JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Июли 2017 05:05

Хайём аз зовияи диди Содиқи Ҳидоят

Муаллиф:

  Содиқи Ҳидоят (1903-1951) яке аз чеҳраҳои мондагори адабу фарҳанги Эрони қарни XX аз миёни шуарои классикии форсии тоҷикӣ беш аз ҳама ба Ҳаким Умари Хайём дилбастагии беандозае дошт.

Бо итминон метавон гуфт, ки дар тӯли зиндагии кӯтоҳи хеш ӯ шефта ва таҳти таъсири  афкору андешаҳои фалсафӣ ва шоирии Хайём будааст. Ҷолиб он аст, ки Содиқи Ҳидоят аз овони ҷавонӣ шефтаи таронаҳои Умари Хайём гардида ва дар синни 20- солагӣ, ки ҳоло ба нависандагӣ гом набардошта буд, маҷмӯаи рубоиёти Хайёмро бо пешгуфторе зери унвони “Шарҳи ҳоли Ҳаким Умари Хайём” (соли 1923) ба чоп мерасонад [1,241] .

   Афкору андешаи Хайём то вопасин рӯзҳои зиндагии нависанда барояш арзишманд будааст. Зеро ёздаҳ сол баъд аз чопи рубоёти шоир Содиқи Ҳидоят бори дигар бо иҳота ва дониши андӯхтаву диди амиқ ва ба равиши илмии таҳлилӣ ба рубоёти Умари Хайём нигариста, онро бо муқаддимаи муфассале таҳти унвони “Таронаҳои Хайём” соли 1934 таҷдиди чоп мекунад. Ногуфта намонад, ки дар ин нашри маҷмӯаи рубоиёти шоир шаш лавҳаи минётурӣ дар асоси мазмуни бархе аз рубоиёти Хайём ҷой дода шудааст. Ин минётурҳо кори Дарвеши Наққош аст, ки тахаллуси рассоми руситабори Эрон Серёгин буда, аз дӯстони Содиқи Ҳидоят ба шумор мерафтааст. Дар поёни муқаддимаи хеш Содиқ Ҳидоят ба ин нуқта ишора кардааст:

 “Бино ба хоҳиши дӯсти ҳунармандам оқои Дарвеши Наққош ин муқаддимаро  иҷмолан ба “Таронаҳои Хайём” навиштам, то роҳнамои тоблуҳои эшон бишавад [2,62]. Як ҷо чоп кардани минётурҳо ба рубоиёти Хайём дар Эрон маҳз бо ҳамин “Таронаҳои Хайём”- и Содиқи Ҳидоят оғоз мегардад.

  Ҷойи тазаккур аст, ки ин таҳқиқоти Содиқи Ҳидоят дар омӯзиши афкору андешаи фалсафӣ ва ҳунари шоирии Умари Хайём то ба имрӯз яке аз пажӯҳишҳои бунёдӣ ба шумор меравад. Зеро, ба қавли эроншиноси маъруфи ҷаҳон, шодравон Камиссаров Д.С. “Хидмати Содиқи Ҳидоят дар он аст, ки дар пешгуфтори хеш бори нахуст дар адабиётшиносии Эрон равиши пажӯҳиши таҳлилиро истифода карда ва дар баррасии рубоиёти Хайём таваҷҷуҳи аслиро ба вижагиҳои ҳунарӣ бо зикри мазомини фалсафии онҳо маътуф доштааст. Маҳз Ҳидоят аст, ки ҷуръат карда Хайёмро файласуф номидааст” [3,114].  

  Воқеан, Содиқи Ҳидоят дар ин пешгуфтори муфассали хеш, ки 63 саҳифаро дар бар мегираду онро метавон як рисолаи илмӣ ҳисобид, ба се масъалаи зерини эҷодиёти Умари Хайём таваққуф кардааст: Нахуст, саъй кардааст, он ҳама рубоиёте, ки ба Хайём нисбат дода мешавад, тафкик намуда, рубоиёти фалсафии ӯро ҷудо намонд. Сипас, ба баррасии афкори фалсафии Хаём пардохта, унвони ин бобро “Хайёми файласуф ” номгузорӣ кардааст. Дар боби ниҳоии муқаддима рубоёти шоирро аз нигоҳи ҳунари шоирӣ ва маҳорати образофаринӣ мавриди арзёбӣ қарор дода, онро “Хайёми шоир” унвон кардааст.

