JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Марти 2019 09:25

Масъалаи ҳақ ва ҳуқуқи занони аморати Бухоро аз назари Аҳмади Дониш

Муаллиф: Мирзоев Ғаффор

   Вазъи аморати Бухоро ва зарурати деринаи ислоҳу дигаргунсозии ҳама соҳаҳои иҷтимоии онро дар авохири асри ХIХ устод Садриддин Айнӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, қайд намуда буд, ки то ошноӣ бо асарҳои  Аҳмади Дониш мо гумон доштем, маркази оламу пешрафти дунё ин аморати Бухоро аст ва ҳеҷ кишваре дар пешрафту нумӯъ баробар ба он нест  ва шиносоӣ бо китобҳои Аҳмади Дониш чашми моро ба ҳақиқати олам ва «ҳақиқати билоди Бухоро» кушод. Бараъло айён мешавад, ки устод Айнӣ дар саргаҳи ин ҷунбишҳо ва хезишҳои ғоявӣ, ки аз онҳо чун «инқилоби фикрӣ» ном бурдааст, Аҳмади Донишро  мебинад.

  Дар воқеъ,  Дониш ҳамчун равшанфикр ва маорифпарвари замонаш соҳаҳои мухталифи ичтимоиёт, иқтисодиёт, маънавиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф, зиндагии рӯзмарраи  ҷомеаи давр ва ғайраро ба риштаи таҳқиқу баррасӣ кашида, мушкилоту қафомондагии онҳоро равшан намудаву роҳу воситаи  беҳсозиашонро ҷустуҷӯ ва ба қадри фаҳму имконаш нишон додааст. Гарчанде андешаҳои ӯ аз муносибатҳои феодалии аморати Бухоро маншаъ мегиранд ва аз норасоиву маҳдудиятҳои муайяни назариву консептуалии замонаш орӣ нестанд, вале онҳо ягона ақидаи пешқадами он давр буданд, ки ба  ҷомеа бо диди нав ва нигоҳи нав баҳо медоданд. Баъзе ақидаҳои ихтилофомези мазҳабияш низ аз ҳамин замина об мехуранд. Вале ҳақ ба ҷониби муҳаққиқони осори ин мутафаккир Ашуров Ғ. ва Диноршоев М. мебошад, ки қайд намудаанд, Дониш фарзанди замони худаш буд ва наметавонист аз маҳдудияту махсусиятҳои давраш берун бошад. Дар баробари ин норасоиҳо, ӯ фикру андешаи ҳамзамононашро дар мавриди ҷомеаи дар таназзулмондаву хобрафтаи Бухорои амирӣ ҷунбишу такон додааст ва онҳоро ба бедориву худогоҳӣ хондааст. Қариб ягон масъалаи доғи дастгоҳи аморати Бухороро наметавон пайдо кард, ки ин мутафаккири равшанфикр онро аз дидгоҳи нав ба риштаи таҳқиқу мулоҳиза накашидаву қабоҳату разолати онро нишон надода бошад ва бо ҷуръату ҷасорати  бемонанд онро зери тозиёнаи танқид нагирифтаву ислоҳашро талаб накарда бошад. Муҳаққиқи тоҷик Ш.Абдуллоев дар ин маврид чунин қайд  менамояд: «Танқиди устод Аҳмади Дониш аз ҷаҳолат, ақибмондагии сиёсию маданӣ, психологияву хурофоти динӣ ва ғайраи Осиёи Миёна он қадар бепардаву ошкоро, он қадар кӯбандаву бетараҳҳум ва тунду тез аст, ки кас аз ҷасорат ва фошгӯиҳои ӯ дар ҳайрат мемонад. Ин ҳама нишондиҳандаи дараҷаи нафрати вай ҳамчун маорифпарвар ва рӯшанфикр нисбат ба тартиботи истибдодӣ ва ҷаҳолату разолати ҳокимияти манғитиён мебошад».

