JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:12

Агар Замин курашакл бошад одамони дар «поён» буда чаро намеафтанд?

Муаллиф:

   Дар ҳаёти ҳаррӯзаамон мо ин саволро бисёр шунидагӣ ҳастем, аммо то ҳол бисёриамон ҷавоби аниқашро намедонем. Чун ман дар ихтисоси астрономия таҳсил менамоям, бисёриҳо ин саволро доданд, ки одамони дар поёни Замин буда барои чӣ намеафтанд. Дар ҳақиқат ин ба назар аҷоиб менамояд, зеро мо баъзе чизҳоро бо чашми худ дида хулоса мебарорем. Масалан, азбаски мо заминро ҳамчун тӯб тасаввур мекунем, ҷисми дар болои тӯб будагӣ намеафтаду бо рафти поёншавӣ ба афтидан сар мекунад. Хусусан ҷисм дар қисмати поёнии тӯб умуман истода наметавонад, албатта ба шарте, ки часпак набошаду ширеш накарда бошем. Аммо дар ин ҳолат мо Заминро бо тӯб муқоиса карда наметавонем, зеро дар инҷо як мафҳум аст, ки инро ба мо иҷозат намедиҳад. Оиди ин мафҳум поёнтар сухан меронем. 

    Барои ин мо каме ба тасаввуротҳои қадимӣ рўй меорем: одамон дар замони қадим тасаввур доштанд, ки Замин дар болои шохи гов ё пушти сангпуштҳои азимҷусса қарор дорад. Ҳатто ақидаҳое ҳам буданд, ки Замин дар болои моҳӣ қарор дорад, зеро тамоми гирди хушкиро об фаро гирифта буд ва одамон фикр мекарданд, ки моҳиҳо аз зери об Заминро бардошта истодаанд. Аз рӯи ин ақида Офтоб бояд аз об тулӯъ карда боз бояд ба об фурӯ мерафт. Лекин чун Офтобро курраи оташин мепиндоштанд, ин ақида ба ҳақиқат наздик набуд ва аз ин ақида даст кашиданд. Баъд аз мушоҳидаҳои дуру дароз инсоният фаҳмид, ки Замин шакли курраро дорад. Инро баҳрнавардон ҳис мекарданд, зеро вақте ки аз дур киштӣ пайдо мешуд аввал бодбонҳояш намудор мешуду бо наздикшавиаш қисмҳои поёнаш ҳам аён мегардид. Боз як ҳодисае, ки шакли кура доштани Заминро тасдиқ мекард, ин ҳангоми гирифти Моҳ ба сатҳи он афтодани сояи Замин буд, ки шакли доираро дошт ва танҳо ҷисмҳое, ки шакли кураро доранд, сояи доирашакл доранд.