  Дар ибтидо, муҳаққиқ талош кардааст, то миёни анбӯҳи рубоиёте, ки ба Хайём нисбат медиҳанд, ҳатталимкон он рубоиёти андакеро ҷудо кунад, ки ба итминони яқини Содиқи Ҳидоят, онҳоро Хайёми шоиру файласуф гуфтааст. Зеро ба пиндори Содиқи Ҳидоят, маҷмӯаҳои рубоиёте, ки ба Умари Хайём нисбат дода мешавад, ҳар яке ҳовии ҳаштод то ҳазору дусад рубоӣ мебошанд. Ва ҳар кадом дорои афкори мухталифи мутаззод ва мазмунҳои гуногунанд. Бад-ин лиҳоз, муаллиф дуруст тазаккур медиҳад, ки “...агар як нафар сад сол умр карда бошаду рӯзе ду мартаба кешу маслаку ақидаи худро иваз карда бошад, қодир ба гуфтани чунин афкоре нахоҳад буд” [2,5]. Зеро, ба қавли Ҳидоят, мазмуни рубоиёти ба Хайём нисбат додашуда хеле зидду нақизанд. “Аз қабили илоҳӣ, табиъӣ, даҳрӣ, сӯфӣ, хушбинӣ, бадбинӣ, таносухӣ, афюнӣ, бангӣ, шаҳватпарастӣ, моддӣ, муртозӣ, ломазҳабӣ, риндиву қаллошӣ, худоӣ ва вофурӣ...” [2,67].  Сипас Содиқи Ҳидоят ба худ суол медиҳад, ки оё як нафар метавонад ин ҳама мароҳилу ҳолати мухталифро тай кунад ва дар айни замон файласуфу риёзидону мунаҷҷим бимонад?

  Аз ин рӯ, тавре ки ёдрас шудем, муҳаққиқ дар ин пажӯҳиш ба шарҳи ҳолу зиндагиномаи шоир напардохта, танҳо перомуни рубоиёти фалсафии Умари Хайём ва маҳорати шоирии ӯ андешаронӣ кардааст. Ба таъбири дигар, дар бораи он рубоиёте, ки ба номи “ҳамон мунаҷҷиму риёзидони бузург машҳур аст ва ё бо хато ба ӯ нисбат медиҳанд” таҳқиқе анҷом додааст. Инҷо як нукта имконпазир аст, ки ин рубоиёти аҷиби фалсафӣ ба забони соддаи форсӣ дар ҳудуди асрҳои 5 ва 6 ҳиҷрӣ гуфта шудааст, таъкид мекунад муаллифи пешгуфтор.

  Содиқи Ҳидоят ба санади муҳимми таърихие, ки Хайёми шоирро таҳти мутолиа қарор дода, ӯро як файласуфи даҳрӣ номидааст, такя карда, ба интихоби танҳо рубоиёти даҳрӣ ва фалсафии Хайём пардохтааст. Ин санад китоби Наҷмиддини Розӣ “Мирсод ул ибод” мебошад, ки дар санаи 620-621ҳ. (1223-1224 м.) таълиф шудааст. Аз назари Содиқи Ҳидоят, ин асар “васиқае бузургест”, чунки муаллифи он як сӯфии мутаассиб ба шумор рафта ва ба ақидаи Хайём ба назари бутлон нигариста, ӯро файласуфи даҳриву табиъӣ номидааст.

  Барои тақвияти андешаи хеш аз китоби номбурдаи Наҷмиддини Розӣ нақли қавли зайлро меорад:

“... самараи назар имон асту самараи қадам ирфон. Фалсафӣ ва даҳрӣ ва табойъӣ аз ин ду мақом маҳруманд ва саргаштаву гумгаштаанд. Яке аз фузало, ба назари нобиноён ба фазлу ҳикмату киёат (зиракӣ – О.Х.) маъруфу машҳур аст он Умари Хайём аст. Аз ғояти ҳайрату залолат ин байтро мегуяд. Рубоӣ:

 

Дар доирае,  к-омадану рафтани мост,

Онро на бидоят, на ниҳоят пайдост.

Кас меназанад, даме дар ин олам рост,

К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост?

 

Доранда чӣ таркиби табоеъ орост,

Боз аз чӣ сабаб фикандаш андар каму кост?

Гар зишт омад ин сувар, айб кирост?