  Дар баробари ин ақидаҳои пешқадами иҷтимоию сиёсияш Дониш дар кишварҳои Шарқи исломӣ аз аввалин донишмандест, ки дидгоҳҳои шахшудамондаи асримиёнагиро дар мавриди бисёр мавзӯъ ва масъалаҳои доғи иҷтимоӣ, ки дар адабиёти фалсафиву бадеии гузашта қолабҳои муайян доштанд ва касе берун аз онҳо фикри дигареро барои худ тасаввур намекард, шикаста ин масоилро ба таври  мубрам ҳамчун мушкилот дар назди ҷомеа гузоштааст.

  Яке аз чунин масъалаҳои дарднок масъалаи мақом ва мушкилоти  занони Шарқ, махсусан занони аморати Бухоро буд, ки то Аҳмади Дониш ягон нафаре, ҳатто аз байни пешгомони ҳаракати ислоҳотхоҳии мусулмонон, аз қабили Ҷамолиддини Афғонӣ, Муҳаммад Абдо, Муҳаммад Иқбол ва дигарон, ки таҳсилдидаи кишварҳои Аврупо буданд, монади ӯ ин масъаларо бо тамоми мушкилоту жарфҳояш ба таври кушод ҳамчун масъалаи иҷтимоӣ дар назди ҳамзамонон ва ҷомеаашон бо диди нав ва рӯҳияи гуманизми инсонӣ нагузоштаанд. Агар чизе пештар аз ӯ дар ин адабиёт ба чашм хурад ҳам, фақат нигоҳҳо ва андешаҳои қаноатмандонаи умумӣ сари ин масъалаанд, ки бар асоси услубҳои анъанавию таърихӣ танҳо аз мадҳу санохониҳои рӯякӣ ва таърифҳои маҷозии муқаррароти динии ин мавзӯъ  иборат буданд, ки аз ҳақиқати ҳоли занони Шарқ фарсахҳо дуранд. Баъди Дониш аз мутафаккирони исломӣ фақат Қосим Амин ба ин масъала ҷиддитар ворид шудааст. Дониш рӯирост бар зидди рӯҳияи ҳукмрони он замон ва ақидаи иртиҷоии нафароне, ки ба қавли худи  ӯ иброз  медоштанд: «зан чи қадр дошта, ки ӯро назананд ва ё накушанд ва ё тарку талоқаш нагӯянд?!» садо баланд намуда, аз ҳуқуқ ва мавқеи инсонии занон дифоъ намудааст.1 Мутафаккири равшанфикр ва озодандеш поинтар ба масъалаҳои ҳаққу ҳуқуқи зан, мақоми ӯ, нақши ӯ дар оила, дар ҷомеа, дар тарбияи фарзанд, дар хушбахтиву саодати мард ва ғайраҳо дахл намуда, бар хилофи назарияи дар он замон машҳури “мардонро бар занон мартабаест” баромад намуда, боҷуръатона ва боэътимод баробарии зану мардро таъкид  мекунад. Ӯ ба он нафарони кӯтоҳназар ва бехирад, ки ба зан ҳамчун ба ҷинси дуюмдараҷа, нолоиқ ва чун  молу коло муносибат мекарданд, муроҷиат намуда чунин менависад: «...инон надонанд, ки зан низ мисли эшон нафс  дорад ва худро адили мард (яъне баробари мард. - М.Ғ.) мепиндорад. Ва ин заъфу забунӣ бар ӯ ба сабаби авориз афтода». Аз баёни андеша ва ифодаи мазмун аён аст, ки мутафаккир худ ба ин фикр ҳамраъй буда, бар баробарии ҷойгоҳи зану мардро дар ҷомеа қоил аст ва ин аслро ҷонибдорӣ мекунад. Ин нуктаро муҳаққиқи шинохтаи тоҷик А.Ҳайдаров зикр сохта, дуруст қайд кардааст, ки ба ақидаи Дониш нобаробарии зан бо мард фақат дар заифии қуввати ҷисмонии ӯ зоҳир мешавад, дар боқимонда масоил бошад онҳо баробаранд ва ин баҳона шуда наметавонад, ки ҳуқуқи ӯро поймол кунанд.

