JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Наврӯзи бостонӣ ва марҳилаҳои худшиносии миллӣ

(мулоҳизаи муқаддамотӣ)

  Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлил қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва гиромии таърихи фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мадид суннану хасоиси Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд.

Панҷшанбе, 15 Марти 2018 04:11

Чашмони наврӯзӣ

Чашмони наврӯзӣ

 Аз нигоҳи сабзчашме дар ҷаҳони ишқи ман,

Лолаву себарга мерӯяд саропо сабзранг.

Дар ҷаҳони ошиқӣ, оҳанги якрангӣ хатост,

Шукри ин чашмон, ки мебинам навоҳо сабзранг.

Дунёмадорӣ ва ояндаи низоми давлатдории миллӣ

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни кори маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар мавзӯи ««Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ»)

  Санаи 13 марти соли ҷорӣ, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Ҷаҳони андеша» бо ҳузури муаррих, шарқшинос ва исломшиноси тоҷики муқими Руссия, доктори илми таърих, профессор Раҳимбек Бобохонов доир гардид. Дар маҳфил гузориши устод Раҳимбек Бобохонов дар мавзӯи «Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ»  мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.

Сешанбе, 13 Марти 2018 03:30

Физологияи инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Физологияи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.