JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 18 Апрели 2018 06:51

Шаҳри илму хирад

Муаллиф:

 Оянданигарии илмӣ дар мавзӯи фарҳанг, иқтисод, шаҳрсозӣ, омӯзишу парвариш ва дигар паҳлуҳои зиндагии башар, дар таҳқиқотҳои илмии муҳандис ва футурологи амрикоӣ Жак Фреско, ки «Лоиҳаи Венера» 69 ном дорад пешкаши ҷаҳониён шуда аст. Маркази таҳқиқотии лоиҳа дар мавзеи Венуси Иёлоти Флоридаи ИМА ҷойгир аст ва аз соли 1975 амал мекунад. Дар ин марказ сабабҳои мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян карда шуда таҳқиқотҳои илмӣ барои ҳалли онҳо гузаронида мешавад.

 Буҳронҳои иқтисодӣ, ҷангҳо, фақр, гуруснагӣ, норасоии ғизо ва дигар мушкилоти башар, ки натиҷаи низомҳои нодурусти иқтисодӣ ва фарҳангҳои ҷорӣ мебошад, Жак Фрескоро водор карда, то дар асоси илм, захираҳои ҷаҳонӣ ва тавоноии инсон алтернативаи дигаре пешниҳоди башар кунад. Ӯ боварӣ дорад, ки танҳо бо изҳори норозигӣ кардан, бе пешниҳоди алтернатива ҳеҷ чиз иваз намешад.
Жак Фреско лоиҳаи Венераро як низоми мукаммали иҷтимоӣ-иқтисодӣ мешуморад, ки дар он автоматизатсияи технологияҳо дар ҳама соҳаҳо, бохирадона, ба мақсади болобарии сатҳи зиндагии мардум ҷорӣ мешавад, на ба мақсади даромади пул. Даромад дар ин низом дигар мақсади асосӣ нест. Чунки дар низом пул нақше надорад. Ҳамчунин, дар ин лоиҳа маҷмӯи арзишҳои нави инсонҳо пешниҳод карда шудааст ва Жак Фреско онҳоро амалишаванда мешуморад.
Дар назар аст, ки пурра дар амал татбиқ кардани ин лоиҳа ба инсоният имкониятҳои зиёде медиҳад, ки ҷаҳонро ба асри нави оромӣ ва рушди муътадил оварда мерасонад. Аммо қисман иҷро кардани он натиҷа нахоҳад дод, балки бо такрори хатогиҳои пешина оварда мушкилотро дучанд месозад.
Муаллифи лоиҳа ҷомеаи моддигаро ва дар асоси пул амалкунандаи имрӯзаро асосан нодуруст мешуморад ва низомҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷориро сабабгори асосии беадолатӣ ва мушкилоти имрӯзаи башар медонад. Вай алтернативаи ин низомҳоро дар лоиҳаи худ пешниҳод мекунад, ки дар он ҳамзистии бохирадона ва ояндадори инсон, технологияҳо ва табиат таъмин аст. Имрӯз башар дониш, таҷриба, технология ва тавонии сохтани як ҷомеаи комилан навро дорост. Ҷомеаи наве, ки дар он ҷангҳо, фақру гуруснагӣ, қарздорӣ ва ранҷҳои беасоси инсонҳо на танҳо бартарафшавандаанд, балки тамоман аз миён мераванд.

