JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Кометаҳо ҷирмҳои аҷоиби кайҳонӣ буда, баъзан қариб тамоми осмони ситоразорро фаро мегиранд ва аз азал диққати инсониятро ба худ ҷалб кардаанд. Зеро онҳо дар назар баъзан мисли сари мӯйи дарози парешондоштаро мемонанд. Кометаҳо ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди осмонӣ дохил мешаванд, ки ба ин қатор ба ғайр аз онҳо астероидҳо, метеороид, болидҳо ва абру ғубори байнисайёравӣ низ шомиланд. Кометаҳо гарчанде аз рӯйи ҳаракати худ дар атрофи Офтоб ба астероид шабоҳат дошта бошанд ҳам, зоҳиран аз астероидҳо фарқ менамоянд. Агар астероидҳо шаъшааи Офтобро инъикос намоянд, кометаҳо ин шуоъро фаъолона дар ҳудудҳои ба худ хос тайф (спектр) паҳн мекунанд. Ҳарчанд қутри (диаметр) ҳастаи (ядро) онҳо аз як то даҳҳо километр зиёд нест, вале ин аҳвол имкон медиҳад, ки кометаҳоро бо чашми одӣ бубинем.
Охири асри XIX ва аввали асри XX боиси кашфиётҳои нав дар соҳаҳои макро ва микроолам шуданд. Баъди оне, ки нурҳои рентгенӣ ва ҳодисаи раиоактивӣ кашф шуданд, зарраҳои заряднокеро низ қайд карданд, ки ба Замин аз фазои кайҳон меомад. Ин зарраҳо аз тарафи физики австриягӣ Виктор Гесс соли 1912 кашф шуданд. Ӯ тавассути кураи ҳавоӣ, ҳангоми омӯзиши иониши атомҳои ҳаво, афзоишро бо рафти баландӣ мушоҳида кард, ки ин ҳодисаро зарраҳои кайҳоние ба амал меоаварданд, ки онҳоро нурҳои кайҳонӣ номиданд. Нурҳои кайҳонӣ (НК) – ин сели зарраҳои зарядноки баландэнергия мебошад, ки ба Замин аз фазои кайҳон омада, тақрибан изотропӣ мебошад. Ин зарраҳо дар минтақаҳои дури кайҳон тавлид шуда, то суръатҳои баланд тезонида мешаванд.
60 сол аст, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин, дар тамоми рӯи ҷахон ҳамчун якумин кайҳонавард шинохта гардид. Маҳз рӯзи 12 апрел соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рӯи мадор давр зад ва бо ҳамин давраи кайҳонавардии таърихи башарро боз намуд. Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон башарият дарк намуд, ки санаи 12 апрел чи гуна такони ҷиддие баҳри тараққиёти тамаддуни умумибашар гузошт. Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба хамагон маълум аст, аммо 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел, ҳамчун рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон гардид.