JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 09 Ноябри 2017 10:22

Хиёнат

Муаллиф:

  Гулрӯ рӯзи шанбе, субҳи барвақт аз хоб хеста, азми сафари Душанбе кард. Ӯ ният дошт, ки бо фарзандонаш маслиҳат намуда, аз бозор ҷиҳози тӯйи домодии ду писарашро бихарад. Дар ду тарафи шоҳроҳи «Кӯлоб – Душанбе» майсаву себарга дамида, гулҳои лоларо насими сабуксайру атрогини саҳаргоҳӣ ба рақс оварда буд. Ба назар чунин менамуд, ки табиат дар дашту даман қолинҳои рангорангро густурда, оғӯши пурмеҳрашро ба истиқболи меҳмонҳои деринтизораш боз карда бошад.

Мафтуни зебоиҳои табиат гардида, Гулрӯ гузашти вақтро нафаҳмид. Чун ба миёни ағбаи Шаршар расиданд, гӯиё якбора ба худ омаду аз ронанда хоҳиш кард:

- Бародар, як даҳза мошинро боздоред.

  Аз мошин берун шуда, ба атроф дида дӯхт ва аз ҳавои тоза нафаси чуқуре кашид. Баҳри Норак, ки бо зебоӣ ва сукути хоссаи худ мафтунаш карда буд, пеши назараш мавҷ мезад. Хуршеди оламоро атрофро ғарқи нуру зиё гардонда буд… Як- ду қатраи борон ба чеҳраи чун садбарг шукуфтаи Гулрӯ заду ӯро, ки дар банди ин ҳама зебоиҳо афтода буд, ба худ овард. Бори дигар ба атроф дида афганду дилу бедилон ба мошин нишаст…

  * * *

  Субҳ нодамида Гулрӯ бо тарс бедор шуд. Дарақ- дарақ меларзид ва рӯяшро арақи калон- калон пӯшида буд. Дар хоб раҳматии хусурашро дид, ки бо қаҳру ғазаб ба ӯ мегуфт: «Барои чӣ хонаву даратро ба бегонагон гузошта, ба Душанбе омадӣ? Баргарду хонаатро соҳибӣ кун! Хез, ба хонаат баргард!»

  Хоби дида хеле парешонаш кард. Охир, тӯли 25 соле, ки ӯ келини ин хонадон буд, мӯйсафед боре ҳам нисбаташ чунин муомиларо раво надида. Саросема дасту рӯяшро шусту аз писаронаш хоҳиш намуд, ки ӯро то истгоҳи мошинҳо гусел кунанд. Фарзандон дигар шудани раъйи модарро дида, маслиҳаташонро ёдовар шуданд, аммо модар чизеро шунидан намехост. Фақат гаҳи савор шуданаш ба мошини роҳ ба онҳо дида дӯхту кӯтоҳакак гуфт:

 - Мӯйсафеди бобоятонро хоб дидам. Ин бесабаб нест.

Дар мошин менишасту ҳеҷ не ки хоби дида аз пеши назараш дур бигардад. Гумон мекард, ки мошин бисёр оҳиста ҳаракат дорад. Мехост тезтар ба хона бирасад.

 - Бародар, бисёр оҳиста меравем. Биёед, камтар суръати мошинатонро тезонед. Хоҳиш мекунам, додарҷон!

 Ронанда, ки ҷавони хушчақчақе будааст, табассумкунон посух гардонид:

 - Холаҷон, тез рафтагиҳо то куҷо расиданд, ки мо бирасем. Дар ин гардишҳои хавфноки ағба оҳиста рафтанамон хубтар аст.

 Гулрӯ эҳсос кард, ки шитоб карданаш ба манфиати кор нест, хомӯширо авло донист ва аз тирезаи мошин ба берун дида давонид. Сиёҳабре нафақат самои нилгун, балки қалби ӯро ҳам пӯшида буд. Дар назараш ҳама ҷо торикӣ: аз зебоиҳои дирӯза гӯиё нишоне ҳам намонда.

