JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:32

Паради сайёраҳо

Муаллиф:

   Астрономҳо эълон намуданд, ки аз 31 январ то 7 феврали соли 2016 дар оғози моҳи сеюми зимистон пеш аз тулўи Офтоб панҷ сайёраҳои низомї Офтобиро дар як катор дида мешавад. Ҳаммаи ин сайёраҳо ҳангоми саҳаргоҳон як соат намоён мегарданд, ки инҳо Муштарӣ, Миррих, Зуҳал, Зӯҳро, Уторид ва ба катори ин сайёраҳо радифи табии Замин Моҳтобро низ бо чашми одди мушоҳида намудан мумкин аст. Астраномҳо ин ҳодисаи кайҳониро «паради сайёраҳо» меноманд. Дар расм паради сайёраҳоро, ки 31 январи соли ҷори бо ёрии телескопи АЗТ-8 Расадхонаи астрономии Хисор акс бардори карда шуд.

 Ба маълумоти астрономҳо бори охир дар як қатор ҷойгиршавии сайёраҳоро 10 соли пеш ба қайд гирифта шуда буд. Аз 20 январ то 20 феврали соли 2016 дар қисми ҷануби осмони Тоҷикистон қатори панҷ сайёраҳоро ба тамошои паради сайёраҳо, ба чашм бо дурбин ва бо ёрии телескоп дар хавои софу беғубор саҳаргоҳон мушоҳида кардан мумкин мебошад. Бо ёрии телескпҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳаршаба дар осмони софу беғубор паради сайёраҳо, сайёраҳои хурд, ҳодисаҳои метеорҳоро, каметаҳоро ва дигар ҳодисаҳои объекҳои кайҳониро мушоҳидаҳо гузаронида натиҷаҳои илми ба даст оварда мешавад.

Абдуллоев C.Х, Хамроев У.Х.

Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 2447 маротиба

Китобҳо