В – ар нек омад, харобӣ аз баҳри чӣ хост?  [2,9-10]                             

  Аз назари Содиқи Ҳидоят, қазовати Наҷмиддини Розӣ перомуни афкору ақоиди фалсафии Умари Хайёми шоир аз ду ҷиҳат ҳоизи аҳамият аст. Аввалан, Наҷмиддини Розӣ ҳамчун як шахси аҳли тасаввуф аз неши забон задану фуҳш нисбат ба Хайём худдорӣ накардааст. Сониян, аз он ҷо, ки замони зиндагиаш ба замони зиндагии Хайём наздик аст, бо зиндагиву афкору осори шоир бештар ошноӣ доштааст. Аз ин рӯ, дар китобаш доир ба рубоиёти Хайём ақидаашро рӯшантар иброз намудааст. Бад-ин лиҳоз, Содиқи Ҳидоят бо итминон иброз медорад, ки ҳамин далел кофист, ки ба хулосае биёем, ки “Хайём на танҳо суфӣ ва мазҳабӣ набуда, балки бараъкс, яке аз душманони тарсноки ин фирқа ба шумор меомада” [2,10] аст. Шояд аз ҳамин сабаб, ашъори шоир дар замонаш маъруфият надошта ё танҳо барои маҷлисҳои унс хонда мешуда, ки шогирдону муосиронаш, мисли Низомии Арӯзӣ ва Абулҳасани Байҳақӣ аз Хайём ҳамчун мунаҷҷиму дастуру ҳуҷҷатулҳақ ном мебаранд, аммо аз ашъораш ҳарфе намезананд.

  Содиқи Ҳидоят бар он ақида аст, ки чун дар “Мӯънис -ул- аҳрор” (таърихи таълифаш 741 ҳ. (1340-1341 м.) сездаҳ рубоии даҳриву фалсафии Хайём ҷой дода шудааст ва бо он ду рубоии дар “Мирсодулибод” иқтибос шуда, дар мансубияти рубоиёти Хайём калиду маҳаки шиносоӣ бояд қарор гиранд. Аз ин рӯ, гӯяндаи ин қабил рубоиҳо  “як файласуфе мутлақ” бо “тарзи фикру услуби муайян дошта” метавонад бошад, на оне, ки ҳар рӯз ақидаву кешашро иваз мекунад.

  Рубоиёте, ки Содиқи Ҳидоят дар ин маҷмӯа ҷой додааст,  ҷамъан 143 таронаро дар бар гирифта маҳз аз ҳамин милок баргузида шудаанд. Мураттиб онҳоро на бар асоси ҳуруфи таҳаҷҷии охири ҳар байт, балки бар асоси мазмуни рубоиҳо ба таври зайл дастабандӣ кардааст: “Рози офариниш”, “Дарди зиндагӣ”, “Аз азал навишта”, “Гардиши даврон”, “Зарроти гарданда”, “Ҳар чӣ бодо бод”, “Ҳеҷ аст” ва “Дамро дарёбем”.

Ин равиш дар замони ба чоп расидани “Таронаҳои Хайём” навҷӯие маҳсуб мешуд, ки бори нахуст дар чопи осори классикон аз тарафи Содиқи Ҳидоят ироа шуда буд.

  Содиқи Ҳидоят дар ни пешгуфтор ишора мекунад, ки то замоне ки як нухсаи хаттии ба даврони шоир наздик ва санадияташ мисли рубоиёти сенздаҳгонаи китоби “Мӯънис ул аҳрор” пайдо нашавад, як ҳукми қатъӣ баровардан дар бораи “таронаҳои аслии Хайём душвор аст”.

Аз ин рӯ, барои он ки итминон ҳосил кунем, ки ин ашъор ба ҳамон Хайёми мунаҷҷиму олим тааллуқ дорад, -таъкид медорад Ҳидоят, -дар қадами аввал афкору андешаи фалсафии ӯ бояд баррасӣ гардад. Бад ин малҳуз, Содиқи Ҳидоят дар ин муқаддима боберо бо номи “Хайёми файласуф” ихтисос медиҳад ва дар заминаи рубоиёти шоир ба таҷзияву таҳлили афкору андешаи ҷаҳоншиносиву фалсафии Хайём мепардозад.