 Борон меборид, шишатозакунакҳои мошин басо «серкор» буданд. Гулрӯ чашмонашро пӯшида, рӯзгори гузаштаашро ба тамом варақгардон кард…

  * * *

 … Баъди хатми донишгоҳ ӯро ба зодгоҳаш фиристоданд барои кор. Духтари босавод, масъулиятшинос ва ҷамоатчии фаъол ки буд, дере нагузашта миёни ҳамкорон мақоми шоистаеро соҳиб гардид ва фаъолияташ аз назари роҳбарони ноҳия низ ниҳон намонд. Мудири боғчаи бачаҳои хоҷагӣ таъйинаш карданду дере нагузашта ба кори шӯроҳо пешниҳодаш намуданд. Бо шавҳараш дар ҷои кор рӯ ба рӯ омад. Аз дидори аввал ба якдигар дил бастанду хонадор шуданд. Зиндагии хубе доштанд.

 Бо гузашти солҳо соҳиби ҳафт шоҳписар гардиданд. Худованд духтарчаи зебову хушрӯякеро низ ба онҳо ато бинмуду… насибашон нагардонид: дар заҳбури назди хона ғарқ шуду ҷисми беҷонашро ба ҳавлӣ оварданд. Дигар духтар наёфт. Шукронаи ҳафт писар мекарду мегуфт, ки агар келин бигирад, соҳиби ҳафт дуҳтар мешавад.

 Гулрӯ келини хидматгоре буд. Эҳтироми хусуру хушдоманашро пайваста ба ҷо меовард ва онҳо низ ӯро ба мисли духтари худ дӯст медоштанд. Хушдоманаш чандин сол бистарӣ буд ва Гулрӯ бо ҳама серкорӣ фарзандвор нигоҳубинаш мекард. Намегузошт, ки лаҳзае ҳам худро ҳақиру нотавон бубинад. Ҳамин буд, ки дар вопасин рӯзҳои умраш хушдоман келинро дуои нек дод. Соле нагузашта хусураш ба бистари беморӣ афтид: фалаҷ ин марди шарифро аз по афганд. Ба хотири падаршӯ корро мувақатан қатъ кард. Баъди як сол мӯйсафед аз олам гузашт. Даст ба пичаҳои келинаш бурду бо ханда дунёи фониро падруд гуфт.

 Вақтҳои охир эҳсос мекард, ки шавҳараш тағйир ёфтааст: бо баҳонаи серкорӣ ба хона дер меояд, сафари хидматӣ гуфта, ду- се рӯз гум мешавад, муносибаташ ҳам бо ҳамсару фарзандон дигар шудааст. Ба хона телефон карда, дар бораи шавҳараш ҳар хел суханони бад мегӯянд. Бовар намекард, чунки дар 25 соли зиндагии якҷоя, агарчи масъулияти сангини хидматиро дар ӯҳда дошт, фарзанд, хонаву дар, шавҳар, хусур ва хушдоман гуфта заҳмат кашид, роҳатро фаромӯш намуд: дар хона кор, дар берун кор, тарбияи фарзандон, гузаронидани меҳмонҳои шавҳар ва мисли ин корҳои дигар. Ин ҳамаро бе маломат ба ҷо меварду аз кори кардааш ҳаловат мебурд, чунки шавҳарашро дӯст медошт…

  * * *

 Мошин ҳамоно дар ҳаракат буд. Гулрӯ ба берун дида дӯхта мехост аз зебоиҳои табиати ватани маҳбуб ҳаловат бубарад, аммо дар дилаш чизе намеғунҷид. Гумони баде вуҷудашро фаро гирифта буд. Боз чашмонашро пӯшид.

 - Холаҷон, расидем, - гуфтани ронанда ӯро аз банди мавҳуми хаёлот раҳонид.

 Аз мошин берун шуда азм кард, ки ба ҷои кори шавҳараш биравад, аммо рӯзи истироҳат будан ба ёдаш расиду аз раъяш гашт. Баъди андаке таваққуф ба хотир овард, ки рӯзҳои истироҳат ҳам шавҳараш, роҳбар ки ҳаст, аз ҷои кораш як хабар мегирад ва баъди он бозорӣ карда ба хона бармегардад. Бо ҳамин андешаҳо ҷониби коргаҳи шавҳар гом зад. Раҳораҳ фикр мекард, ки агар шавҳарашро дар ҷои кор ёбад, нуран ало нур мешавад: ҳамроҳ ба хона мераванд. Мошини шавҳарашро дар назди идора дида хурсанд шуд.

 - Акаи Шариф, саломатиатон хуб аст? Мудир дар дафтари корашон? – пурсид аз дарбони идора, ки ба истиқболи ӯ баромада буд.