  Мутафаккир дар мавриди ташкили оила  ва зарурату аҳамияти никоҳ ибрози назар намуда, оиларо чун заминаи ташаккули ҷомеа, тозагиву покияш  ва занро асоси он медонад. Ӯ дар ин ҷо фикри бисёр ҷолиберо оварда, барои зан ва мақому арзиши ӯ мартабаи баландеро қоил мешавад, ки барои замони муносибатҳои феодалӣ ва мушкилоти гендерии даврони мутафаккир воқеан фикри пешқадам буд. Дар ин маврид дар бораи бунёди хонавода ва мақому манзалати зан  назди мард чунин  менависад: “Дигар фоидаи тааҳҳул он аст, ки зан тимору тааҳҳуди хонаро мутасаддӣ бошад... Ва баъд аз имон ҳеҷ неъмат бузургтар (манзури муаллиф, яъне барои мард.-М.Ғ.)  аз зани шоиста нест”.

  Дониш бо сабк ва услуби ба худаш хос гоҳ аз забони худ ва гоҳ аз забони қаҳрамонони асараш,  баъзе маврид ниҳоят ҷиддӣ ва баъзе маврид бо  шеваи мазҳакавӣ  вазъи занони шӯрбахти аморати Бухороро тасвир ва аҳволи онҳоро бо занони дигар кишвару дигар фарҳангҳо муқоиса намудааст. Тавассути муқоисаҳои худ донишманд на танҳо диққати аҳли ҷомеаро ба ин масъала ҷалб карданӣ мешавад, балки илоҷу  ислоҳи онро меҷӯяд. Дар боби “Дар ҳикояти ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон” ӯ  таассуроти  сайёҳи қаҳрамонашро аз  дидани зебогию ороишот ва хушбӯии занони мисрӣ байён намуда, онҳоро бо вазъи занони Бухоро муқоиса мекунад. Аз забони ин сайёҳ гуфтугӯи зани мисриро, ки аз зебогию тароват ва озодию фаросаташ  сайёҳ худро гум карда буд, чунин меорад:

  - Гуфт: «Дар вилояти шумо магар зан нест?»- Гуфтам: «Ҳаст, аммо на ба дон мусоба, ки шумоед  ва боз онҳо дар лиҳоф (яъне, фаранҷиву чодар – М.Ғ.) мастуранд. Ва алҳақ он шакли шомиле, ки доранд, аляқин (беҳтар) он аст, ки онҳо мастур бошанд, то чашм ба дидори ноҳинҷори эшон нарасад». Бихандиду гуфт: «Онхо бадшакланду нохушманзаранд?» -Гуфтам: «Бале, ки ҳама говдӯшу саргинчин ва ҷомашӯю нонпазанд». -Гуфт: «Мардон кори занон накунанд?» - Гуфтам: «На, балки ҳавоиҷи рузгори мардон ба уҳдаи занон аст. Ва эшон ба зебу зиннати худ камтар пардохт тавонанд ва доим чиркину гаргин бошанд».

           Ба пешашош натвон шуд зи гандабӯи бағал,

           Ба пушташон  натвон шуд зи бӯи тунди эзор».       

  Дар охири муколама ин зан ба сайёҳ чунин мегӯяд: «Занони шумо бадбахт заноне будаанд. Дар вилояти мо мардон ходимони занонанд ва ғуломони эшон”.1