 Жак Фреско дар китоби электронии худ «Лоиҳакашии оянда» менависад: ―…бо технологияи имрӯза мо метавонем аксари мушкилоти иҷтимоиро ҳал бикунем. Магар технологияҳои муосир наметавонанд ғизо, либос, манзил ва дигар лавозимоти моддиро барои ҳар як инсон таъмин бикунанд, дар ҳоли истифодаи бохирадонаи онҳо? Барои расидан ба ин мақсад чӣ ба мо халал мерасонад? Технологияҳо босуръат пеш мераванд, аммо ҷомеаи мо ҳоло ҳам домони қоидаҳо ва усулҳои садсолаҳо пеш дастрасшударо раҳо намекунад.
Жак Фреско иддао мекунад, ки ҷаҳон аз захираҳои табиӣ ва энергетикӣ бой аст ва бо ёрии технологияҳои муосир ва истифодаи оқилонаи онҳо, метавонад талаботҳои ҳамаи аҳолии заминро пурра таъмин намояд. Ӯ мегӯяд, ки низоми пулӣ, ки дар он ҷомеаи муосир сохта мешавад, нодуруст аст ва бешак ба нобудӣ бурда мерасонад. Ҳамин низоми пулӣ аст, ки намегузорад то молу маҳсулот ба ҳаҷмӣ лозима дастрас бошад. Агар чизе бисёр шавад ва дастраси ҳамагон бошад, онро дигар фурӯхтан натавон, ба монанди ҳаво. Агар мақсад аз истеҳсоли молу маҳсулот фурӯши он бошад, ҳалли мушкили норасоии онҳо номумкин мегардад, чунки агар норасоӣ пурра бартараф шавад, мисол энергия аз ҳад зиёд бошад, онро фурӯхтан ва фоида ба даст овардан мушкил мегардад. Бинобар ин, дар низоми пулӣ бартараф кардани норасоиҳо ба манфияти истеҳсолкунандагон нест ва дар ин шароит мушкилоти норасоии ғизо, либос, манзил ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум ҳеҷ гоҳ ҳали худро нахоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ҷонибдорони лоиҳаи Венера дар ин андеша ҳастанд, ки барои башар лозим аст, ки ба ҷойи истифодаи босамари пул, андешаи истифодаи босамари захираҳои ҷаҳониро бикунад. Ба ҷойи иқтисоди дар асоси пул амалкунанда, иқтисоди мабнӣ бар манобеъро ҷорӣ бикунад.

  Ҷорӣ кардани иқтисоди мабнӣ бар манобеъ, ки ба манфиати тамоми аҳолии кураи замин аст, метавонад мушкилоти ҷинояткорӣ, фақру гуруснагӣ, беманзилӣ ва бисёр дигар мушкилоти имрӯзаи инсонро ҳал бикунад.
Иқтисоди мабнӣ бар манобеъ-низомест, ки дар он ҳама молу маҳсулот ва хизматрасониҳо бе истифодаи ягон муомилаи молию пулӣ дастраси ҳамагон аст. Иқтисоди мабнӣ бар манобеъ танҳо дар ҳолате имконпазир мегардад, ки ҳама захираҳои табиии ҷаҳон моли умумибашарӣ эътироф шаванд.
Мақсади асосии ин низом, бо дар назардошти захираҳои ҷаҳонӣ, бо як нақшаи умумиҷаҳонӣ, пурра таъмин кардани талаботҳои аҳолии замин мебошад. Маълум аст, ки ҳама мушкилиҳои ҷомеа аз норасоиҳо сар мезананд. Норасоӣ аст, ки инсонҳоро ба ҳирсу оз, ба ҷиноят, ба ҷангҳои хунин барои дастрасӣ бар манбаъҳо мебарад. Дар назар аст, бо рафъи норасоиҳо ва дастрасии баробари ҳама аҳолии кураи замин ба молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, ин мушкилиҳо худ аз худ нобуд мешаванд. Вақте ғизо, либос, манзил ва дигар талаботи одамон таъмин аст, онҳо вақти худро барои пурсамар гардонидани меҳнаташон сарф мекунанд ва малакаю маҳорати касбии худро боло мебаранд.
  Дар низоми иқтисодии ҳозира зарур аст, ки барои муътадил мондан ё рушди иқтисод, молу маҳсулот пайваста истеҳсол шуда ба фурӯш раванд. Ба ин хотир молу маҳсулот махсус сохта мешаванд, ки дар баробари тамом шудани муҳлати кафолаташон вайрон мешаванд ва онро аз сари нав бояд харид. Ин низом боиси хароҷоти нобихрадонаи манбаъҳои табиӣ ва энергия мегардад, ки оқибаташ ҷуз буҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва муҳити зистӣ нест. Дар низоми иқтисоди мабнӣ бар манобеъ ин хатарҳо вуҷуд надоранд. Ин низом истифодаи нобихрадонаи захираҳо ва энергияро аз миён мебарад ва боиси истифодаи дурусти манбаъҳо мегардад. Коркард ва истеъмоли захираҳо, ки танҳо ба мақсади қонеъ кардани талаботи рӯзмараи инсонҳо аст, на барои ҳар чи зиёдтар пул кор кардан, исрофи зиёдатии захираҳоро аз миён мебарад.
  Ин ҷо пурсише пеш меояд, ки дар ҳоли дастрасии озодона доштан ба ҳама маҳсулоти ниёзашон, чӣ чизе метавонад омили таҳрикдиҳанда барои меҳнат кардани одамон шавад? Оё дар ин ҳолат одамон танбал намешаванд? Жак Фреско ба ин пурсиш посухи худро дорад. Ӯ мегӯяд, ки дар ҳоли аз ҳама чиз таъмин будан ҳам мағзи одам аз кор кардан намемонад. Вагарна миллионерон дар як ҷо менишастанд ва ҳеҷ кор намекарданд. Аммо чунин нест. Миллионерон дар як шабонарӯз 18 соат кор мекунанд ва доимо вақташон намерасад. Чунки онҳо мақсадҳои худро доранд. Дар низоми иқтисоди мабни бар манобеъ ҳам дар назди одамон мақсад ва вазифаҳои шавқовар гузошта мешавад, ки одамон бо ҳавас онҳоро иҷро мекунанд ва аз натиҷаи кори ҳуд эҳсоси шодмонӣ мекунанд. Ҳанӯз аз замони мактабхонӣ кӯдаконро дар рӯҳияи эҷодкорӣ илмомӯзӣ ва навсозӣ тарбия мекунанд ва дар ҷомеа рангорангиро бар якрангӣ тарҷеҳ медиҳанд. Фардият ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар инсонҳо майли эҷодкорӣ ва ихтироъкориро зиёд мекунад. Ҳар қадар дониши инсон аз ҷуғрофия, астрономия, химия, биология зиёд бошад, ҳамон қадар кор барои онҳо шавқовартар мешавад ва дар ин илмҳо инсоният ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегарад. Ин ҳама омилҳои таҳрикдиҳанда барои кор кардан мегардад.