 Акаи Шариф Гулрӯро дида аз саросемагӣ чизе гуфта натавонист ва ҷониби хоначае, ки барои фароғати коргарон ҷиҳозонида буданд, ишора кард. Гулру хост дарро бикшояд. Муяссараш нагардид, он аз дарун баста буд. Ба дарбон дида дӯхт, ӯ нигоҳашро гурезонид. Аз қаҳру ғазаб дарро девонавор кӯфта, бо тамоми қувват кашид, қулфаки дар канда шуд ва ӯ шавҳарашро болои кат бараҳна дар оғӯши зани бегонае дид. Осмон гӯиё ба сараш фурӯ рехт, аз қаҳру ғазаб аъзои баданаш меларзид. Либосҳои он беҳаёро гирифта хост ба берун афканад, аммо зан худро ба пеши пояш партофта бахшиш пурсид. Гулрӯ аз мӯйҳои духтар гирифта хост ӯро бараҳна ба берун тела бидиҳад, аммо шавҳараш хоҳиш кард, ки ба худ биёяд.

 - Гулрӯ, азизам, худатро ба даст бигир, шармандаам накун, гуноҳамро бубахш!

 Гулрӯ бо нафрат ба шавҳараш нигоҳ карду фиғони бар лаб расидаро талх фурӯ бурда, аз хона берун баромад. Дар кӯчаҳои маркази ноҳия хаёлӣ хеле қадам заду ба хотираш розгую роздон ва маслиҳатгару дугонаи ҷониаш- раиси Шӯрои занони ноҳия расид. Роҳи манзили иқомати ӯро пеш гирифт. Ҳаракат барояш душвор буд. Шамоли сахте вазида, чангу хокро ба само мебардошт. Ба атроф дида дӯхт. Ҳама ҷо, агарчи нимарӯз буд, дар назараш тип-торик менамуду пеши чашмашро сиёҳӣ гирифта. Абри сиёҳ осмонро пӯшида. Борони сел меборид. Гулрӯ дугонаашро дар ҳалқаи фарзандон ёфт. Раис Гулрӯро дидан баробар аз ҷояш хеста самимона истиқболаш гирифту:

 - Биё, Гулрӯҷон, шамоли куҷо ба ҳавлии мо овард туро?- гуфта ба ӯ наздик шуд. Якдигарро ба оғӯш кашиданд.

 Гулрӯ тоқат накарда, аз алам фиғон бардошт.

 - Чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ?- гӯён раис ӯро ба хона таклиф кард ва пиёлаи оберо нисораш намуд, то ором бигардад.

 Гулрӯ тамоми ҳодисаи бо чашми сар дидашро нақл кард. Раис бо таҳаммули барояш хос ӯро шуниду таскинаш дода мақсадашро пурсид.

 - Намехоҳам дигар рӯяшро бубинам. Аз ӯ ҷудо мешавам. Ҳайфи заҳматҳое, ки барои ӯву хешу табораш кашидам. Пагоҳ назди раиси ноҳия медароям. Бигузор кӣ буданашро бидонанду нисбаташ чорае биандешанд,- посух гардонид Гулрӯ.

 Раис баъди андешаи тӯлонӣ насиҳаташ кард:

 - Гулрӯ, зани босаводу бамаърифате ҳастӣ, пастиву баландии зиндагиро хуб медонӣ. Ҳафт шаҳписар дорӣ. Агар ба раиси ноҳия муроҷиат намоӣ, бешубҳа шавҳарат гирифтори муҷозот хоҳад шуд. Эҳтимол аз вазифа ҳам сабукдӯшаш кунанд. Оқибати амалатро биандеш: дар тамоми ноҳия овозаву дарвоза мешавад ва дар сари қаҳр талоқатро медиҳаду ҳафт писарат аз навозиши падар маҳрум мегарданд. Ӯ зани дигар мегираду ту бошӣ, хонавйрон мешавӣ. Ниёз ба насиҳати ман надорӣ, андеша бикун. Ҷаҳл ҳеҷ вақт ба кас манфиат намебахшад, ба хотири фарзандон хиёнаташро бубахш.