  Дониш, чунонки қайд намудем, ҳам аз забони қаҳрамононаш ва ҳам бевосита аз забони худаш ҳангоми гузориши мавзӯъҳои мухталиф ё ба таври зимнӣ ва ё ба таври мустақим ба мавзӯи мушкилоти занони аморати Бухоро рӯй оварда,  аз ситоиши вазъу ҳоли занони дигар мамолик изҳори хушҳолӣ ва дар бородари ин  умедвории чунин вазъиятро барои занони кишвараш мекунад. Ӯ гоҳҳо тавассути гузориши дигар масъалаҳо ба мавзӯи мушкилоти иҷтимоии занони  Шарқ дохил мешавад ва гоҳҳо бо матраҳ намудани мушкилоти занон ба дигар масъалаҳои фалсафиву тасаввуфии кӯхнашудаи иртиҷоӣ рӯй оварда, бесуботиву беасосии онҳоро мавриди истеҳзову тамасхур қарор медиҳад. Ҳангоми тасвири дастовардҳои иншоотиву меъмории Руссия, қасрҳову кӯшкҳои мӯҳташам, биноҳои зебои теотру музейҳо, баргузории  маҷлису  намоишҳо, ки занон баробари мардон дар он ҷоҳо ширкат доштанд ва на танҳо бо ҳусну ҷамолу тароваташон, балки бо озодӣ, рӯкушодӣ, заковат, маданияти муносибат ва ҳунару истеъдодашон ҳамагонро мафтуну ҳайрон менамуданд,  мавриди таърифу тавсифи Дониши равшанфикр  қарор мегиранд. Ба ин мазмун ӯ иштирокашро дар маҷлисе, ки барои истиқболи  меҳмонон императори рус дар Петербург баргузор намуда буд, чунин тасвир мекунад: «Дар ин маҷлис дидем моҳруёни садафтиннату сарвқадони офтобталъат ҳамчун товуси нигорин ба ҳар тараф мехиромиданд ва чун ғизоли маст ба ҳар самт мечамиданд. Ва ҳар кадом чандин либоси ҳарир пӯшида, ки бадани нозанини эшонро ҳоил намешуд ва худи баданҳо низ аз ғояти назокату шаффофӣ ба дигаре сотир намегашт. Гуё, эзиди таоло пайкари онҳоро аз оби соф, ё обгинаи шаффоф сиришта.... » Мутафаккир ин лаҳзаҳои қабули меҳмононро тасвир намуда, ниҳоят ба лаҳзаи ворид гардидани сафирони аморати Бухоро, ки худаш дар ҳайати онҳо низ буд ва ҳама бо сару либос, мӯю риш ва андоми ногувор оро ёфта буданд, мепардозад ва ин манзараро хиҷолатмандона бо санъати баланди  таҷоҳули ориф аз чашми “занони озоди ҳуррсифати фарангӣ” чунин ба қалам  медиҳад:  «Мо ҳама ҷамъе даҳон кушодаву чашмҳо боз монда мутаҳайир, ки «Ин чӣ ҷосту кучост?!... Он паривашон мутааҷҷиб, ки ин ғулон дар (ин) маҳфили рӯҳониён чи навъ даромадаанд ва девон бо париён чӣ шакл мумтазиҷ гашта?!», ба рӯи мо тез медиданд ва ба аҷобати либосу ҳайати мо механдиданд. Ва мо ҳамчунон мутаҳайир ва бешуурона қадаме пеш мениҳодем ва ҷои рафту нишасти (худ) намедонистем. Дар ин асно дасти булӯри ба синаи мо меомад барои дурбош, ки «ҳало эй ифритиёни одамисират ва эй одамони ҳайвонсират, дониста пой ниҳед, ки домани нози мо ба ранги чатри товус замин кашон аст. Ва мо ҳар яке ба шакли товус масту хиромон, то домани моро ба пои ноҳанҷори худ магазед ва ба қудуми шуми худ маёлонед!». Тавозуъкунону ларзон кадаме чанд ақибтар мениҳодем, ҳам дар ин ҳол мушти нозанине ба пушти мо мехурд, ки «ҳон, эй бехирадон, таваққуф варзед ва воқиф бошед, ки бари симгуни мо ба барги гул ноз дорад, то ба хори мақдами нуҳусаттавъами худ мадарронед!». Саросема ба ақиб менигаристем... ба ранги бузинагон тамаллуқе мекардем ва ба даҳону забон ба ангушт ишора медодем, ки «мо безабонем ва аз саҳро расида говон ва ба русуму услуби шаҳрӣ шумо нодонон, маъзурамон доред». Барои ифодаи чунин лаҳзаи ногувор аз вазъу аҳволи хеш бо чунин лаҳну забони тез қудрати худбаҳодиҳии воқеӣ, ҷуръату ҷасорат ва хиради ҳақиқатбин лозим аст, ки ин аз шасияти ҷамъиятиву миллӣ будани  мутафаккири равшанбин шаҳодат медиҳад. Дар ин ҷо таваҷҷӯҳи Аҳмади Дониш ба санъати шаҳрсозӣ, фарҳангу анъаи шаҳрӣ, озодиву мақоми занон ва маданияти онҳо дар  маҳфилҳо,  дар маъракаҳои сиёсии ин кишвар ва ғайраҳо равшан мешаванд, ки бешубҳа аз озод будани ӯ  аз таассубу хурофоти динӣ ва озодандешии ин маорифтпарвари воқеъбину  бедор гувоҳӣ  медиҳад.

