JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 (Паёми шодбошӣ ба ифтихори мелоди адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)

   Имрӯз – 20 феврал, дар арафаи ҷашни Артиши миллӣ адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ устод  Ҷамолиддин Саидзода зодрӯз доранд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.

Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо доктори (PhD) дар соҳаи геология Ҷовид Аминов дар мавзуи “Кӯҳҳои Помир ва тектоникаи тахтасангӣ”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

 Номвари гиромӣ,

   Шумо аз ҷумлаи нодиртарин ҷавонони миллат маҳсуб мешавед, ки бо неру ва қудрати баланди фикрию эҷодӣ дар  хидмати илму фарҳанги кишвар камари ҳиммат барбастаед. Новобаста аз синни ҷавонӣ миёни доираҳои илмию фаннӣ, ҳавзаҳои мадани ва муҳити иҷтимоии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидаед. Бо такия ба илму дониши зинда ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ китобу мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр карда, аз ин тариқ дар рушди илми ватанӣ саҳми муносиб гузоштаед.

Панҷшанбе, 01 Феврали 2024 11:27

Мафкураи миллӣ ва шароити имрӯзӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, пажуҳишгари масоили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Нозим Нуров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзуи «Мафкураи миллӣ ва шароити имрӯзӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

Саҳифа аз 3 то 187