JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҷамъияти ихтиёрии шаҳрвандон буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ байни ҳам дар рақобат ҳастанд, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва ҷалби бештари тарафдорон, инчунин баҳри ҳар чӣ зиёд намудани аъзо, асосан аз роҳҳои гуногуни ­таблиғотӣ истифода мебаранд.

  Ин аст, ки кори таблиғотиро метавон фаъолияти асосии онҳо арзёбӣ намуд. Зеро маҳз интихоби дурусти самти фаъолият ва фаро гирифтани масъалаҳои мубрам дар оинномаи ҳизбҳо метавонад шумораи аъзо ва ҷонибдорони онҳоро бештар намояд.

  Таҷлили ҷашну маросимоти миллӣ ва аз давр ба давр ва аз аср ба аср мунтақил кардани онҳо сатҳи баланди худогоҳӣ ва хештаншиносии мардуми форсу тоҷикро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ҷашнгирӣ ва маросимофаринии ин мардум ба кайфияти зиндагии фикрӣ, ифтимоӣ ва мадании ҷомеаи вақт бастагӣ дорад. Масалан, танҳо дар маҳдудаи як моҳ --  даймоҳ чаҳор ҷашн гирифта мешуд: якум, ҳаштум, понздахум ва бисту сеюми даймоҳ чанд ҷашн таҷлил мегардид, ки аввал – якуми баҳман ба унвони Шаби Ялдо муаррифӣ шудааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.89).

   Тавре, ки медонем бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҳамзамон  идома бахшидани он солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори Пешвои муаззами миллат асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон заминаи бузурге дар таҳкими соҳаи сайёҳӣ гузошт.

   Туризми байналхалқӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ нақши бориз мебозад. Дар оғози ҳазорсолаи нав, на танҳо рушди туризми байналхалқӣ, инчунин тамоюлҳои нав дар ин соҳа падид омаданд. Оморҳои расмӣ аз рушди туризми байналхалқӣ гувоҳӣ медиҳанд, масалан агар дар соли 1950 шумораи умумии сайёҳон дар ҳудуди ҷаҳон 25 млн нафар ва даромад аз ин соҳа ба 2,1 млрд доллари ИМА ва соли 1987 бошад, тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ (ТУТ) ин нишондод ба 363млн нафар ва даромад ба 150 млрд доллар расид. Соли 2000-ум шумораи сайёҳон ба 698 млн нафар ва даромад аз ин соҳа зиёда аз 476 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар робита бо соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳо  омили муҳимми рушди иқтисодиёт ва инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ гардид. Айни замон шумораи сайёҳон мефзояд ва соли 2018 шумораи онҳо 1,4млрд нафар ва даромад аз ин соҳа 1,7 трлн долларро ташкил намуд[1].

   Имрӯзҳо муассисаҳои таълимии муосир дар интихоби тамоми касбу ихтисос имконияти зиёд фароҳам овардаанд. Аксари ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ихтисосҳоеро, ки мӯд мешаванд, ё даромади иқтисодии хуб меоранд, интихоб менамоянд. Масалан, аввалҳои солҳои 2000-ум хатмкунандагон кӯшиш мекарданд, ки ҳуқуқшинос ва менеҷер шаванд, сипас ихтисосҳои журналистика, барномасоз, дизайнер ва ғайраҳоро интихоб карданд.

  Довталабони ихтисосҳои физик, астрофизик, геолог ва кимиёшинос то андозае кам шуданд. Баъзе ихтисосҳо миёни ҷавонони муосир ҳатто маъруфияташонро гум кардаанд. Барои чӣ? Дар ин бора метавон соатҳо баҳс кард, вале ҷавоби дурустро ёфтан мушкил. Ба андешаи банда, шояд аз он сабаб, ки ҷавонони муосир аз макони бароҳати худ дур шудан намехоҳанд. Кӣ омода аст ба хотири амалӣ шудани орзуҳо, ё кунҷковӣ ҳаёти муқаррарии худро тағйир диҳад? Кӣ мехоҳад дар синни 25 тавассути телескоп осмони пурситораро бинад ва омӯзад? Ё ин ки ба қаъри кону нақб, ҷое, ки торик асту  интернети 4G надорад, фарояд? Ё ҳамчун қаҳрамони имрӯзаи мо мунтазам ба масофаи мушкилу душворгузару маргбор ва мавзеъҳои тоқатфарсо, ки ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ каму зиёд аст, сафар кунад?

Китобҳо