JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусоҳибаи сухангӯи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино Шервони Умриддин бо мутахассиси бахши асабшиносии Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, асабшиноси дараҷаи олӣ ва табиби саршиноси кишвар Шералӣ Саидалиев. Дарди сар, ки мафҳуми илмиаш сефалгия аст – эҳсоси нофораму вазнини дард дар мавзеи сару атрофи он буда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зарардиҳанда ба вуҷуд меояд. Дарди сар метавонад бемории мустақил ва ё аломати ғайрихусусии бемориҳои зиёди дигар бошад. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба невролог ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст.
Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Ҳамчунин бо Ҳалномаи мазкур 39 сомонаи интернетие, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар созмонҳои тундрави алоқаманд ба амалҳои террористӣ ва экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудаанд. Тавре дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, тибқи хулосаи экпертизаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ин сомонаҳо бо мақсади бадном кардани Ҳукумати Ҷумҳурии…
(Мусоҳибаи ихтисосӣ бо фарҳангшинос д.и.ф., Саъдулло Раҳимов ) Саҳми эстетика (зебоишиносӣ) дар ишқ чӣ андоза аст? “Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон” (Ҳофиз) Эстетика аз романтика бо чӣ фарқ мекунад? Романтика яке аз ҷузъҳои эстетика аст. Муҳаррики андешаҳои эстетикӣ аз чӣ иборатанд? Идеали эстетикӣ, мақулаҳои: зебоӣ, безебӣ (зиштӣ), фоҷиавӣ, мазҳакавӣ... Зуҳуроти ин падидаҳо дар олами ҳастӣ ва ҳунар андешаи эстетикиро бедор менамоянд.
Мусоҳиба бо коршиноси шинохтаи соҳаи гендер ва равоншинос Марям Давлатова - Қабл аз ҳама мехостам фаҳмам, ки чаро Шумо нахуст ба шуъбаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида мехостед филолог шавед, вале тасмими худро дигар намудед, яъне рӯ ба равоншиносӣ овардед? Ман шуъбаи филологияро на танҳо бо муваффақият хатм намудам, балки дар ин ришта рисолаи номзадиямро ҳам дар мавзуи “Таҳаввули қаҳрамони лирикии Мирзо Турсунзода” таълиф ва ҳимоя кардаам. Илми равоншиносӣ ба зиндагии ман дертар ворид шуд. Замони пеш омадани саволҳои мушкил, бемории хатарнок ва тарбияи фарзандон. Рафтам пайи ҷавобҳо ва ҳанӯз ҳам дар ин роҳам.…
Саҳифа аз 2 то 4