  Чунончи болотар низ зикр намуда будем,  Дониш гоҳҳо бо матраҳ намудани  мавзӯъ ва масъалаи зан дар ҷомеа вориди дигар масоили фалсафиву ҳастишиносӣ шуда, нуқтаи назари худро бар мавриди онҳо баён намудааст. Баъзе ғояҳои схоластикии аз назари ӯ беасос ва бепояро, ки дар ҷаҳонбинии  динию мистикии ҳамзамононаш таъсири муайян доштанд, ҳам аз забони худ ва ҳам аз забони гузаштагони илму фалсафаи мо бо лаҳни тамасхуромез зери интиқоди шадид гирифтааст. Ӯ назарияи инзивои аҳли тасаввуф ва ғояи таносухиёнро дар мавриди он, ки рӯҳи инсон ба таври силсилавор ба ин олам бармегардад ва он дар ҳаёт ва олами нав метавонад дар дигар шаклу колбад, масалан рӯҳи зан дар мард, ё рӯҳи инсон дар колбади ҳайвон ва  ғайра эҳёву зинда шавад, бесуботу бепоя хонда, онро  боиси коҳиливу беҳаракатии инсон ва ақибмондагии ҷомеаи шарқӣ хондааст. Мутафаккир сари ин масъала чунин  менависад:  « ...мумкин нест, ки ҷавҳареро,  ки шоистаи либоси инсоният аст, дар  кисвати хар баранд». Ба инсонҳое, ки мубталои ин ғоя гашта, гӯшанишиниву зӯҳдро ихтиёр намудаанд ва даст аз кӯшишу ғайрат боздоштаанд, бо забони ниҳоят тунду нафратомези Мирзо Бедил муроҷиат карда мегӯяд: 

Эй рафтаву боз омадаву хум гашта,

Номат зи миёни мардумон гум гашта.

Нохун ҳама ҷамъ омада сум гашта,

Риш аз дари к..н баромада дум гашта.

  Дар ин ҷо айён мешавад, ки маорифпарвар ба нақш ва рисолати инсон дар ин олам қоил аст, ӯро соҳиб ва эҷодкори тақдиру сарнавишт ва ризқу рӯзияшро натиҷаи кӯшишу ғайрати худаш медонад. Ӯ дар муқобили назарияи маъруфи ҷабарию каломӣ  боҷуръатона ғояи хилофи онро матраҳ намуда, андешаи дигарро, ки хусусияти реформаторӣ дорад, баён менамояд. Дар ҷавоби суолгузориҳои як нафар қаҳрамони асараш, ки хулосаи матлабашро  мутафаккир  дар қитъаи зерин ҷамъбаст кардааст:

“ Ризқ  ҳарчанд бегумон даррасад,

Шарти ақл аст ҷустани дарҳо.

Беаҷал кас нахоҳад мурд,

Ту марав ба коми аждарҳо”.

  Худаш боз сари ин масъала ибрози ақида мекунад, ки ризқу рӯзӣ бе касбу тараддуд ба даст намеояд ва барои ба даст овардани он саъю кӯшиш бояд, зеро ин аз бузургтарин “ҳукми солеҳи тамаддун ва таовун” аст ва ин мавзӯъро идома дода, масъалаи қазову сарнавиштро чунин тавзеҳ медиҳад: «Агар касе (яъне гӯяд, ки-М.Ғ.) қазо ба мурдани ман тааллуқ  нагирифта, намирам, аблаҳу нодон касе бувад».