 Насиҳати раис Гулрӯро ба андеша водор намуд. Гуфтаҳояшро пазируфт, вале нафраташро нисбат ба ҳамсари бевафо рафъ карда натавонист. Бо ӯ рӯ ба рӯ шудан намехост, аммо хотири фарзандон… Азоби падарҷудоии онҳо барояш гарон меафтод. Хиёнати шавҳарашро ошкор накард, вале ба мисоли кундаи тар дарун-дарун сӯхт. Манзили шодию сурураш мотамхонаро мемонд. Ҳузури шавҳарашро маҷбуран таҳаммул мекард.

 Рӯзҳо, ҳафтаҳо пайиҳам мегузаштанду муносибати зану шавҳар ҳамон чун ҳавои зимистон сард буд. Гулрӯ рӯз то рӯз хазон мегардид: мубталои беморие шуда буд, ки табиб дар кушодани банди он оҷиз монда. Бистарӣ гардид, бемориаш рӯз то рӯз шиддат мегирифт. Шавҳар ин ҳамаро медиду худро нодида меангорид. Зан эҳсос мекард, ки рӯзаш ба поён расида. Рӯзе фарзандонашро ба наздаш хонду аз писари бузургаш хоҳиш кард, ки умед ба падараш набаста, пайи хонадоршавии додаронаш камар бубандад. Ҳарду келини хушкардаашро ба ҳавлиаш оварданд. Модар онҳоро дар бистари беморӣ истикбол гирифту барояшон умри дароз, рӯзгори неку бафайз ва фарзандони баномус орзу намуд. Меболид, ки дидани чунин рӯзи пурсаодат насибаш гардидааст. Вале як гӯшаи қалбаш торик буд. Аз қисмати се писари дигараш андеша мекард.

  * * *

 Рӯзе раиси Шӯрои занон ба аёдаташ омад. Гулрӯ дугонаашро, ҳарчанд аз бистар хеста наметавонист, гарм истиқбол намуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки наздиктар бишинад.

 - Муаллимаҷон, бедухтарӣ мушкил будааст. Мехоҳам диламро ба келинҳо бикушоям, онҳо духтарони хубанд, вале андеша мекунам: маро мефаҳмида бошанд ё на. Ҳамон вақт гапи шуморо гирифта, хиёнати шавҳарамро бахшидам. Хато кардам. Ин бахшиш бароям гарон афтод. Як соли охир гулхани рашк маро сӯхт беоташ, фақат дуд кардам. Хиёнати ин марди беномус маро ба бистари марг афканд. Бӯстони бо орзуҳои зиёд бунёд кардаамро бераҳмона решакан намуд. Дирӯз писари ҳамсоя, ки маро «модар» ва шавҳарамро «падар» мехонду худамон хонадораш карда будем, ба аёдатам омада шикоят кард: «Очаҷон, падарам занамро кашида гирифт. Онҳо акнун бо ҳам зиндагӣ мекунанд». Дидед, ин беимон бо ҳамоне ки духтараш мехонд, наздикӣ кардааст.

 Раис дуру дароз ба чеҳраи барвақт хазонгардидаи дугонааш дида дӯхту ҷуз ин байти шайх Саъдӣ:

 

 Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст,

 Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст,-

                                                                                                                       дигар чизе гуфта натавонист…

 … Баъди се рӯзи ин сӯҳбат Гулрӯ бо дили пурдарду ғам ва озурдаву хуншор аз хиёнати шавҳар дунёро падруд гуфт. Фарзандон кӯшиш мекарданд, ки ба рӯи падар нигоҳ накунанд. Онҳо сабаби марги модарашонро медонистанд. Баъди адои маросими ҷаноза ва ба хок супурдани модар писари хурдӣ бо нафрати ошкоро ба падар рӯ оварда гуфт:

 - Модарамро шумо куштед, шумо! Қотили модарам шумоед, падар!

 Падар ба нигоҳи фарзандон тоб наовард. Ӯ акнун фаҳмид, ки пеши фарзандон хасе арзиш надорад. Гуноҳашро ҳам эҳсос намуд: хиёнат! Хиёнат ба мавҷуде, ки сутуни хонадони ободу боиси сарбаландиаш ва пеш аз ҳама модари фарзандонаш буд.

 Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА

Коллектив. Шоҳроҳи истиқлол (баёзи насри муосири тоҷик). – Душанбе, «Адиб», 2011, 288 саҳ.

Хондан 2947 маротиба