JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 08 Июни 2017 08:11

Нақши адабиёт дар ташаккули шахсият

Муаллиф:

  Адабиёт ҳамчун шакли шуури иҷтимоӣ ва як навъ ҳунар аз бомдоди зиндагии башарӣ   одамиро ҳамқадам буда, ниёзҳои дарунӣ ё ба истилоҳ маънавии инсониятро дар тӯли таърих бароварда сохтааст ва ин раванд то имрӯз идома дорад. Ҳадаф аз адабиёт адабиёти бадеӣ аст, ки тавассути ду қолаби адабиётсоз – назму наср маърифати адабӣ-бадеиро дар низоми зиндагӣ меофарад ва таъмину танзим мекунад. Худовандони олами адабиёт шоирону нависандагонанд, ки дар маҷмӯъ, дар мафҳуми адиб шинохта шуда, барои ҷомеа фазо, муҳит ва масири адабӣ-бадеӣ сохта, ба василаи осори бадеӣ бурду бохтҳои зиндагии инсониро ба риштаи тасвири бадеӣ мекашанд ва саранҷом завқи бадеӣ-эстетикии хонандаро бедор, тақвият, таҳким ва таҳрик медиҳанд.

  Инсоният бошад, аз рӯйи тавонмандии эҷодии худ аз осори адабӣ-бадеӣ истифода мекунад ва камбуду навоқис, дарду ранҷ, яъсу ноумедӣ, шӯру шавқ, ҷуръату ҷасорат, фақру бенавоӣ, меҳру хушнудӣ, некию накукорӣ, ҷабру зулм, армону умед, ростию садоқат, дурӯғу адоват, самимияту  авотиф ва амсоли инҳо барин улгуҳои ботинию равониашро дар ойинаи худнамои адабиёт мебинад ва дар ин масир давра ба давра, марҳила ба марҳила, ба таври тадриҷӣ ташаккулу инкишоф ёфта, симои инсонӣ касб мекунад ва билохира аз қолаби шахс бадар омада, ба дараҷаи шахсият мерасад.

  Дар олами андешаи инсонӣ, хусусан, дар ҳавзаи фарҳангии форсӣ-тоҷикӣ аз қадим то имрӯз адабиёт ҷойгоҳи вижа дорад ва ба инсон дар шинохти комплекси бовару эътиқодоташ кумак намудааст. Адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, махсусан давраи классикӣ чеҳраҳои зиёди адабиро ба ҷаҳони маърифати адабӣ эҳдо намудааст, ки бузургтаринашон Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайёми Нишобурӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳсуб меёбанд. Ин тоифаи адибон, ки бо унвонҳои «Ҳаким», «Мавлоно», «Мавлавӣ» тавассути назму наср масоили ахлоқӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, фикрӣ, динӣ-ирфониро матраҳ намуда, симои инсони воқеиро, ки орӣ аз таассубу хурофот аст, ба намоиш гузоштаанд.

  Аз симоҳои калидии адабиёт ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ Фирдавсӣ маҳсуб аст, ки афкори ӯ дар ташаккули шахсияти хонанда ва умуман, ҷомеаи тоҷикӣ сахт таъсиргузор мебошад. Инсон ба дараҷаи шахсият, қабл аз ҳама,  аз тариқи мутолиоти густурда, ки ба хирадмандӣ меоварад, мерасад. Фирдавсӣ меҳвари андеша ва тасовирро хирад дониста, таъкид кардааст:

              Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,

              Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.

  Фирдавсӣ ҷараёни таназзули фикрию маънавии ҷомеаи тираву тори бостонӣ ва асримиёнагиро дар бехирадӣ ва дурӣ ҷустан аз ақлу мантиқ дониста, тазаккур додааст, ки сабаби бадбахтии қавмияту миллиятҳои гуногун бехирадист ва ҳар қавме, ки баа пояи  хирад зиндагӣ намесозад, саранҷоми бад дорад:

               Ба Яздон, ки гар мо хирад доштем,

               Куҷо ин саранҷоми бад доштем.

  Ҳушдори Фирдавсӣ ба ҷомеаест, ки ба сабаби бехирадӣ ва танофур аз хирадмандӣ, ки пояи шахсиятсозӣ ва ҳайсиятписандист, ҳамеша дар гирдоби хурофоту таассуб афтидааст ва барои баромадан аз он ҳатто ҷаҳду талош ҳам намекунад.  Вақте Мавлоно мегуфт, ки:

                            Худ зи фалак бартарем, в-аз фалак афзунтарем,

  З-ин ду чаро нагзарем, манзили мо кибриёст – мақоми инсонро ҳамчун чеҳраи худойгуна  дар назар дошт. Инсони худойгунаи Мавлоно инсонест, ки дорои шахсияти том буда, дар олам ҷойгоҳи вижа дорад. Ҳарчанд ки сатҳи баланди шеъри Мавлоно мунҳасир ба ирфон аст ва ирфон давоми мантиқии дин ба шумор меояд, дар шинохт, ташаккули шахсият ва ҳайсияти инсон нақши муассир дорад. Дар таърихи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ шеъри Мавлоно қутби шеърияти минтақавӣ маҳсуб меёфт ва дигар ашъор аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи шеъри Мавлоно намерасад, чаро ки  ашъори дигар шуаро бештар ба дар тасвир маҳдуд шуда, қудрату иқтидори каломро ба тахайюлу суханпардозӣ масраф кардаанд.

