JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 09 Апрели 2018 07:54

«Метеорҳо» аз нуқтаи назари илми муосир

Муаллиф:

  Дар асрҳои XVIII – XIX, тақрибан 250 сол пеш аз тарафи олимони илмҳои дақиқ доир ба боридани сангҳо аз осмон баҳсҳои ҷиддӣ ва ҷолибе ба миён омад. Ин як заминаеро барои омўзиш ва таҳқиқ намудани падидаи мазкур ба вуҷуд овард. Чунин ҳодиса дар қиссаҳо ва солшумориҳои дигар халқхо, афтиши сангҳоро ба ғафс шудани ҳаво дар зери таъсири раъду барқ низ мавҷуд буд. Хусусан, олимони Академияи Париж ин ақидаи афсонамонандро пайгирӣ мекарданд. Боре ин ҳодиса дар пеши чашми шаҳрвандони зиёди Париж, аз ҷумла худи раиси шаҳр руй дода буд. Раиси шаҳр ин ҳодисаро ба олимони Академияи Париж ирсол кард.

  Лекин олимони Академия ба ин хабари ў тамасхур карда механдиданд ва ўро аҳмақ мепиндоштанд.  Аз сабаби он ки соли 1803 дар яке аз шаҳрҳои Фаронса борони метеорит борид ва олимони Академияи Париж шоҳиди он шуданд, маҷбур буданд, ки онро пазиранд.

Дар ҳақиқат ин ҳодиса чи гуна руй медиҳад?

Дар системаи Офтобӣ ба ғайр аз сайёраҳо боз ҷирмҳои хурде ба мисли кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо вуҷуд доранд, ки аз рўйи мадори муайян ҳаракат мекунанд.

  Бархурди байниҳамдигарии ҷисми метеорӣ бо атмосфераи Замин дар баландиҳои садҳо километр ба вуҷуд меояд. Аммо бо андозаи ба Замин наздик шудани ў қабати зичии атмосфера зиёд мешавад ва вақте ки метеор  то баландиҳои 100-120 км омада мерасад, соиши метеор бо атмосфераи Замин шиддат меёбад ва сатҳи метеор то дараҷаи якчанд ҳазор градус селсия метаспад. Сатҳи қабати тафсон ба ҷушидан сар мекунад ва ба буғ табдил меёбад ва ин буғҳо метеорро печонда мегиранд.  Нурафкании ҳамин буғҳоро хангоми парвози метеор ё болид мебинем.  Ин ҳодиса дар байни халқ бо номи «Ситораи паррон» машҳур аст. Дар аксари ҳолатҳо  ҷисмҳои метеорӣ дар қабати атмосфераи Замин пурра сӯхта нест мешаванд. Фақат он ҷисмҳои метеорие, ки бо суръати нисбатан сусттар (камтар аз 20 км/с) ба Замин наздик шуда, пурра сӯхта нест намешавад ва дар ин ҳолат як қисми аз он ба Замин меафтад, ки онро дар илми астрономия «метеорит» меноманд.

  Новобаста аз он, ки метеор ҳангоми ба атмосфераи замин даромадан ба харобшавии зиёд дучор мешавад, пораҳои ин ҷисмҳои калон дар рўйи Замин ёфт шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзан ба атмосфераи мо ҷисмҳои гигант зада медароянд. Метеорити аз ҳама калон дар Африка ёфт шудааст, ки ў пурра аз оҳан иборат аст. Ин метеорит то имрўз дар ҷои афтодагиаш барқарор аст ва онро аз онҷо баровардан бисер мушкил аст, чунки вазни он аз 60 тон зиёд аст. Аз рўи тадқиқоти олимон ҳангоми ба атмосфераи Замин наздик шуданаш ў ҳамагӣ 80 тонна вазн доштааст, яъне 20 тоннаи ў дар атмсофера сўхта рафтааст. Мисоли дигар ин метеорити 14 тоннагӣ, ки дар Планетарияи Ню-Ёрк маҳфуз аст. Мисоли барҷастаи ин ҳодисаи табии ин ҳодисаи Тунгус мебошад. 30 июни соли 1908 тақрибан соати 7:00-и саҳар бо вақти маҳаллии Сибири марказӣ болиди калоне парвоз кард, ки равшании он аз равшании Офтоб кам набуд. Метеорит роҳи зиёдеро дар атмосфера тай карда (тақрибан 600 км) дар як мавзеи назди тайга афтид.

  Ҳангоми афтидани он мавҷи таркиши он ба ҳамаи тарафҳо паҳн шуда дар гирду атроф ҷангалҳоро чаппа кард. Дар масофаи даҳҳо километр одамон мавҷи гармиро ҳис мекарданд. Дар стансияҳои метеорологӣ, ки дар масофаҳои аз 100 то 1000 км ҷойгир будаанд, ҷунбиши ҳаво ба қайд гирифта шуд. Мавҷҳои сейсмикии ўро дар стансияҳои Иркутск, Тошканд ва Тбилисӣ қайд карданд. Ҳангоми афтидан ба Замин, метеоритҳо бо қабати сиёҳ пушида мешавад.