  Аз диди Содиқи Ҳидоят, Умари Хайём як шоиру файласуфест, ки метавон ӯро дар радифи Лукретсий, Эпикур, Шекспир, Гуте ва Шопенҳауэр қарор дод. Ин эътиқоду дилбастагии Ҳидоят ба Хайём аз он ҷо нашъат мегирад, ки шоир ба мақулаи (мафҳумҳои) зиндагиву марг на бо меъёри эътиқодоти диниву мазҳабӣ, балки ҳамчун донишманд бар пояи мантиқ нигоҳ мекунад. Ва Содиқи Ҳидоят муътақид бар он буд, ки “дин иборат аст аз маҷмӯи аҳкоми ҷабрӣ” ва дорои вазифаҳое аст, ки итоати он бе чунучаро бар ҳама воҷиб аст. Хайём ҳамаи ин масоили воҷибулриояи мазҳабиро ба лаҳни тамасхуромезу беэътиқодона талаққӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки Ҳидоят ёдрас мешавад: “Хайём мехоҳад мунфаридан аз рӯйи амалу илал пай ба маълул бибарад. Ва масоили муҳими маргу зиндагиро ба тарзи мусбат аз рӯи мантиқу маҳсусот ва мушоҳидоту ҷараёни моддии зиндагӣ ҳал намояд. Аз ин рӯ, тамошочии бетарафи ҳаводиси даҳр мешавад [2.35].

  Аз ин сабаб Содиқи Ҳидоят бар он бовар аст, ки Умари Хайём маҳз дар рубоиёташ побанди усулу қавоиди замонаш нагардида, афкорашро озодона иброз дошта, ки дар онҳо захми рӯҳии ӯ таборуз намудааст. Чунки дар рисолаҳои илмиву фалсафиаш, ки ағлаб бо дастуру хоҳиши сардамдорони замонаш таълиф кардааст, “равияи китмону тақия (пинҳону эҳтиёт- О.Х)-ро аз даст надода” [2.36].

Ҳидоят таъкид мекунад, ки ҷанги Хайём бо хурофоту мавҳумоти муҳиту замонаш дар сар то сари рубоиёташ ошкор аст. Зеро тамоми заҳрхандаҳои шоир шомили ҳоли зоҳидону илоҳиюн аст ва аз рӯйи мантиқи солим масхара будани афкори эшонро бармало месозад. Барои тақвияти андешаҳои хеш Содиқи Ҳидоят ба рубоиёти шоир истинод карда, иброз медорад:

 

Гӯянд: биҳишту ҳури айн хоҳад буд”...

Гӯянд маро“биҳишт бо ҳур хуш аст”...

Гӯянд маро ки: “дӯзахӣ бошад маст”... [2.36-37].   

                                                        

  Содиқ Ҳидоят муътақид аст, ки маҳз чунин ашъори бепардаи шоир боис шудааст, ки дар китоби “Ахбор ул уламо би ахбор ул ҳукамо”-и Ибни Қифтӣ, ки дар соли 646 ҳ. (1248-1249) таълиф гардида, дар бораи ашъори Хайём чунин гуфта шавад: “...ботини он ашъор барои шариат морҳои газанда ва силсила занҷирҳои залол (гумроҳӣ-О.Х.) бувад. Ва вақте ки мардум...макнуни хотири ӯро зоҳир сохтанд, аз кушта шудан тарсид ва инону забону қалами худро боз кашид ва ба зиёрати ҳаҷ рафт... Ва ӯро ашъори машҳурест, ки хафоёи қалби ӯ дар зери пардаҳои он зоҳир мегардад ва қудурати ботини ӯ ҷавҳари қасдашро тирагӣ медиҳад” [2.23].

  Воқеан, Хайёми шоир дар рубоиёташ ба тамоми масоили динӣ бо тамасхур нигариста, ба уламову фуқаҳои замонаш, ки аз он чӣ худашон намедонанд, дам мезананд, сахт ҳамла кардааст. Ин амали Хайёмро Содиқи Ҳидоят “шӯриши рӯҳи ориёӣ бар зидди эътиқоди сомӣ” мешуморад. Аз назари ӯ, файласуфе мисли Хайём, ки дорои фикри озоду вижае буда, наметавонистааст “кӯр-кӯрона зери бори аҳкоми таъаббудӣ, ҷаълӣ, ҷабриву бемантиқи фуқаҳои замони худаш биравад” [2.23].

  Тавре ки маълум аст, дар ислому тасаввуф инсон “оинаи ҷамоли илоҳӣ” ва “мақсуди офариниш” шинохта шуда, ситораҳои осмон барои нишон додани сарнавишти ӯ халқ шуда, замину замон ва биҳишту дӯзах барои хотири инсон барпо шудааст.

