JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Мо дар навиштаҳои пешин бобати он ҷанбаҳои иҷтимоию равонишинохтии хурофа, омилҳо, сабабҳо ва мондагории ин падида баъзе аз таҳлилҳоро ироа дошта будем. Тавре зикр гардида буд, хурофаю хурофазадагӣ аз нодониву тарс дар баробари ҳаводиси табиию иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва бештаре аз афкори хурофӣ ба даврони бомдоди рӯзгори башар мансубанд, ки онҳо дар баробари ҳаводис бофтаҳо ва хаёлоти хешро ироа намуда, вазъиятҳои инсонӣ ва ҳолатҳои равонии онро бар сари ҳодиса ва воқеиёт таҳмил намудаанд. Аз ин бармеояд, ки як даврони дарозе аз таърихи инсоният пур аз бинишҳо ва боварҳои хурофотӣ будааст. Ҷомеаҳои куҳан ва суннатии башар пур аз афкори хурофотие будааст, ки мисли як айсберги бузург монеи роҳи рушди миллатҳо ва давлатҳо будаанд. Ҳеҷ як тамаддун ё фарҳанге нест, ки дар он ҷанбаҳои хурофотӣ ҷой надошта бошанд. Башарият зина ба зина ба шинохти воқеъиву қонунманди падидаю ашё расидааст.

Чоршанбе, 24 Феврали 2021 05:46

Дунявият ва воқеият

Муаллиф:

   Инсоният аз қадимулайём дар орзуи як давлат ва ҷомеаи ормонӣ будааст, ки дар он озодона, бидуни зулму истисмор ва орӣ аз такаллуфу таоруф зиндагӣ кунад. Маҳз ҳамин орзу ва омоли инсонӣ дар бовару асотир, эътиқоду бовардошт, дину мазҳаб, сиёсату иҷтимоъ, адабиёту фалсафа ва фарҳангу маънавиёт инъикос ёфта, боиси ба вуҷуд омадани тарҳҳои ормонӣ гардидааст. Ба ин минвол дар қолаби фикрию маънавии ҷомеаҳо модели давлат ва ҷомеаи ормонӣ тарҳрезӣ гардид ва дар соири илму адаб ва ҳунарҳо таҷассум ёфт. Ғараз ва ҳадаф аз ба вуҷуд овардани тарҳҳои фикрии ҷомеаи ормонӣ ҳамзистӣ ва иттиҳоди мардумӣ будааст. Мардум дар ҳамаи давру замон ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, рифоҳи молию маънавӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошта ва дорад. Ин гуна ниёзҳо, ки аз вуҷуди маънавӣ ва иҷтимоии инсон буруз мекунанд, асли зиндагӣ маҳсуб меёбанд ва мушаххас кардану ба тартиби муайян даровардани силсилаи ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ тарҳу қолабҳои нави фикриро ба вуҷуд овард. Аз ҳама муҳим, инсон аз бомдоди зиндагӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба ҳамбастагию ҳамзистӣ ниёз доштааст ва ин навъ биниш раванди ормонгаройиро дар таърихи тафаккури инсонӣ ташаккул додааст.

  Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба  ҳисоб  меравад.  Қариб  ҳар  сол  схема  ва  сохти  ин  мошинҳо  такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Технологияҳои иттилоотӣ, ки имрўз сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ҷомеа муайян мекунанд, ба зудӣ пайдо, ворид ва нопадид мешаванд ва  мавқеи худро ба технологияҳои навтар медиҳанд.

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Ҷамолиддин Саидзода)

     Адабиётшинос ва андешаманди муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 69 қадам ниҳоданд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурўъ намуда, устод  Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад.

Китобҳо