JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзўҳоест, ки гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад. Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибони гуногун васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки манзараи зебоеро боз зеботар баён кунанд, агар гўшаи торикеро тасвир карданӣ бошанд, пас талош мекунанд он ҷо нуре ёбанду онро хотирмон ба қалам диҳанд. Адиби соҳир, ҳангоми тасвири табиат ба ҳамон нуқтаҳое эътибор медиҳад, ки дар бисёр мавридҳо аз назари мо дур ва аз фаҳмишамон…
Дар барномаи навбатии «Шоҳкориҳо дар адабиёт», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад. Мавсуф муҷрии барнома, Абдуҷалили Амон -рӯзноманигор, номзади илмҳои филология мавзӯи «Нуктае чанд аз зиндагиномаи Албер Камю» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Рӯдакишиносӣ то ба имрӯз тавонистааст ба масоили зиёди хираву норавшан ва баҳсталаби замон, рӯзгор ва осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дахл намуда, дар заминаи боэътимодтарин маъхазҳои дастрас иддае аз дастовардҳоро бар манфиати илм пешкаши аҳли таҳқиқ гардонад, то дубора ба онҳо баргаштану баъдинагонро ба каҷфаҳмиҳо кашидан зарурате пеш наояд. Дар ин ҷо масъалаи зодгоҳи устоди шеъру адаби форсизабонон, кӯри модарзод будан ё набудани Одамушшуаро, андешаҳои дарҳамбарҳами аз дарбор ронда шудани шоир, баҳсҳои то ҷойе баъзан бебунёд роҷеъ ба теъдоди абёти осори ӯ, дурустхонии баъзе аз абёти бозмондаи устод аз…
Дар мақола дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс дар давраи Истиқлол сухан меравад. Ҳамчунин масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф ба натиҷае расидааст, ки дар ин давра Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон вусъат пайдо карда, ҷанбаи таҳлиливу таҳқиқии он амиқтар шудааст.