  Аммо Содиқи Ҳидоят зимни арзёбии рубоиёти Хайём нишон медиҳад, ки “Хайём бо мантиқи моддиву илмии худаш инсонро “Ҷоми Ҷам” намедонад”, зеро аз назари ӯ пайдоишу марги инсон дар ин ҷаҳон ба андозаи “вуҷуди марги магас” арзише надорад:

 

Омад шудани ту андар ин олам чист?

Омад магасе падиду нопайдо шуд! [2.29]

                             

  Оё Умари Хайём дар муқобили инкору ба масхара гирифтани ақоиди уламои дин роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод кардааст? Аз назари Содиқи Ҳидоят, “дар натиҷаи мушоҳидоту таҳқиқоти худаш Хайём бо ин матлаб бармехӯрад, ки фаҳми башар маҳдуд аст. Аз куҷо меоем ва ба куҷо меравем, касе намедонад....” [ 2,28]. Ҳеҷ кас асрори азалро пай набурдаасту нахоҳад бурд ва ё аслан,  асроре нест ва агар бошад ҳам, дар зиндагии мо таъсире надорад.

Масалан, агар ҷаҳон, чи муҳдас ва чи қадим бошад, оё чӣ дарди моро даво мекунад?:

 

Чун нест мақоми мо дар ин даҳр муқим,

Пас бе маю маъшуқ хатоест азим.

То кай зи қадиму муҳдас умедаму бим?

Чун ман рафтам, ҷаҳон чӣ муҳдас, чӣ қадим [2,28].   

    

  Содиқи Ҳидоят мегӯяд, Хайём дар асари таҳқиқ ба ин натиҷа омада, ки “муаммои Коинот на ба василаи илм ва на ба дастёрии дин ҳаргиз ҳал нахоҳад шуд... Дар варои ин замине, ки рӯяш зиндагӣ мекунем, на саодате ҳаст ва на уқубате...”[2,31].

Бад-ин малҳуз, дуруст арзёбӣ мекунад, ки Умари Хайём мисли дигар шоирон аз надоштани пул ё қаҳр кардани маъшуқааш наменолад. Дарди ӯ як дарди фалсафиест, ки ба нақша ва бунёди офариниш мешӯрад. “ин шӯриш,- таъкид медорад С.Ҳидоят,- дар натиҷаи мушоҳидоту фалсафаи дардноки ӯ пайдо шуда. Бадбинии ӯ билохира, мунҷар ба фаласафаи даҳрӣ шуда, ирода, фикр, ҳаракат ва ҳама чиз ба назараш беҳуда омада:

 Эй бехабарон ҷисми муҷассам, ҳеҷ аст,

В-ин торами нӯҳ, сипери арқам, ҳеҷ аст” [2,33-34].                           

  Ба иртиботи ин мавзӯъ Содиқи Ҳидоят ба ин натиҷа мерасад, ки маншаи фалсафаи бадбинии Шопенҳауэр ҳамон андешаи рубоиёти фавқи Хайём аст. Ва барои қиёс андешаи зерини Шопенҳауэрро нақли қавл мекунад: “Барои касе, ки ба дараҷае бирасад, ки иродаи худро нафӣ бикунад,  дунёе, ки ба назари мо он қадр ҳақиқӣ меояд, бо тамоми хуршедҳо ва каҳкашонҳояш чист? Ҳеҷ!” [2,34]

  Муҳимтарин масъалае, ки дар эҷодиёти Хайёми шоиру файласуф мақоми хосса доштаву бо андешаву консепсияи ҳунарии Содиқи Ҳидоят созгор аст, тавре ки қаблан ёдрас шудем, масъалаи маргу мир аст. Аз назари Содиқи Ҳидоят, Умари Хайём ба ин мақула аз “рӯи ҷараёну истиҳолаи зарроти аҷсом ва таҷзияи модда наздик шуда тағйироти онро” бо тасвирҳои ҷолиби шоиронаву ғамнок таҷассум мекунад.

Бар ин иртибот, ба андешаи Содиқи Ҳидоят, Хайём муътақид аст, ки “моварои модда чизе нест. Зеро дунё дар асари иҷтимои заррот ба вуҷуд омада, ки бар ҳасби иттифоқ тасодуф кор мекунад” [2,42].

