JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмии аксарияти давлатҳо, аз он ҷумла, давлатҳои пасошӯравӣ рушди инноватсионӣ тайи чанд даҳсолаи охир ба масъалаи бениҳоят мубрам табдил ёфтааст. Баъзеи ин кишварҳо, иқидори истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии худро нигоҳ дошта, аз содироти маҳсулоти нафтӣ даромади зиёд ба даст оварда, қисмати зиёди ин маблағҳоро ба фондҳои махсус барои наслҳои оянда сафарбар намуда, роҳҳои тараққиёти ояндаи худро муайян намуданд. Давлатҳои сатҳи тараққиёташон паст бошад, ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ гардиданд, ки мутаассифона ба гуруҳи ин кишварҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилии дохилии муқовимати шаҳрвандӣ дохил мешавад.

Душанбе, 16 Ноябри 2020 08:27

Рӯдакӣ ва Хоқонӣ

Муаллиф:

  Сухан бар бикри табъи ман гувоҳ аст,

Чу бар эъҷози Марям нахли хурмо.

                                                Хоқонӣ

  Устод Рӯдакӣ – падари шеъри тоҷик-форс, шоири миллӣ, шоире мебошад, ки дар замони зуҳури давлати миллии Сомониён зиндагию эҷод намудааст ва пояи адабиётамонро ба суханони муҳкаму матину солими худ бунёдгузорӣ намуда ва дар қад барафрохтани бинои бузург ва муҳташами он саҳми бузург гузоштааст. Агар устод Рӯдакӣ хиштҳои бинои ин кохи бузургро дар ибтидо дуруст намегузошт, ҷо ба ҷо намекард, имрӯз ин бино ва ин кохи пуршукӯҳ, ки мо дорем ва муҷиби ифтихори мо ва аҳли олам аст, чунин баланду пурмоя ва бегазанду зебо намемонд. Ҳамин нубуғи устод Рӯдакӣ буд, ки адабиёти мо аз оғоз, аз даврони тифлии худ, тавонист бо каломи содаву равшан ва матину самимии хеш ба дилҳо роҳ биёбад, андак-андак такомулу рушд намояд ва роҳро барои буруз ва пайдоиши гӯяндагони бузург ва оламгир ҳамвор намояд. Лиҳозо, мо ба ин фикри Содиқи Сармад билкул мувофиқем, ки мегӯяд:

   Назарияи ҳар як илмро берун аз доираи таърихи он наметавон шарҳу баён кард. Зебоишиносӣ ба омӯзиши зуҳуроти адабӣ-зебоишиносӣ, муносибатҳо ва ҷараёнҳо, ки таърихан ба вуҷуд омада, дар инкишоф ва тағйирёбӣ қарор доранд, мувофиқ меояд.

  Таърихи қаблии зебоишиносӣ. Маҳз ҳамин устурашиносӣ манбаи донишҳои фалсафӣ ба ҳисоб меравад. Устурашиносӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла масоили санъат, зебоӣ ва робитаҳои байниякдигарии ин ду падидаро фаро гирифта, инъикос менамуд.

   Пешгуфтор

   Масъалаи ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тайи се даҳаи охир мавриди баррасии соҳибназарони аксар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ мардумони кишварҳои гуногун бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ба ҳамдигар аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Як гурӯҳ ин равандро ҳувиятзудо дарёфта, аз хатароти он сухан дар миён мегузоранд, гурӯҳи дигар бошад, баръакс, раванди ҷаҳонишавӣ ва наздикшавии миллатҳои гуногунро омили баланд шудани ҳувияти миллӣ меноманд. Онҳо муътақиданд, ки дар баробари шиносоии бештари миллатҳои дигар, намояндагони як миллат ба фарҳанг ва таърихи худ таваҷҷуҳи бештар намуда, худро бар баробари дигарон мегузоранд. Ин дар натиҷа боиси баландтар шудани худшиносии миллӣ гашта, дар зеҳни мардум масъалаи ҳифзу тақвияти фарҳанги худашонро ба вуҷуд меоварад.

Китобҳо