JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 25 Августи 2017 05:29

Шафақи субҳ

Муаллиф:
Ба назараш чандест, ки кораш пеш намерафт. Субҳ ба коргоҳаш меомаду ними шаб ба хона бармегашт. Баъзан дар рӯи кати нимдоште, ки матои фарсудаи рӯи он доғ гирифта буд, мехобид. Ҳама чиз дар ин коргаҳ парешону бетартиб ба назар мерасид: қуттии рангҳо, мӯқаламҳо, сангу чӯбу лавҳаҳо … Қариб ҷои помонӣ намеёфтед. Ӯ рангҳоро бо ҳам меомехт, бо мӯқалам рӯи коғази ғафсе доғҳо мегузошт, то бифаҳмад аз ин амалаш чӣ ранги тозае ҳосил шудааст. Рӯзҳое буданд, ки ӯ соатҳо рӯи курсии чорпояи чӯбин менишасту тамоку мекашид. Чароғи рӯи мизи ӯ он…
Мо дар ин мақолаи хоксоронаи худ усули тадқиқӣ (муқоясавӣ)-и адабиётшиносиро пеш гирифтаем. Ҳангоме ки нависандаи араб дар бораи шоири намоёни тоҷик, муборизи роҳи бахту озодӣ устод Садриддин Айнӣ сухан ронданӣ мешавад, надида наметавонад, ки роҳи ин шоир, ҷодаи шеъру зиндагие, ки ӯ тай намудааст, қатъи назар аз тафсилоте, ки ба муҳити маҳал ва шароити ба худ хос вобаста аст, дар ҷавхари худ таҷассуми орзуву омоли шоирони Шарқ ва инъикоси намунаи ифодаи ҳақиқии беҳтарин ва зеботарин умедҳоест, ки шоирони муосири Шарқ аз интиҳои асри ХIХ то нимаи асри ХХ дар дили…
Чоршанбе, 19 Июли 2017 05:05

Хайём аз зовияи диди Содиқи Ҳидоят

Муаллиф:
Содиқи Ҳидоят (1903-1951) яке аз чеҳраҳои мондагори адабу фарҳанги Эрони қарни XX аз миёни шуарои классикии форсии тоҷикӣ беш аз ҳама ба Ҳаким Умари Хайём дилбастагии беандозае дошт. Бо итминон метавон гуфт, ки дар тӯли зиндагии кӯтоҳи хеш ӯ шефта ва таҳти таъсири афкору андешаҳои фалсафӣ ва шоирии Хайём будааст. Ҷолиб он аст, ки Содиқи Ҳидоят аз овони ҷавонӣ шефтаи таронаҳои Умари Хайём гардида ва дар синни 20- солагӣ, ки ҳоло ба нависандагӣ гом набардошта буд, маҷмӯаи рубоиёти Хайёмро бо пешгуфторе зери унвони “Шарҳи ҳоли Ҳаким Умари Хайём” (соли 1923)…
Чоршанбе, 21 Июни 2017 07:54

Дунёи қафасӣ

Муаллиф:
Ноумедӣ орзуи деринаи аз қафас озод шудану дар замин гардиш ва дар фазои кушод парвоз кардани кабкро барбод дод. Акнун мехост, ки қисмати пешина такрор шавад. Аз нав ба тухм табдил ёбаду вуҷуд доштани дунёи равшани қафасмонандро надонад. Аммо, чӣ кунад ки роҳи тақдир бебозгашт аст.
Саҳифа аз 5 то 8