  Ин ҷараён доимӣ ва абадӣ буда, зарраҳо пай дар пай дар шаклҳо ва навъҳо дохил шуда, дигаргун мешаванд. Аз ин рӯ, инсон ҳеҷ тарсе бояд аз марг надошта бошад, зеро зиндагии пас аз марг (биҳишту дӯзах) вуҷуд надорад. Ва рӯҳ низ чун қолаби моддӣ буда, пас аз марг намемонад ва барои тақвияти андешааш рубоиёти зайли шоирро ба шоҳидӣ мекашад:

 

“Боз омаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ...

“Чун оқибати кори ҷаҳон “нестӣ аст”...

“Ҳар лолаи пажмурда нахоҳад бишкуфт”.

 

  Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки чунин андеша аз тарафи Умари Хайём як ҷуръати бузурге ба шумор мерафт. Зеро дар канори “мағоки адам” ғори нестӣ истодану наҳаросидан, аз “дунёи гузарон” безор набудану ҳар лаҳзаи умрро ғанимат шумурдан ва ба хушӣ онро сипарӣ кардан, баёнгари рӯшании ботину сафои сухани шоир аст, ки назирашро дар адабиёти классикиамон камтар суроғ дорем. Аз ҷумла, шоир таъкид мекунад:

 

Ҷомеву маеву соқие бар лаби кишт,

Ин ҷумла маро нақду туро нася биҳишт.

Машнав сухани биҳишту дӯзах аз кас,

Кӣ рафт ба дӯзаху кӣ омад зи биҳишт?

 

  Тавре ки мулоҳиза шуд, Хайём маргу мири инсонро як амри табиӣ, раванди муайяни гардиши заррот (атомҳо) ё модда ва табиат меҳисобад, агарчи ин ҳама бо хоҳиши “табъӣ вуҷуд” (сиришти олами ҳастӣ) сурат мегирад.

  Мақула ва категорияи марг ҳам дар хатти машйи эҷодиёти Содиқи Ҳидоят мақоми марказӣ дорад. Ва аз овони ҷавонӣ дилбастагии нависанда ба рубоиёту андешаҳои фалсафии Умари Хайём бесабаб набуда. Аввалин навиштаи бадеии Содиқи Ҳидоят, баъд аз “Муқаддима бар рубоиёти Умари Хайём” лавҳаи мухтасар ва нотамоми “Марг” аст. Андешаҳои хешро Содиқи Ҳидоят дар бораи марг дар ин навиштааш тақрибан бар асоси ҳамон назари фалсафии Хайём доир ба марг иброз доштааст.

Дар фаъолияти нависандагии Содиқи Ҳидоят мақулаи марг то лаҳзаҳои охирини зиндагиаш чун хатти сурх идома доштааст. Зеро барои Содиқи Ҳидоят чун устодаш Умари Хайём ранҷи инсон, ранҷи беҳуда ва абас аст.

  Бад-ин робита, ба як нукта бояд ишора кард, ки Содиқи Ҳидоят чанд сол пештар аз Алберт Камю (нависанда ва файласуфи экзистенсиалисти асри XX фаронсавӣ), дар шоҳкораш “Буфи кӯр” (соли чоп 1937), ки бевосита таҳти таъсири андешаҳои фалсафии Умари Хайём эҷод шудааст, ранҷи беҳудаи инсон дар дарки ҷаҳону охиратро хело шоирона дар қолаби як асари сюрреалистии аврупоӣ баён доштааст. Алберт Камю эссеи фалсафии худ “Устураи Сизиф” (“Миф о Сизифе”)-ро, ки ба ҳамин мавзӯъ ихтисос дода шудааст, соли 1942 ба нашр мерасонад. Бинобар қавли Эҳсони Табарӣ, хондани онро Содиқи Ҳидоят ҳамон сол ба ӯ тавсия карда будааст [4, 79].

  Ин ҷо бояд ҳаминро хотирнишон сохт, ки андешаҳои Алберт Камю дар бораи пучии зиндагии инсон ва матлуб будани худкушӣ барои Содиқи Ҳидоят тозагие надошт. Зеро ин андешаро ӯ дар достонҳои (новеллаҳои) “Зинда ба гӯр”, “Се қатра хун” ва дар қиссаи (романи кӯтоҳи) “Буфи кӯр” кайҳо гуфта буд. Гузашта аз ин, истидлоли Камю дар бораи он, ки инсон дар ин “сарои вуруд” як “меҳмони нохонда” аст, барои Содиқи Ҳидоят, ки аз навҷавонӣ бо фалсафаи Умари Хайём хӯ гирифта, дамсоз шудааст ва муддатҳо “Буфи кӯр”-ро таълиф карда, сухани тозае набуд.