  Чун ақоиди иҷтимоию сиёсии ин мутафаккири  маорифпарвар ва илоҳотҷӯйро ба таври амиқ баррасӣ намоем мебинем, ки ба вуҷуди назари чанде аз муҳаққиқон, ки таъкид доранд Дониш сари масоили фалсафиву иҷтимоӣ ғояву андешаи наверо камтар ворид кардааст, вале аён мешавад, ки худи озодандешию  ҳақиқатҷӯии ӯ дар мавриди масоили иҷтимоии муҳити фикрии Бухорои ғафлатзада худ як навгоние мебошад. Ҳамчунин, дар атрофи масъалаи усулии исломӣ, масъалаи қазову қадар андеша ронда, ба вуҷуди як шахси мутадайин ва эътиқодманди таълимоти динӣ буданаш, бархилофи муқаррароти он рафта, ҳамеша сабабҳои қафомондагии кишварҳои Шарқ ва махсусан аморати Бухороро аз роҳи меъёрҳои ақлонӣ дар ҳамин воқеияти ҳастӣ ҷустуҷӯ дошт. Аввалан, бо таъкиди  устод Айнӣ, маҳз Дониш аз дурӯғ будани тасаввуроти роиҷи “маркази дунёву пешрафт ва оламу илм” будани Бухороро ба ҳамзамонони бедораш иттилоъ додаву бонги изтироб задааст ва онҳоро огоҳ намудааст, ки аморати Бухоро баръакс як гӯшаи қафомондаи олам аст, то ба қадри имкони худ чорае бубинанд. Сониян, бархилофи  ақидаи маъруфи динии қазову қадар, ки дар Шарқи исломӣ пазируфта буд, пешрафту нумӯи дигар кишварҳои  мутараққӣ, махсусан  кишварҳои Ғарбро на аз қазои илоҳӣ, балки аз тараддуду кӯшиш ва ғайрату талаби ҷомеа ва  шаҳрвандонаш дар роҳи илм ва дар ҷоддаи истеҳсолот мебинад: «...онҳо (ғарбиён) тараддуду талаб намуданд, ёфтанд ва мо накардем ва нарасидем... Басти мулк низ мавқуфи талабу тараддуд аст». Ин ақидаҳои мутафаккир барои он замон аҳамияти ҳам  илмию ҳам амалии  хеле баланд доштанд. Ҳамзамон,  ба чунин ранг масъалагузории мутафаккир далолат ба он мекунанд, ки Дониш дар баробари ақидаҳои иҷтимоӣ-ислоҳотхоҳияш тарафдори ислоҳи назариёти динии он давраш, ки идеологияи ҳукмрони замонаш буд, баромад  мекунад. 

  Бо ҳамин шеваю услуб,  мутафаккири равшанфикр дар ҳар бобу ғоят  аз ҳуқуқу озодӣ ва рӯкушодии занони кишварҳои пешрафта, махсусан  кишварҳои Ғарб сухан ронда,  гаштаю баргашта ба вазъ ва ҳолати ногувори занони аморати Бухоро бармегардад. Зикр менамояд, ки занон дар ин минтақа аз ҳеҷ гуна ҳаққу ҳуқуқ бархурдор набуда, мавриди шиканҷаю озори доимӣ, мубодилаву фурӯш ва барои давлатмардони аморат бошад,  василаи кайфу сафо ва  дороии ҳарамхонаҳояшон буданд. Барои мансаб хариду фурӯш ва ҳадя мешуданд. Таъкид менамояд, ки худи Амир Музаффар  нафаронеро  таъйин намуда буд, ки  «....ҳар ҷо дӯшизае (духтари бокира) бошад, дарк кунанд ва ба давлатхона бибаранд, то султон тасарруф кунад, пас агар баъд аз ӯ ҳар киро майл ба издивоҷу имтизоҷи зан афтад, бояд ки дар ин давлатсаро эълон кунад, то аз давлатхона зане номзади ӯ шавад». Мутафаккири равшанфикр бо нафрату надомат зикр менамояд, ки ин “амири бетарбият” дар муносибат бо занон аз сутурон фарқе надошт. Дар корҳои давлатдорӣ бошад, тартиберо ҷорӣ намуда буд, ки касеро духтари дӯшиза набошад, нодон бошад ва мартабаеро сазовор набошад ва агар духтаре дорад, мансаберо ҷӯё бошад, ба он соҳиб мешавад. Чун муродаш ҳосил мешуд ва «чун аз духтарони дӯшизаю бакоратрафта панҷоҳ- панҷоҳ, сад-сад ҷамъ мешуд, ба якбора рамавор бароварда ба ҳар кадом, ки толиб аз аскарию ғайриаскарӣ маҷҷонан мебахшиданд ва боз тараддуди тоза мешуданд». Бо таъкиди  мутафаккир ҳамаи амирони манғития ҳамин рафтору ҳамин ахлоқро доштаанд ва мансабдорону атрофиёнашон низ дар ҳамин сатҳи пасти ахлоқӣ ва муносибати қабеҳона бо занон қарор доштаанд. Мавриди дигар ӯ аз мушкилот ва паёмадҳои ногувори бисёрзанӣ дар ҷомеа нақл мекунад ва мухолифати шаддиди худро ба ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ, ки то замони мо низ боқӣ мондааст, баён  мекунад.Дониш бар ин назар аст, ки нафароне гумон мекунанд, бисёрзанӣ  мутобиқ ба шариат ва суннату ҳадис аст, иштибоҳ мекунанд. Аз назари мутафаккир ин амал ба шароити мавҷудаи рӯзмарра, яъне иҷтимоии он замон вобастагӣ дошт ва онро чун «суннати мусталзими чандин суннати дигар» медонад ва таъкид мекунад, ки он акнун дархури вазъи имрӯза нест ва пеш аз ҳама ҳоли занонро табоҳтар месозад.

