JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 11:17

Ҳамчун коркарди алтернативаҳо ва моделҳои рушди ҷомеаи инсонӣ

Муаллиф:

  Мақолаи мазкур дар асоси чанд сарчашмаи ҷадиди илмӣ, аз ҷумла «Футурология. XXI век: бессмертие или глобальная катастрофа?» (А. Турчин ва М. Батин, 2013), «Философия общего дела» (Н. Фёдоров, 2000) ва маҷмўаи мақолоти 18 олим таҳти унвони «The scientific conquest of death: essays on infinite lifespans» (2004) навишта шудааст. Чун дар дигар мавридҳо ба таври муфассал оид ба ду китоби охир маълумот додаем, ин ҷо иқтибосҳо бештар аз «Футурология» оварда мешаванд.Футурология ё худ оянданигарии илмӣ соҳаест, ки татбиқи сенарияҳои гуногуни ояндаи инсонро меомўзад ва баррасӣ мекунад. Он на фақат раванди таҳаввули ҳодисаҳо ва падидаҳоро дар оянда пешгўӣ, балки бо истифода аз методу усулҳои илмӣ ба нақша гирифта, идорапазир месозад.

 Истилоҳи «футурология» дар миёнаи солҳои 40 уми асри гузашта аз тарафи профессори олмонӣ Осип Флехтҳайм (Ossip K. Flechtheim) пешниҳод гардида, солҳои 1960 ум бо кўшиши Герман Кан (Herman Kahn) ва дигар олимон аз ширкати RAND ба соҳаи алоҳидаи илм табдил ёфт (Турчин ва Батин 2013: 24).Бояд гуфт, ки футурология ҳеч рабте ба утопия, чуноне ки дар «Давлат» и Афлотун ва «Утопия» и Томас Мор тасвир мешавад, надорад. Методу усулҳои пешбинии утопистҳо бештар ба методу усулҳои динӣ монанд ҳастанд, чуноне ки мо инро дар афсонаҳои Масеҳ, Маҳдӣ, пешбиниҳои Нострадамус ва дигарон мушоҳида мекунем. Ояндабинии динӣ ва мифологӣ асоси илмӣ надорад, балки ба авторитет ва эътиқоди ғайриақлонӣ такя мекунад. Ҳамчунин, дар асри 20 дар адабиёт ва ҳунар соҳаи фантастика ташаккул ёфт, ки бештар ба тасаввурот ва эътиқодоти динӣ такя карда, оянданигарии илмиро то андозае бадном кард. Аммо чуноне ки Чингиз Айтматов бо ишора ба Ф. Достоевский дар муқаддима ба «Рўзе дарозтар аз аср» мегўяд, фантастикае, ки заминаи илмӣ дорад ва метавонад ояндаи инсонро дуруст пешгўӣ кунад, яке аз методҳои марказии адабиёти бадеӣ мебошад. Чунин усули ба асосҳои илмӣ ва фалсафӣ наздикро метавон дар лоиҳаи технологияи инноватсионии Жак Фреско бо номи «Лоиҳаи Венера» мушоҳида кард.

Бо вуҷуди дастовардҳои азими илму техника, як қатор сабабҳо ва омилҳое ҳастанд, ки барои ташаккули футурология ҳамчун соҳаи алоҳидаи илмӣ монеа эҷод мекунанд.

Ду сабаби асосӣ ба таври зер мебошанд:

1) Каҷфаҳмиҳои когнитивӣ, ки ба мавқеъҳои ғайриилмӣ ва идеологии тасвири олам асос ёфтаанд. Масалан, идеологияҳои динӣ, комунистӣ ва либералистӣ, ки айни ҳол дар ҷаҳон ҳукмронанд, зидди зиндагии бардавоми одамон мебошанд.

2) Мақоми иҷтимоии олимон ва нафароне, ки дар бораи ҳақиқат ҳукм меронанд. Барои онҳо танқид ва инкор шудани ҳақиқати хоси онҳо ба маънои инкор шудани мақоми иҷтимоӣ ва ҳатто ҳастии онҳо мебошад. Бинобар ин, барои ҳимояи ҳақиқатҳои худ онҳо мубориза мебаранд ва соҳаҳои алоҳидаи илмро ба васила ва майдони чунин мубориза табдил медиҳанд. Онҳо омода нестанд, ки мавқеъ ва ҳақиқатҳои худро бознигарӣ кунанд.

Ҳафиз ХОЛИҚЗОДА., Номвар ҚУРБОН.

Хондан 2007 маротиба

Китобҳо