Дар боби “Хайёми шоир” Содиқи Ҳидоят бештар ба ҷанбаҳои сохторӣ ва ҳунарии рубоиёти шоир ва маҳорати образофарии Хайём таваҷҷуҳ намуда, таъсири образҳо ва рубоиёти шоирро дар эҷодиёти шоирони баъдӣ, бавижа Саъдиву Ҳофиз нишон додааст.

  Содиқи Ҳидоят, дуруст мушоҳида мекунад, ки таронаҳои Хайём ба қадре содда, табиӣ ва ба забони адабӣ ва маъмулӣ гуфта шуда, ки ҳар касеро “шефтаи оҳангу ташбеҳоти қашанги он менамояд. Ва аз беҳтарин намунаҳои шеъри форсӣ ба шумор меояд” [2,50]. Аз ин рӯ, Хайём дар рубоиёташ қудрати адои матлабро ба он сатҳи гирандагиву муассирият расонида инсонро ба ҳайрат меоварад, ки чӣ тавр як ақидаи фалсафии муҳимро метавон дар қолаби як рубоӣ ҷой дод? Содиқи Ҳидоят бо камоли шигифтӣ иброз медорад, ки чӣ гуна метавон чандин рубоие гуфт, ки ҳар кадомаш дар алоҳидагӣ як “фикру фалсафаи мустақил”-ро баён дорад ва дар “айни  ҳол бо ҳам ҳамоҳанг бошад” [2,50]. Дар натиҷа, муҳаққиқ ба чунин хулосаи дуруст меояд: “Ин кашишу дилрабоии фикри Хайём аст, ки таронаҳои ӯро дар дунё машҳур карда ва вазни соддаву мухтасари шеърии Хайём хонандаро хаста намекунад ва ба ӯ фурсати фикр медиҳад” [2,51].

  Содиқи Ҳидоят муътақид аст, ки Умари Хайём дар шеър аз ҳеҷ кас пайравӣ накардааст. Забони соддаи ӯ “ба ҳамаи асрори санъати худаш комилан огоҳ аст ва ба камоли эҷоз ба беҳтарин тарзе онро шарҳ медиҳад”. Ва аксари мутафаккирону шоирони баъдӣ, ки ӯро пайравӣ карданд, ба пояи ӯ нарасидаанд. “Зеро баёни зарифу бемонанди ӯ бо оҳанги салиси маҷозии киноядор”-аш махсус ба худи Хайём аст  [2,52].

  Аз ин рӯ, тарзи баён, маслаку фалсафаи  Хайём дар адабиёти форсии тоҷикӣ таъсири амиқе расонида , майдони густурдаеро барои ҷавлони фикри дигарон фароҳам овардааст. Сипас, Содиқи Ҳидоят бо мисолҳои фаровон илҳомпазирии Саъдиву Ҳофизро аз афкору андеша ва ташбеҳу истиороти рубоиёти Умари Хайём нишон додааст. Аз ҷумла, Содиқи Ҳидоят муқоисае байни образи шароби Хайём ва Ҳофиз мекунад ва собит месозад, ки агарчи шароби Ҳофиз дар бисёре аз ҷоҳо ҳамон шароби ангурист, аммо дар зери истилоҳҳои сӯфиёна пӯшида шуда ва эҳтиёҷ ба таъбир дорад. Хайём бошад, афкорашро бепарво ва софу пӯстканда баён мекунад.

  Ҳамин тавр, Ҳидоят Умари Хайёмро дар заминаи андешаву шеър бартар аз Мавлавию Саъдиву Ҳофиз медонад ва барои тасдиқ ва исботи назари хеш аз таъсири Хайём дар адабиёти Ғарб ёдрас мешавад ва бад-ин ҷиҳат, андешаи Хайёмро ҷаҳонгиртар медонад. Ин ҷо ба иртиботи ин матлаб як нуқтаро бояд ёдовар шуд, ки нуфузи чашмгир пайдо кардани рубоиёту афкори Хайём, то ҳадде марҳун ва вобастаи тарҷумаҳои озоду шоиронаи Фитҷералди англис аст. Мавлавию Ҳофиз низ мақоми вижаи худро дар адабиёти форсӣ ва ҷаҳон доранд, ки ин баҳс аз маҷоли ин мухтасар берун мебошад.

