JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:25

Маҳлул бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо

Муаллиф:

   Барои тайёр намудани ин дар 10 литр об бояд 2 кг хокистари нағз майда кардашуда ҳал карда шуда, инчунин ба он ҳамроҳ намудани 100–150 грамм хушкаи тамокуи носӣ, ё ин ки 10 дона тамокуи дудӣ (папирос), як-ду дона сармисоқ (чеснок)-и майдакардашуда, як-ду дона қаламфури майда карда шуда ҳамроҳ кардан лозим аст. Ин маҳлули кориро бояд дар муддати 3–4 рўз дар соя нигоҳ дошт. Баъд аз ин онро аз дока гузаронида, ба он дар рўзи истифодабарӣ пеш аз ба растаниҳо пошидан ба миқдори 100–150 грамм селитраи аммиакӣ (аммиачная селитра), 50–70 грамм хлориди калий, 70-100 грамм суперфосфат ва 20–30 грамм собун ё ин ки айна ҳамроҳ карда, нағз маҳлул намудан лозим аст.

 

 Аз сабаби оне, ки дар таркиби ин маҳлул аз қабили моддаҳои органикӣ ба шакли фитонсидҳо, эфирҳо, ишқорҳо ва ғайраҳо мавҷуданд, онҳо дар якҷоягӣ бо заҳрҳои химиявӣ метавонанд барои нест сохтани замбурғҳо ва дигар микроорганизмҳои зараррасоне, ки дар баргу пояи растанӣ зиндагӣ мекунанд кўмак расонад. Аз тарафи дигар дар таркиби ин маҳлул мавҷуд будани моддаҳои ғизоии барои растаниҳо зарур, ба мисли нитроген, фосфор ва калий барои растаниҳо аҳамияти калон доранд.

Инчунин пеш аз истифодабарии ин маҳлул барои фоиданок гаштанаш ба он ҳамроҳ намудани 10–15 грамм аз қабили заҳрҳои таъсирашон системагӣ, ба монанди нурелл-де, десис, фюре, би-58, рогор, сумисидин барои нест сохтани ҳашаротҳои хоянда ва маканда низ аҳамияти калон дорад. Дар ин маҳлул инчунин метавон дар рўзи истифодабарии ин маҳлул, заҳрҳои кимиёвиро аз қабили арсерид, ридомил, купрозан, синеб ва ғайраро бо сарфи 20–30 грамм ба муқобили касалиҳои замбурўғии пиёз, помидор, картошка, зироатҳои полизӣ ва дигар сабзавотҳо истифода намуд.

Сарфи маҳлули корӣ дар як сотихи замин 6 литр ва дар як гектар 600 литрро ташкил медиҳад. Ин маҳлулро бегоҳӣ баъди ғуруби офтоб, соатҳои 18–20-и вақти маҳалӣ пошидан зарур аст. Ин маҳлули тайёркардашударо деҳқонон метавонанд, ки бо ёрии дорупошакҳои дастӣ ё ин ки бо ҷоруб (агар қитъаи замин он қадар калон набошад) ба растаниҳо пошанд. Дар вақти истифодабарии дорупошакҳо маҳлулро боз як бори дигар бо ёрии дока тоза намудан лозим аст.

Чизи дигаре, ки хело муҳим мебошад ин се- чор маротиба пошидани маҳлули корӣ ба растаниҳо мебошад. Коркарди якуми ниҳолҳоро дар вақте, ки растаниҳо 2–3 барги ҳақиқӣ пайдо менамоянд, бояд гузаронида шавад. Ба кучатҳои зироатҳо бошад баъди 10-15 рўзи ба замин гузаронидани ниҳолҳо тавсия карда мешавад. Коркарди дуюми растаниҳоро бо ин маҳлул баъди 10 –12 рўзи коркарди якум гузаронидан лозим аст. Коркарди сеюму чорумро боз баъди 10–12 рўзи фосилаи вақт аз ҳамдигар гузаронидан лозим аст. Ин маҳлул аз тарафи худи деҳқонон бо харҷи кам ба даст оварда мешавад.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,

доктори илмҳои кишоварзӣ

Хондан 2600 маротиба

Китобҳо