JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:46

Акси аз наздик гирифташудаи Атлас-радифи дилрабои Зуҳал (Сатурн) ва ҳамшабеҳи ОНП (Обекти ношиноси паррон)

Муаллиф:
   Магар маҳтоб зебо шуда метавонад?Агар сухан дар бораи радифи сайёраи Зуҳал (Сатурн) рафта истода бошад, ки ба "лаъли паррон" шабоҳат дорад, пас ҷавоб мусбат аст. Атлас-радифи хурдтарини сайёраи Зуҳал (Сатурн), миёни ҳамтоёни сершуморе, ки сайёраро ҳалқапеч кардаанд, мебошад. Рӯзи чоршанбеи гузашта дар масофаи ҳамагӣ 7000 мил (11000 км.), киштии кайҳонии НАСА, Кассини якчанд аксҳои навро гирифтааст, ки ба мо имкони аз наздик дидани ин моҳвораи хурдакакро фароҳам мекунад. Диаметри Атлас ҳамагӣ 30 км аст.
  Лутфан, андозаи ночизашро бо диаметри радифи азимҷуссаи Зуҳал (Сатурн) -Титан муқоиса кунед, ки ба 5150 км баробар аст. Аммо Атлас ҳам як хосиятро дорост. Ӯ як дӯнгии марказӣ дорад, ки маҳз барои ҳамин НАСА ба вай “лаъли паррон” лақаб гузоштааст. Атлас аҳёнан дар аксҳои Кассини тасвир ёфтааст. Вай гоҳ байни ҳалқаҳои Зуҳал (Сатурн) паноҳ мебараду гоҳ зери сояи бародарони калонтараш мемонад.
   Атлас ба қамари дигари хурдакаке, ки номаш Пан аст, андаке монандӣ дорад. Аммо Пан, бар хилофи Атлас шаклаш на ба ОНП (Обекти ношиноси паррон), балки ба равиоли (тӯшбераи итолёвӣ) зиёдтар шабеҳ аст. Мутаассифона, мӯҳлати парвози киштии Кассини на он қадар зиёд аст. Ин киштии НАСА соли 1997 ба кайҳон парвоз карда, парвозаш соли ҷорӣ, пас аз воридшавиаш ба атмосфераи Зуҳал (Сатурн), хотима меёбад.

 

Cassini's view of Saturn and its moons

 

Тарҷумаи мавод аз забони англисӣ

Таҳмина Маҷидова

Сарчашма:

https://www.cnet.com/news/saturn-moon-atlas-nasa-cassini-ufo/

Муаллифи мақола:  Аманда Кузер

Хондан 2138 маротиба