  Содиқи Ҳидоят бо маҳорати олимона ҳунари шоирии Умари Хайёмро дар корбурди вожаҳо, тасвирсозиҳо, сохтани ташбеҳоти бикр нишон додааст. Масалан, Содиқи Ҳидоят маҳорати Хайёмро дар тавсифи табиат чунин баён кардааст: “Хайём бо латофату зарофати махсусе, ки дар назди шуарои дигар камёб аст, табиатро ҳис мекарда ва бо як дунё устодӣ васфи онро мекунад”:

 

Рӯзиест хушу ҳаво на гарм асту на сард...

“Бингар зи сабо домани гул чок шуда...”

“Абр омаду зор бар сари сабза гирист...”

“Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст...”

“Маҳтоб ба нур домани шаб бишикофт”.

 

  Хайём дар васфи табиат, то ҳамон андоза, ки эҳтиёҷ дорад, бо чанд калима муҳиту вазъро муҷассаму маҳсус (эҳсосшаванда) мекунад” [2,56-57].

  Содиқи Ҳидоят ёдрас мешавад, ки ин тозакориҳои Хайём дар замоне сурат гирифта, ки зери таъсири тасаллути араб “як навъ луғатбозӣ ва изҳори фазлу тамаллуқгӯии хушку беъмаънӣ” ривоҷ гирифта буд. Аз ин рӯ, ин соддагии забони Хайём ба бузургии мақоми ӯ меафзояд.

 Дар хотимаи ин боб, ки поёни рисола низ мебошад, Содиқи Ҳидоят дар бораи Хайём чунин натиҷагирӣ мекунад, ки он ба назари мо ношӣ аз рӯҳи эронпарастӣ ва зиддиарабии ӯст:

  “Хайём намояндаи завқи хафашуда, рӯҳи шиканҷадида ва тарҷумони нолаҳо ва шӯриши як Эрони бузург, бошукӯҳ ва ободи қадим аст, ки дар зери фишори фикри зумухти (тунду дурушти) сомӣ ва истилои араб кам-кам масмуму вайрон мешуда” [2,61-62].

  Чун худи Содиқи Ҳидоят, ошиқу шефтаи фарҳангу тамаддуни Эрони бостон, яъне Эрони тоисломӣ буд, дар эҷодиёти Хайём, ба вижа дар рубоиёту “Наврӯзнома”-аш, ҳамин ҳасрати гузаштаро дарёфтааст. Тавре ки худаш бо як итминон таъкид медорад, “як майлу рағбат ё симпотӣ ва таассуфи гузаштаи Эрон дар Хайём боқист”[2,34]. Ин таҳқиқот, агарчи аз рӯзи таълифаш беш аз 83 сол гузаштаасту дар хайёмшиносии Эрон аз нахустин пажӯҳиши бунёдист, мутаассифона, қириб мавриди истифодаи муҳаққиқони адабиёти классикии тоҷик қарор нагирифтааст.

  Бо вуҷуди ин, то  ба имрӯз масоиле, ки Содиқи Ҳидоят доир ба эҷодиёти Ҳаким Умари Хайём матраҳ кардааст, аҳамияти илмии хешро гум накарда ва барои муҳаққиқони эҷодиёти Умари Хайём матлаби арзишманде буда метавонад.

 

Хоҷамуродов ОЛИМҶОН,

доктори илмҳои филология, профессор

Адабиёти иқтибосшуда

  1. Чун ин маҷмӯа  соли 1923 ба теъдоди андак бо харҷи худи Содиқи Ҳидоят дар интишороти “Брухим” ба чоп рисида, дигар таҷдиди чоп нашудааст. Соли 1956 яке аз дӯстони наздики Содиқи Ҳидоят, Ҳасан Қоимиён ҳангоми чопи осори парокандаи нависанда ин пешгуфторро бо номи  “Муқаддимае бар рубоиёти Умари Хайём” шомил ва таҷдиди чоп мекунад. Ниг: Содиқи Ҳидоят. Навиштаҳои пароканда. Теҳрон. Чопи ҷадид. 1384 ҳ.ш. (2005).
  2. Содиқи Ҳидоят. Таронаҳои Хайём / Содиқи Ҳидоят.- Теҳрон, 1313 ҳ.ш. (1934).
  3. Комиссаров Д.С. Садек Хедаят. Жизнь после смерти./ Д.С. Комиссаров – М: “Восточная литература”. 2001.
  4. Табарӣ Эҳсон. Масоиле аз фарҳангу ҳунар ва забон/ Эҳсони Табарӣ. -Теҳрон, 1359 ҳ.ш. (1980).
Хондан 2946 маротиба