JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:13

Хушбахтӣ

Муаллиф:

Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд ва дар бистари марг мехобид, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт:

- Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад?

 

Пирамард дар ҷавоб гуфт:

-Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам худи ҳамин гапро аз устодам пурсида будам. Устоди ман пир буд, ӯ ҳафтод сол дошт ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ бе ягон сабаб механдад. Онгоҳ ӯ ба ман гуфта буд:

“Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Нохост фикре ба сарам омад: ин интихоби ман аст-ку, ҳаёти ман! Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам” . Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ вақте бедор шавам, аз худ суол мекунам: Хайр, имрӯз ту чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Ва доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам.

Хондан 2363 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Ашки Ҳасрат »