Агар бигӯем, ки фақат омилҳои объективӣ сабабгори аслии зуҳури мушкилоти замони гузашта ва имрӯзи миллии мост, ин дидгоҳи дуруст ва воқеъбинона нахоҳад буд. Чунин андеша дар бораи мушкилоти миллии гузашта ва шинохти ишколоти вазъи кунунии ҷомеаи мо на фақат воқеъбинона нест, балки ҳатто дар роҳи рушди мо ба сӯи оянда аз лиҳози зеҳнӣ монеа эҷод мекунад ва шонаҳои моро аз пазириши бори масъулият дар назди тамоми нокомиҳои гузаштаву ҳозираи ҷомеаи хеш то андозае сабукбор месозад. Ин гуна шинохт ва ҷаҳонбинӣ роҳро ба таври фарох ба сӯи фарофиканиву тақдиргароӣ (фатализм) ва дар зимн, бемасъулиятӣ боз хоҳад гузошт.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир бевосита нишон медиҳад, ки илми муосир, дар муқоиса бо илми асрҳои гузашта, бештар хусусияти иҷтимоӣ ва коллективӣ пайдо намудааст. Кашфиёту коркардҳои назариявӣ, ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миқёсии илмӣ эҳтимолан на аз ҷониби олимони алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои илмии касбӣ – оғоз аз мактабҳо ва лабораторияҳои илмӣ то шабакаи васеи ҳамоҳангшудаи олимон ва мутахассисон ба даст оварда мешавад. Ин амалия дар тамоми мактабҳои илмии ҷаҳон ҳамчунин тавассути ҳамкории байналмилалии ҳам олимони алоҳида ва ҳам ҷомеаҳои илмӣ, лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, чорабиниҳои илмӣ – конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, нишастҳои техникӣ, мактабҳо ва ғайра ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон, яке аз роҳҳои самараноки ташкили ҳамкории қавии олимон ва мутахассисони соҳаи илми мушаххас дар ҳудуди кишварҳо фаъолияти ҷамъиятҳои илмӣ мебошад, аз ҷумла – ҷомеаҳои физикӣ.
МАҚОЛАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА «Zani dirūza va zani imrūza», КИ СОЛИ 1938 ЧОП ШУДААСТ
Дар асл гирдоварӣ ва нашри матнҳои фолклори тоҷикон дар охири солҳои бистум ва сиюми садаи ХХ оғоз шуд. Дар он замон фолклоршиносони касбӣ вуҷуд надоштанд ва рисолаҳои илмӣ низ роҷеъ ба матнҳои фолклорӣ таълиф нашуда буданд. Фақат дӯстдорони фарҳанги мардумӣ, ба монанди устод М.Турсунзода, оид ба баъзе масъалаҳои доғе, ки дар матнҳои фолклорӣ низ инъикос ёфтааст, дар мақолаҳои ҷудогона назари худро баён менамуданд. Мақолаи М.Турсунзода «Зани дирӯза ва зани имрӯза» («Zani dirūza va zani imrūza»), ки соли 1938 дар шумораи №3, дар маҷаллаи «Шарқи сурх» чоп шудааст, аз ҷумлаи онҳост.
Имсол 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.
Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд.
Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.