   Минбаъд масири шахсиятсозӣ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дар эҷодиёти Иқболи Лоҳурӣ густурда мешавад. Иқбол шеърро аз ғуломию бардагӣ, ки рӯҳияи шеъри асри миёнагиро ташкил медод, дар аср ва замони нав халос кард. Аллома Иқбол шеър ва дар ниҳоят, адабиётро бо ҷомеа пайваст ва аз такаллуфу суханбозӣ дурӣ ҷуст, то ҷойе ки:

                Фитрати шоир саропо ҷустуҷуст,

   Холиқу парвардигори орзуст – гӯён рисолати шоирро дар бедор кардани чашми хоболудаи башар ҷамъбаст кард:

                 Ай басо, шоир, ки баъд аз марг зод,

                 Чашми худ барбасту чашми мо кушод.

   Назар ба наср дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ назм мавқеъ ва мақоми баландтар касб кард, чаро ки назм аз эҳсос таркиб ёфта, ҷомеа бештар дар масири  эҳсосу авотиф  қадам мебардорад ва муҳимтар аз ин, пораи эҳсосот аст. Бинобар ин, бештар рӯйи назм ва осори манзум, ки нохун бар пардаи эҳсосоти мардум мезанад, тамаркуз шудааст. Танҳо дар адабиёти муосир раванди нависандагӣ дар симои адибони муосир устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Урун Кӯҳзод, Баҳманёр ва дигарон маҳбубият касб намуд. Дар баробари наср назми муосири тоҷик бо чеҳраҳои Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор рӯйи кор омад, ки намунаи олии суханофарии иҷтимоӣ ба устод Лоиқ Шералӣ марбут аст. Устод Лоиқ шеърро, куллан ба иҷтимоъ пайванд дод ва армони миллӣ дар шеъри ӯ дар сатҳи баланд таҷассум ёфтааст. Шеъри Лоиқ ва дар ҳоли ҳозир шеъргунаҳои устод Бозор шахсиятсоз буда метавонанд ва  ин ду чеҳраи муқаввои фарҳангӣ, адабӣ  ва миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ё ҳадди ақалл дар сатҳи ҳавзаи форсизабонони дунё  адабиёти муосири тоҷикиро муаррифӣ карда метавонанд.

   Маърифати адабӣ-бадеӣ талаботи завқӣ-эстетикии ҷомеа аст ва адибон қонеъкунандаи талаботи зебоиписандии иҷтимоанд. Сатҳи завқу салиқа ва бинишу дониши хонандагон ба сатҳи завқу маърифати нависанда ва шоир бастагӣ дорад. Ҳар қадар маърифат, дониш, биниш ва андешаю завқи адиб баланд бошад, ҳамон қадар маърифати ҷомеа баланд мешавад.

   Андеша, завқ, салиқа, сабки сухан, биниш, маърифат ва зеҳниёти нависандагони машҳури ҷаҳонӣ, амсоли Ҷуброн Халил Ҷуброн, Михаил Нуайма, Муҳаммад Иқбол, Маликушшуаро Баҳор, Содиқ Ҳидоят, Ҷалол Оли Аҳмад, Ҷон Пол Сартр, Албер Камю, Мигел де Унамуна, Достоевский ва дигарон дар бедорӣ ва таҳаввули андешаи ҷомеаҳо нақши калидӣ доштаанд. Адибони мазкур, қабл аз ҳама, файласуф буданд ва на барои як гурӯҳ, ки, дар гузашта, одатан, хосон унвон гирифта буданд, менавиштанд, балки барои тамоми ақшори иҷтимоӣ асар меовариданд. Ин аст, ки нависанда ва файласуфи вуҷудӣ Ҷон Пол Сартр барои хонандаи куллӣ навиштанро аз нависандагону адибон тақозо кардааст. Сухани адиб, агар қурбу манзалати иҷтимоӣ надошта бошад, ба иҷтимоъ хизмат накунад, уқдаҳои иҷтимоӣ, равонӣ, фикрӣ ва ахлоқии ҷомеаро ошкор насозад, дар дилхоҳ вазъ аз мақоми инсонӣ дифоъ накунад, зиндагии инсониро муқаддас, арзишманд нашуморад, аз маргу нестӣ ва мусибати мардумӣ сухан дар миён наорад, дерпо ва мондагор нест ва бо андак вазидани боди шурта (боди мувофиқ) чун хасруба аз қадамҷойи мардумӣ барруфта  мешавад.