  Ҳамин тариқ, нуқтаи назар ва андешаҳои мутафаккири равшанфикр Аҳмади Донишро дар матни ақидаҳои иҷтимоӣ-ислоҳотҷӯии ӯ ҷамъбаст намуда, метавон чунин хулоса кард, ки ин мутафаккири озодфикр дар фалсафаву адабиёти Шарқи исломӣ аз аввалин донишмандонест, ки ба таври мубрам масъалаи мушкилот ва ҳаққу ҳуқуқи занони Шарқро ҳамчун мушкилоти иҷтимоӣ дар мадди назари ҷомеа гузоштааст. Гарчи дар сари ин мавзӯъ дар назариёти Дониш нопайгириҳо ва ноустувориҳое низ ба назар мерасанд ва гоҳе ба ботлоқи мафкураи замонаш фурӯъ рафта, занро сабабгори мусибату бало ва мушкилиҳои ҷомеа медонад, вале боз ҳам хирадгароӣ ва озодандешии худро аз даст надода, ба  асли воқеъияти ин масъала бармегардад. Дар он муҳити тираву тори муносибатҳои феодалӣ мушкилоти иҷтимоии занонро матраҳ намуда, роҳу восита ва усулҳои ислоҳи масъаларо ҷустуҷӯву пешниҳод менамояд. Ӯ баробарии зану мардро эътироф намудаву таъкид доштааст, ки камбудии зан  пеши мард фақат дар “аворизи ҷисмонӣ” аст ва ин асос намедиҳад, ки ҳаққу ҳуқуқи ӯро дар ҷомеа поймол созанд. Ҳамчунин, аз таҳлили ғояҳои иҷтимоии ӯ сари мушкилоти занони аморати Бухоро маълум мешавад, ки ақидаҳои мутафаккир сари ин масъала бар фалсафаи гумманизми иҷтимоии ӯ, ки хусусияти ислоҳотсозиву навоварӣ дорад, асос ёфтаанд.   

 Мирзоев Ғаффор

номзади илмҳои фалсафа, мудири Шуъбаи масъалаҳои

фалсафии дини Институти фалсафа, 

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИ ҶТ

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:

  1. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. - Теҳрон: «Суруш», 1381 ҳ.ш.
  2. Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ. Китоби 1. - Душанбе: Дониш, 1988. - 285 с.
  3. Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ. Китоби 2. - Душанбе: Дониш, 1989. - 339 с.
  4. Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. - Душанбе: Сарват, 1992. - 98 с.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ. - Душанбе, 1994. - 151 с.
  6. Ашуров Г.А., Диноршоев М.Д. О просветитесьской социальной  философии Ахмада Дониша // Известия общественных наук АН РТ, № 3, 1978 г.  
  7. Ҳайдаров А. Афкори педагогии Аҳмад Махдуми Дониш. - Душанбе: “Ирфон”, 2011. - 159 с.

Хондан 81 маротиба