  Дар лоиҳаи Венера тарҳҳои сохтмони шаҳрҳои оянда дар хушкӣ ва баҳрҳо вуҷуд доранд, ки дар асоси ин тарҳҳо шаҳрҳои оянда бо ёрии илм ва технологияҳо, шаҳрҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва камхарҷ мешаванд. Ҳам намуди зоҳирӣ ва ҳам дарунии ин шаҳрҳо аз шаҳрҳои имрӯза ба куллӣ фарқ мекунанд. Ҷузъиёти бештарро дар бораи ин шаҳрҳо метавон аз сомонаи www.thevenusproject.com дастрас кард. Дар филми мустанади таҳиянамудаи Роксана Медоус «Биҳишт ё нобудӣ» ҳам метавон дар бораи ин шаҳрҳо ва лоиҳаи Венера маълумотҳо дастрас кард. Агар ба хисороте, ки инсон ба муҳити зист расонида ва мерасонад, оқилона назар кунем, аён мегардад, ки дур нест рӯзе, ки одамизод ба нуқтаи бебозгашти нобудии худ бирасад. Қонуну қоида ва фарҳангҳои пеш дигар наметавонанд мушкилоти инсони асри XXI-ро ҳал бикунанд. Барои мо тарҳи нав лозим, тарҳе ба монанди лоиҳаи Венера, ки дар он зиндагӣ аз рӯйи хирад бошад, корҳо дар асоси илм ва бар манфияти ҳамагон бошанд, технологияҳо танҳо барои созандагӣ истифода шаванд, манбаъҳо моли умумибашарӣ эълон шаванд, тақсимоти баробар ва боадолатонаи онҳо таъмин бошад ва муҳити зист ҳамаҷониба ҳифз карда шавад. Илм, технология ва дороии имрӯзаи ҷаҳон имкон медиҳад, ки одамизод он шаҳри илм ва хирадро бисозад ва ояндаи дурахшони худро таъмин бикунад. Ҳоло интихоб дар дасти худи мост. Ё мо боз ҳам пойбанди ҳамон фарҳангҳои куҳна, суннатҳо, хурофотҳо ва андешаву боварҳои куҳнаи худ мемонем ва бо ин роҳ ояндаи худро зери хатар мемонем. Ё ин ки мо арзишҳои навро қабул мекунем, ки ба талаботҳои имрӯз ҷавобгӯ бошанд ва дар он имкониятҳои бештар ва озодиҳои бештар барои инсон таъмин бошад ва бо ин роҳ ояндаи хубе барои худ ва фарзандони худ хоҳем сохт.

Меҳр СОБИРИЁН

Бозорбой ИБОДОВ

Ходимони илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ

Хондан 1730 маротиба