    Қатъи назар аз он ки дар шароити имрӯзаи глобалӣ осори бадеӣ хеле кам дархӯри ҷомеа шудааст, нақши иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ ва дар маҷмӯъ, фарҳангии осори манзуму мансури адабиро нодида гирифтан камоли инсонӣ нест.  Адабиёт бидуни фалсафа ва фалсафа бидуни адабиёт дарахти хушкеанд, ки меваи тар ба бор намеорад ва дар сурати рутубати фалсафӣ гирифтани осори манзуму мансури адабӣ меваи он дарахт тару тоза ва ширин мегардад. Беҳуда нест, ки созу барг ва гушту пусти адабиёт фалсафа аст ва мағзи асари бадеӣ дар мазмуну муҳтавои фалсафии он ошкор мегардад. Асари бадеие, ки фалсафаи амиқ надорад, шахсиятсоз ва ҳувиятмаоб буда наметавонад. Ин аст, ки адиби имрӯза, пеш аз ҳама, бояд мутолиаи густурда, биниши илмӣ ва андешаи фалсафӣ дошта бошад, то масири дурусти ҳаракати фикрии иҷтимоъро тай намуда, дар ташаккули шахсияти миллии ҷомеаи тоҷикӣ, ки вазъи шадиди буҳрониро паси сар намуда истодааст, саҳми муносиб бигирад. Сухани адиби имрӯзӣ бояд аз дил барояд, самимият дошта бошад ва аз лафзпардозӣ дурӣ ҷӯяд. Танҳо дар ин сурат он ба дили хонанда медарояд ва тадриҷан ӯро аз як шахси муқаррарӣ ба шахсияти томи иҷтимоӣ бадал мекунад. Ба қавли шоир:

                  Чун сухан аз дил барояд ор нест,

                  Лафзпардозӣ дигар даркор нест.

Ҳамин тариқ:

- адабиёт танҳо дар бастагӣ бо фалсафа маънои воқеӣ пайдо мекунад ва ҳадафрас мешавад;

- адиби имрӯзии тоҷик аз уқдаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ҳарф занад ва меҳвари афкорашро хирад қарор диҳад;

 - хирад мафҳумест, ки дониши зиндаро фаро мегирад, дониши зинда аз зиндагӣ бармехӯрад ва онро ҳамеша, дар ҳама ҳолат арзишманд ва олӣ медонад;

- адиб бояд донад, ки на ба як гурӯҳ хонанда, балки ба хонандаи куллӣ менависад. Бинобар ин, мушкилотеро ба риштаи тасвир кашад, ки ба иҷтимоъ наздик бошад, вазъро гӯшзад кунад, мардумро бедор ва фаъол созад;

- адабиёти имрӯзи мо ба бозор табдил ёфтааст ва мазмуну муҳтавиёти он ба фурӯши маҳсулоти писанди савдогарони бозор  монанд шудааст. Одатан, дар бозор дурӯғ мегӯянд, то молу коло ба фурӯш равад. Савдогар парвои мардум ва ҷайби онро надорад. Дар ин замина, адабиёт ва осори адабӣ ҳам ба завқи бозор мувофиқ шуда истодааст. Ин талафот аст, чаро ки завқи савдогар завқи паст аст. Ин нуктаро ба назар гирифта, Иқбол гуфта буд:

                     Шеваи таҳзиби нав одамдарист,

                     Пардаи одамдарӣ савдогарист.

Аз ин тарзи эҷод эҳтиёт бояд шуд;

- суннати бардасозӣ ва ғуломтабиатӣ дар асарҳои адибони имрӯзӣ низ ҷой дорад ва ин падида рӯз ба рӯз раванди хурофотпарастиии саросарии иҷтимоиро таҳкиму тақвият бахшида истодааст. Адиби муосир ҳанӯз дар бандубасти хурофот қарор дорад ва «худӣ» ва «худогоҳӣ»-ро, ки пояҳои сохтмони шахсиятанд, танҳо дар зерматн ё ба истилоҳ контексти фарҳангу маънавиёти динӣ, хосса, исломӣ матраҳ мекунад;

- адабиёти қудратманд ҷуръат ва ҷасорати иҷтимоӣ ва саранҷом шахсияти чандбуъдӣ месозад. Идея ва ғояҳои созандаи адабиёт, ки дар осори манзуму мансури бадеӣ мунсаҷим мешаванд, ҷомеаро аз дарун дигар мекунанд ва дар сохтмони худӣ нақши калидӣ адо мекунанд. Ғояҳои созанда ва абадзинда дар натиҷаи мутолиоти пайваста, ковишу ҷустуҷӯҳои мудавом, ҷуръату ҷасорати эҷодӣ рӯйи кор меоянд ва барои садсола ва ҳатто ҳазорсолаҳо хидмат мекунанд. 

Нозим Нурзода

Хондан 3694 маротиба