JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Бояд қайд намуд, ки озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология дар назди Институти биофизика ва физиологияи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИБФГР АИ ҶТ) ҳанӯз дар соли 1972 таъсис дода шудааст. Ҳоло дар Озмоишгоҳ бештар аз14 нафар кормандон ба корҳои илмӣ банд мебошанд. Дар муддати солҳои охир озмоишгоҳ бештар аз 40 нафар номзадҳо ва докторони илм рисолаҳои илмии хешро бо муваффаққият дифоъ намуда, ҳоло дар муассисаҳои илмӣ, дар донишгоҳҳо ва ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ кору фаъолият менамоянд.
Аз сабабе, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон никоҳи хешовандони наздик хеле зиёд ба чашм мерасад, масъалаи мазкур дар саросари матбуоти даврӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ва радиову телевизион баҳсҳои гуногунро ба бор овардааст. Албатта, яке аз сабабҳои асосии бастани ақди никоҳ байни хешовандон ҷаҳонбинии динӣ, маҳалгароӣ ва суннатҳои авлодгароӣ мебошад. Шояд масоили мазкур сабабҳои объективӣ, яъне мураккабии сохти релеф ва аз якдигар дар масофаҳои дур ҷойгир шудани маҳалҳои аҳолинишин (хусусан, манотиқи кўҳсор) бошад, чунки дар байни мардуми деҳоти кўҳсори кишвар муносибатҳои дуҷониба кам ба чашм мерасад. Сабаби дигар, ин дар шаҳрҳои бузурги…

Китобҳо