Баъдтар ақидаҳое пайдо шуданд, ки Офтобу дигар сайёраҳо дар гирди Замин давр мезананд, ҳатто Моҳро ҳам дар қатори сайёраҳо мепиндоштанд. Ин ақида аз он сабаб ба миён омада буд, ки чун одамон ба гирду атроф менигаристанд ҳама ҳодисаҳо даврӣ ва такроршаванда буданд, ба мисли гардиши Офтоб ва Моҳ, гардиши даврии осмони ситоразор дар гирди Замин ба амал меомад ва чунин ба назар мерасид, ки Замин дар маркази олам қарор дорад. Тибқи ин ақидаҳо олими Юнони Қадим Птоломей манзараи заминмарказии оламро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он Замин дар маркази олам қарор дошта Офтобу Моҳ ва дигар сайёрагон дар гирди он давр мезаданд. Дар охир осмони ситоразор қарор дошт, ки ҳамчун кура дунёро дар дохилаш ҷой карда буд. Он вақт коинотро ҳамин қадар мепиндоштанд. Оиди беохирии коинот он вақт маълумот надоштанд. Бо инкишофи илму рушди ақлии инсон шахсиятҳое ба миён омаданд, ки тасаввуротҳои пешиниёнро рад карда ақидаҳои инқилобии худро пешниҳод карданд, ки дарки он дар он замонҳо душвор буд. Яке аз ин шахсиятҳо Коперник буд, ки назарияи офтобмарказиро пешниҳод кард, ки мувофиқи он Офтоб дар маркази олам қарор дорад ва Замин дар гирди Офтоб давр мезанад, на Офтоб дар гирди Замин. Бо ин роҳ ақидаи он, ки Замин дар шохи гов ва ё пушти сангпушт аст, рад карда шуд ва аз ҳисоби ҷозиба дар гирди Офтоб давр заданаш муқаррар гардид. Ба ҷуз Замин дар гирди Офтоб боз ҳафт сайёраи дигар давр мезанад, яъне ҳашт сайёра, ки дар якҷоягӣ Низоми Офтоб номида мешаванд. То соли 2006 нӯҳто сайёра ҳисоб мекарданд, лек сайёраи Плутон аз ҳисоби ба талаботҳои сайёрагӣ ҷавобгӯ набуданаш аз рӯйхати сайёраҳо бароварда шуд, зеро вай массаи хурд дошта, мадори Нептунро бурида мегузарад… Вақте олими асри III-и пеш аз милоди шаҳри Искандария Эратосфен (276-194 п.а.м.) кура будани Заминро исбот карда, андозаҳояшро муайян намуд, ба ў айнан чунин саволро доданд: агар Замин курашакл бошад барои чӣ одамони дар «поён» қарор дошта намеафтанд? Ў, ки сабабашро намедонист, ба ин савол ҷавоб дода натавониста, аз маҳфили олимон сархам баромада рафт. Аммо дар дил боварӣ дошт, ки Замин курашакл аст ва андозаҳои ченкардаи вай ба ҳақиқат наздиканд.

Мафҳуме, ки дар боло зикр кардему боиси наафтидани одамон аст, мафҳуми ҷозиба аст. Қувваи ҷозиба қувваи кашиш буда, ба ҳама материя хос аст ва ба ҳосили зарби массаҳои ду ҷисм мутаносиби роста буда ба квадрати масофаи байни онҳо мутаносиби чаппа аст. Яъне байни ҳамаи ҷисмҳо қувваи ҷозиба мавҷуд аст ва онҳо якдигарро ба худ мекашанд. Чун мо қувваи ҷозибаро ба масса мутаносиб гуфтем ҷисмҳои массаашон зиёд бо қувваи зиёд якдигарро ҷазб менамоянд. Дар рӯи Замин бошад, аз худи Замин дида ҷисми массивноктаре нест, бинобар ин қувваи ҷозибаи Замин аз дигар ҷисмҳо зиёдтар аст. Самти ҷозиба ба маркази Замин равонааст ва мо дар кадом нуқтаи сатҳи Замин қарор надошта бошем, «боло» гуфта мо болои сарамонро дар назар дорем, зеро поямон ҳамеша дар Замин қарор дорад. Аммо дар фазои кайҳон самти болову поён маъно надорад, зеро дар кайҳон чизи мутлақ мавҷуд нест ва ҳар самте, ки мо нишон медиҳем нисбӣ аст. Болову поёне, ки мо дар назар дорем, ҳама нисбат ба Замин ва мавқеи ҷойгирбудаи мо мебошад. Дар кадом гўшаи Замин набошем, дар болои сарамон осмон асту шабона ситораҳоро мушоҳида мекунем. Ҳатто дар Антрактида бошем ҳам сарамон ба боло, ба сўи осмон равона аст. барои ин хавотир набояд шуд, зеро то он вақте ки Замин мавҷуд аст (мувофиқан ҷозиба ҳам), мо ба «поён» намеафтем.

Агар дар ҳақиқат одамони дар «поён» буда меафтоданд, одамони дар «боло» буда ҳам парида аз Замин канда шуда мерафтанд, инчунин барои ракетаҳо ва кайҳоннаврдон ҳам хуб мешуд, зеро барои ба фазои кушод баромадан сўзишвории зиёд харҷ карда, қувваи ҷозибаро бартараф намекарданд. Он вақт зиндагӣ дар рўи Замин ба тарзи тамоман дигар ҷараён мегирифт.

Қурбониён Меҳрдод., Ризои Баҳромзод

Хондан 3932 маротиба