохтани давлат ва ҷомеаи бозу солимро, ки бар мабнои донишу хирад ва меҳру отифат устувор мегардад, дар дил мепарварид. Ормонҳои бостонии миллӣ дар заминаи сохтмони давлати дунявӣ ва ҷомеаи  секулорӣ дар бовару асотири қадима инъикос ёфтаанд. Бар ин маъно устураҳои  дерина ва дерпойи Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кова, Соми  Наримон, Золи Зар, Рустам, Сиёвуш ва амсоли инҳо бозгӯкунандаи ормонҳои миллӣ дар заминаи давлатсозӣ ва ҷомеаофарии дунявӣ мебошанд. Ҳанӯз дар қадимтарин  бовардоштҳои миллӣ симои шахсиятҳое, ки барои дунявият ва тарзи мудирияту ҳамзистии дунявӣ талош варзидаанд, меҳварӣ буда, онҳо ба унвони улгӯ васфу ситоиш шудаанд. Бавижа, Ҷамешеди Пешдодӣ симои марказӣ ва меҳварии асотири бостонии миллӣ мебошад, ки ҷиҳати сохтан ва созмон додани давлати дунявӣ ва ҳукумати фарҳангӣ ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Ҷамшед, тибқи бовардоштҳои қадима, тавассути донишу хирад ба сохтани ҷаҳони нав, низоми тозаи зист ва давлати ҷадид пардохт.

Китобҳо