JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Ривоят ҳамчун маъмултарин жанри эҷодиёти бадеии шифоҳии мардумӣ буда, аз ҷиҳати пайдоиш ба давраҳои мухталифи таърихи мансуб аст. Он бо вижагиҳои худ ба ҳайси яке аз анвои насрии адабиёти шифоҳӣ шинохта мешавад. Теъдоди зиёди ривоятҳо ба замонҳои хеле қадим реша меандозанд ва аз ҳамон давараҳо то ба имрӯз аз наслҳо ба наслҳо интиқол ёфта, мавҷудияти худро то имрӯз ба ҳайси як сарвати пурарзиши маънавию фарҳангӣ ҳифз карда омадаанд.

Фалсафаи ҷаҳонӣ аз фалсафаҳои миллӣ таркиб ёфтааст. Фалсафаи миллӣ ҷузъ асту фалсафаи ҷаҳонӣ, кулл. Ин ба ҳама маълум аст.

Мисол: Носири Хусрав дар «Девон»-аш файласуфи миллист ва дар «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» файласуфи ҷаҳонӣ...Биёед дар нукта чун урупоиёни муосир дақиқ шавем:

Сешанбе, 04 Декабри 2018 08:55

Шаъну шукуҳи адабиёти қирғиз

  Аз  он  рўзе, ки устод  Чингиз  Айтматов  аз мо ҷудо  шуду,  ба  олами  дигар  рафт, аллакай  ҳафт  сол  гузаштааст. Вале  мо  имрўзҳо  мебинем,  ки   он озодмарди равшанзамир  давру бари  моро  бо қаҳрамонҳои пур aз ишқу орзуву ошуфтагиҳо чунон  пур  карда будааст, ки гўё  худаш  ҳам  дар  ҳамин  наздикиҳосту алъон  ҳозир  мешавад.

Мо тайи солҳои зиёд бо  Ҷамилаю  Донёр,  Асалу  Илёс, Олтинойу Душан, Тулғанойу  Субҳонқул, Танабойу Ҷойдор,  Бобои  Мумин, Едигей ва  дигарон  бо ҳазорон ҳавасмандиҳо ва сипосгузориҳо шинос шудем. Ҳоло мо бо онҳо мисли ҳамсояҳои дарбадар  ҳастем. Медонем, ки  онҳо одамони бавиҷдон, шуҷоъ ва адолатҷўй  ҳастанд,дўстшон  медорем.  Тавассути  онҳо  нависандаро  ба  таҳсину  муҳаббат  ёдовар  мешавем. 

Сарафрозам аз он ки меҳани ман Тоҷикистон аст, 
Диёри номдорам сарзамини родмардон аст.

Ҳамон тоҷе, ки асли вожаи тоҷик аз он аст,
Далеле аз шукӯҳи тоҷдории ниёгон аст.