  Омўзиши ин гуна ҷисмҳо аҳамияти фундаменталӣ дорад. Метеорҳо ва метеоритҳои аз тарафи олимони соҳаи астрономия ҳамеша  мавриди тадқиқ қарор мегиранд. Ҷисмҳои метеорӣ яке аз аъзоҳои доимии Системаи Офтобӣ мебошанд. Онҳо дар атрофи Офтоб бо мадори эллиптикии сарбаста давр мезананд. Метеоритҳо- ин яке аз шаклҳои мавҷудияти модда дар системаи Офтобии мо ҳаст. Дар метеоритҳо мо бо он моддаҳое сару кор дорем, ки аз онҳо сайёраҳо ташкил ёфтаанд, аз ҷумла сайёраи Замин. 

  Ин ҳодисаҳо дар вақтҳои муайян рўй медиҳанд. Чуноне ки дар боло зикр кардем дар ин соҳа олимон тадқиқоти зиёдеро анҷом додаанд ва ҳоло низ дар муассисаҳои ҷаҳонии илми астрономия ба мушоҳида ва ҷамъоварии маълумотҳо машғул ҳастанд. Тадқиқотҳои ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ самти асосии Институт астрофизикаи АИ ҶТ мебошад, ки дар ў омўзиши кометаҳо, астероидҳо, метеороидҳо дохил мешаванд. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар Осиёи Миёна шабакаи фотографии болидҳо ташкил карда шуд, ки гуфтан мумкин аст, ин шабака аввалин ва ягона дар Осиёи миёна ба ҳисоб меравад. Шабака аз 5 стантсияҳои мушоҳидавӣ иборат буда, бо камераҳои фотографӣ ва рақамии пурраи осмон ҷиҳозонида шудааст.  Нуқтаҳои мушоҳидавӣ дар расадхонаҳои Ҳисор, Санглох, ноҳияҳои Курғон-Теппа, Ховалинг ва Рашт ҷойгир мебошанд. Фаъолияти ин шабака аз 30-уми марти соли 2009  оғоз гардида то моҳи декабри соли 2013 зиёда аз 6000 соат мушоҳидаҳои яквақтаро дар бар мегирад. Дар натиҷа расмҳои базисии зиёда аз 200 болид гирифта шудаанд, аксари аз онҳо аз аксҳои рақамии замонавӣ иборатанд. Дар натиҷаи коркарди астрометрӣ ва фотометрии аксҳо, траекторияҳои атмосферӣ, координатҳои радиантҳо, суръатҳо, элементҳои мадорҳо, дурахшонӣ, каҷҳои тобиш, табиати ҷирмҳои байни сайёравӣ, ки болидҳоро дар атмосфераи Замин ба вуҷуд оварданд, муайян карда шудаанд. Бояд қайд кард, ки пешгўии онҳо аз мадди назари олимон қарор гирифтааст ва ҳама сола дар рўзҳои муайян ин руйдоди шавқовари табиатро дида метавонем. Аз рўи маълумоти олимони ҷаҳон, дар ин самт то моҳи декабри соли 2018 пешгўиҳо ва маълумотҳо оварда шудаанд. Яке аз падидаҳое, ки онҳо муайян намудаанд ин моҳи апрел санаи 25-26 рўй медиҳад, ки инро сели метеории лиридҳо меноманд.

 Аксҳои шабакаи болидии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Расми 1. Болиди дурахшони TN131109 сели метеории Леонид бо камераи рақамӣ дар нуқтаи мушоҳидавии Рашт-и тўри болидии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2009 аксбардори карда шудааст. Массаи аввалия 8 г, бузургии максималии ситорагӣ 8 m. 

Расми 2. Расми ду болиди сели метеории Геминид, дар Расадхонаи астрономии Хисор тавассути камераи рақамӣ 14 декабри соли 2010 аксбардорӣ карда шудааст. Акси яке аз болидҳо дар қиёси Моҳтоб ба навор гирифта шудааст.

Расми 3. Метеороиди бузурги сангин, вазни аввалиаш 8 кг ба атмосфераи Замин дохил шуда, болиди TN220809А ро бо дурахшонии -8 қадри ситорагӣ ба вуҷуд овард. Болид бо камераҳои рақамӣ дар расадхонаҳои Санглох, Ҳисор ва дар нуқтаҳои мушоҳидавии Қурғонтеппа, Рашт  аксбардорӣ карда шудааст.

 Қоҳирова Г.И., Раҳматуллоева Ф.Ҷ., Ҳамроев У.Х.

Хондан 410 маротиба