JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:30

Қиссаи себи Нютон

Муаллиф:

   Ривояте машҳур гаштааст, ки гӯё Нютон боре дар боғ сайр дошту ногоҳ себе аз шох канда шуда, ба сараш меафтад. Ин ҳодиса Нютонро ба андеша водор месозад, ки барои чӣ себ ба боло неву ба замин афтод. Баъд аз фикрҳои дуру дароз ба хулосае омад, ки Замин соҳиби қувваи ҷозиба асту бо он чизҳоро ба худ ҷазб менамояд ва ҳамчун кошифи ҷозибаи умумиҷаҳонӣ шинохта мешавад.Баъзе олимон ба ин қисса шубҳа менамоянд. Қисми дигар бошанд кӯшиданд то ҳақиқати ҳолро муайян намоянд. Яке аз сарчашмаҳо китоби «Хотираҳо оиди ҳаёти Исаак Нютон» мебошад, ки муаллифаш Уилям Стекли дӯсти Нютон буд.

   Ӯ вохӯриашро бо Нютон дар рӯзи 15-уми апрели соли 1725 дар шаҳри Лондон ба хотир оварда менависад: «Аз баски ҳаво хеле гарм буд, мо чойи пас аз нисфирӯзиро дар сояи себзори анбӯҳ нишаста менӯшидем. Мо танҳо ду нафар будем. Дар ин байн ӯ (яъне Нютон) ба ман гуфт, ки айнан дар ҳамин хел ҳолат бори аввал фикри ҷозиба ба сараш омадааст. Ин бо сабаби афтодани себ буд, дар вақте ки ӯ ба фикр фурӯ рафта буд…». Вале ин китоб танҳо соли 1936 рӯи чопро диду халос.

Вале дар соли 1728, соле пас аз марги Нютон Волтер дар асараш қиссаи ба ин монандро меорад. Дар ин ҳол ӯ ба суханони ҷиян ва шарики Нютон Катарина Бартон, ки қариб 30 сол бо Нютон ҳамроҳ буд истинод мекунад. Шавҳари ӯ Ҷон Кондут, ки ба Нютон ассистент буд ба суханҳои худи олим такя карда дар хотираҳояш зикр мекунад: «Азбаски соли 1666 дар шаҳри Лондон бемории сироятии тоун паҳн мешавад Нютон маҷбур мешавад, ки аз Кембриҷ ба мулки худаш баргардад. Боре ӯ дар боғ истроҳат мекард ва ҳангоми афтидани себ ба сараш фикре омад, ки қувваи ҷозиба танҳо бо сатҳи Замин маҳдуд набуда дуртарро ҳам фаро мегирад». Танҳо пас аз бист сол асари Нютон «Ибтидои математикии натурфилософия» навишта шуд, ки дар он ӯ исбот мекунад, ки ҳатто моҳро ҳам дар меҳвари худаш қувваи кашиш (ҷозиба) нигоҳ медорад.

Соли 1998 англис Казинг, устоди Донишгоҳи Йорк дар маҷаллаи «Физикаи муосир» (анг. «Contemporary Physics») мақолаеро бон номи «Таърихи дарахти себи Нютон» ба табъ расонид. Казинг ақидаеро менависад, ки гӯё дарахти себ дар боғи Нютон якто буд ва то соли 1820 вуҷуд дошт, вале дар натиҷаи раъду барқ аз байн рафт. Курсие, ки аз ин дарахт сохта шуда аст дар яке аз коллексияҳои шахсӣ дар Англия нигоҳ дошта мешавад.

14 майи соли 2010 бошад, шохчаи ниҳоли себе, ки аз тухми хамон дарахти афсонавии Нютон сабзида буд, бо ҳамроҳии кайҳоннаварди англис Пирс Селлерс дар киштии кайҳонии «Атлантик» ба кайҳон бароварда шуд. Ин нишони он аст, ки ба шарофати инсонхои бузург ҳатто дарахт ҳам машҳур шуда қадр меёбад. Оиди қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ онро гуфтаниам, ки ҷозиба ба ҳамаи материя хос буда, байни ду ҷисми соҳиби масса буда албатта таъсир мекунад. Қувваи ҷозиба ба массаи ҷисмҳои ба ҳам таъсиркунанда мутаносиби роста буда, ба квадрати масофаи байни онҳо мутаносиби чаппа мебошад.

Ризои Баҳромзод, Қурбониён Меҳрдод

Хондан 1383 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Паради сайёраҳо »

Китобҳо